Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Наимҷон Самеев ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд

$
0
0

Наимҷон Самеев, машҳур ба домулло Наимҷон, собиқ роҳбари шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ба 15 соли маҳрум аз озодӣ маҳкум шуд.

Мурофиаи судӣ, ки имрӯз 9 апрел дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд, пушти дарҳои баста гузашт, ягон нафар пайвандони судшаванда ба мурофиа роҳ наёфтанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки Наимҷон Самеев ба 27 соли маҳрум аз озодӣ маҳкум карда шавад, аммо суд ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.

Абдурашид Самеев, писари домулло Наимҷон ин хабарро ба Паём таъйид карда гуфт, ки аз хешу табор ва пайвандон касоне, ки ба боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд ба хотири ширкат дар мурофиа омада буданд, ҳатто ба шунидани қироати ҳукм роҳ дода нашудаанд.

“Мурофиа, ки дар боздоштгоҳ баргузор шуд, бидуни иштироки пайвандон, пушти дарҳои баста гузашт. Мо ба ин қарор розӣ нестем. Падари ман бегуноҳ аст. Бояд озод карда шавад. Ҳатман нисбати ин қарори суд, ба зинаҳои болоии қазоӣ шикоят хоҳем бурд”. — таъкид кард Абдурашид Самеев.

Самеев  Наимҷон Абубакрович, мутаваллиди соли 1962 аз соли 2008 то 2013 масъулияти раёсати шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд, сипас то соли 2014 бахши ноҳиявии онро раҳбарӣ кардааст. Наимҷон Самиев солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст. Соли 2014 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, то боздошташ дар Русия ба сар мебурд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>