Агар масале, ки «соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост» рост бошад, баҳори адолат имсол дар Тоҷикистон бисёр сард омадааст.
Наврӯзи имсол дар Тоҷикистон бидуни ҳузури «Бонуи аввали шеъри тоҷик», Гулрухсори Сафӣ, таҷлил шуд. Садои бону Гулрухсор, ки аз расотарин садоҳои дохили кишвар буда имсол дар барномаҳои Наврӯзӣ дар шабакаҳои телевизионӣ мисли солҳои қабл ҷо надод.
Ӯ дар гуфтугӯи тасвирие, ки бо бахши тоҷикии радио Аврупои Озодӣ дошт, гуфт имсол аз ӯ даъват нашуда то дар ҷашнҳои Наврӯзӣ ширкат кунад. Хонум Гулрухсор дар ин сӯҳбат аз гарон шудани истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ва афзоиши қимати интернет ва сустии суръати он интиқод кард.
Тарҳи бист дарсад афзоиши қимати интернет дар Тоҷикистон бисёре аз равшанфикрони тоҷикро нигарон кардааст. Ин тарҳ дар замоне матраҳ шуда, ки пас аз ноумедӣ аз бозгашт ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон, теъдоди сайтҳои тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли рушд аст. Ин сайтҳо умдатан бо хатти кириллӣ ё бо ҳар ду хат; кириллӣ ва хатти форсӣ ба фаъолият идома медиҳанд ва хабару гузоришҳоеро мунташир мекунанд, ки дар расонаҳои дохили кишвар ҳамвора аз қалам афтодааст ё иҷозаи матраҳ шуданро надоранд.
Парлумони Тоҷикистон ҳамчунон дар ҳоли баррасии мавзӯъи гарон кардани интернет дар дохили кишвар аст. Аммо агар ин тарҳ ба тасвиб бирасад, метавонад бар иртиботи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷаҳон таъсир гузорд ва ин иртибот беш аз пеш коҳиш ёбад.
Эҳтимоли сиёсӣ будани ангезаи матраҳ сохтани ин мавзӯъ зиёд аст. Тайи чанд соли гузашта, давлати Тоҷикистон ҳамвора талош карда равшанфикрони тоҷикро, ки дар Маскав иқомат гузидаанд, берун кунад то садои интиқодҳои онҳо ба гӯши ҳамватанонашон нарасд.
Теъдоди зиёде аз шоирон ва нависандагони тоҷик аз кишвари Олмон тақозои паноҳандагӣ кардаанд ва парвандаи онҳо аз ҷониби давлати Олмон пазируфта шудааст. Тоҷикистон рӯз то рӯз теъдоди чеҳраҳои озодии баёни дохили кишварро коҳиш дода ва онҳоро маҷбӯр ба тарки кишвар кардааст.
Як намунаи ахир аз ин равшанфикрон Зафари Сӯфӣ аст. Ӯ, ки чаҳор маҷмӯа шеъри иҷтимоӣ интишор додааст, сардабири сайти «Озодгон» буд, ки сол 2017 пас аз фишорҳои давлат ба фаъолияти худ хотима дод ва пас аз ду соли иқомат дар Маскав, маҷбӯр ба тарки кишвари Русия шуд.
Дар сӯҳбате, ки бо Зафари Сӯфи доштам гуфт, пас аз онки чандин бор «дархостҳои сокит нишастан» — ро рад карда, «таҳдиди ҷонӣ» шуда, ки ниҳоятан ӯро ба тарк кардани Русия водоштааст. Ӯ, ки муваққатан дар Аврупо ба сар мебарад бо кӯмакҳои ҳуқуқии Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз яке аз кишварҳои Аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардааст.
Хабари ихроҷи ӯ аз Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон яке аз хабарҳои доғи ин рӯзҳо дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон аст ва оқои Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ки ин хабарро дӯстонаш дар сафҳаи фейсбукии Ато Мирхоҷа, муовини Иттиҳодияи нависандагон, хонда ва ӯро мутталеъ кардаанд. Далели ихроҷи ӯ аз ин иттиҳодияи давлатӣ «ноҳамхон будани дидгоҳҳои иҷтимоии ӯ бо дидгоҳи давлат ва иттиҳодияи нависандагон» унвон шуда ва ин тасмим дар ҷаласаи умумии ин созмон гирифта шудааст ва ба назар мерасад, ки аксарияти аъзои ин созмон ба он раъйи мусбат додаанд.
Яке дигар аз мавзӯъҳои доғи ин рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикон сӯҳбати видеоии Ҳошим Гадо, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик аст, ки бо шикоят аз вазъи молии худ эълом карда бист сол аст ҳуқуқи бознишастагии ӯ тағйире накардааст. Ў дар ин видео мегӯяд, ки моҳона 700 сомонӣ дарёфт мекунад. Ин маблағ баробар бо 75 доллари амрикоист.
Ҳошим Гадо, яке аз шинохташудатарин ҳунарпешаҳои тоҷик дар даврони Шӯравӣ аст ва аз нақшҳои маъруфи Ӯ бозӣ дар нақши Сӯҳроб дар сериали «Шоҳнома» аст.
Гузашта аз вазъи бади молии чеҳраҳои тоҷик ва рӯз то рӯз маҳдудтар шудани фазои озодии баён дар Тоҷикистон, нуктаҳои нигаронкунандаи дигар дар арсаи адабиёти ин кишвар заволи роҳҳои шинохти истеъдодҳои ҳунарӣ ва адабӣ аст. Дар ҳоле, ки нависандагони чирадаст ва бузургони адабиёт аз саҳна ронда мешаванд ва танҳо адабиёти давлатӣ ҳукумат мекунад, дар тамоми мадориси кишвар низ ҳеҷ навъ барномае, ки мушаввиқи насли оянда ба ҳунар ва нигориш бошад ба назар намерасад. Давлат пас аз интиқодҳои шуморе аз аҳли қалам мусобиқае барои китобхонӣ роҳ андохт, бидуни онки талоше барои иртиқои он анҷом диҳад ва ночор ин мусобиқа ба шакле сатҳӣ ва намоишӣ баргузор шуд. Ба илова, мусобиқа маҳдуд аст ба хондани китобҳое, ки дар даврони Шӯравӣ мунташир шудаанд ё бо таъйиди давлат ва аз сӯи нависандагони пасошӯравӣ нашрёфта, ки саршор аз худсонсурӣ аст.
Аз замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Қонуни асосии кишвар тағйирот ворид кард ва давраи раёсати худро тамомулумр карда, фишорҳо ба равшанфикрон ва рӯзноманигорон афзоиш ёфтааст. Бо вазъи кунунӣ роҳи тағйироти сиёсӣ масдуд шуда ба назар мерасад.
Ба ҳамин далел ба назар мерасад, ки давлат барои фароғати хотирҷамъии худ дар ин муддат талош карда мунтақидонро сокит нигаҳ дорад ва чеҳраҳоеро, ки кӯчактарин қобилияти табдил шудан ба рақиби сиёсӣ доранд, аз кишвар берун кунад ва онҳоеро, ки садои расо доранд ва бо вуҷуди ҳама таҳдидҳо интиқодҳои худро идома медиҳанд, аз мардум дур нигаҳ дорад ва аз сӯи дигар роҳҳои иртиботро маҳдуд кунад.
Маҳдуд кардани интернет низ дар ростои ин сиёсат аст ва баробар бо бастани дарҳои ҷаҳони берун ба рӯйи мардуми дохил метавонад таъбир шавад, то садои он чеҳраҳои тоҷикро, ки пой ба марзҳои Аврупо расондаанд ва ҳол озодона метавонанд назар ва андешаҳои сиёсии худро баён кунанд, хомӯш кунад.
Ин вазъият барои бисёре аз тоҷикон тозагӣ надорад, миллионҳо тан аз шаҳрвандони тоҷик ҳанӯз саркӯбҳои даҳаи 30 — мелодии сталиниро фаромӯш накардаанд, ҳарчанд аз он даврон дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон дар ин солҳо камтар ёд мешавад. Аммо мардум мавҷи табъиде, ки Сталин бар чеҳраҳои форсизабони Осиёи Миёна таҳмил кард ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш накардаанд. Нигаронкунанда он аст, ки ҳамчунон аксарият сукут пеша мекунанд.
Давлати Тоҷикистон метавонад ба ҷойи сиёсатҳои маҳдудкунанда бо мардум ва равшанфикрони миллат, ки дар амал садои воқеӣ ва ҳақиқии мардуманд гуфтугӯ кунад, зеро бар асар адами чунин таомулот, тағйироти зерипустие рушд хоҳад ёфт, ки маҳори он сол то сол душвортар хоҳад шуд.
Шаҳзода Самарқандӣ, рӯзноманигор
Бознашр аз бахши форсии Бибисӣ
↧
Мавҷи саркӯбҳои ҷадиди равшанфикрон дар Тоҷикистон
↧