Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Авфи пешво”: қисме дар озодӣ, қисме дар зиндон

$
0
0

Мақомоти Тоҷикистон садҳо нафар фаъолони сиёсиву диниро бо ваъдаи авф ба кишвар баргардонидаанд. Қисмате аз онҳо баъди баргаштан дар экранҳои телевизион зуҳур мекунанд ва дигаронро ҳам бовар мекунонанд, ки кишвар тинҷиву оромист, дар ҳоли обод шудан аст, касе ба касе кор надорад. Расонаҳо ҳам, чӣ давлативу чӣ ғайридавлатӣ бештар дар бораи ҳамонҳое мегӯянд, ки дар телевизион зуҳур кардаанд. Аммо як гурӯҳи бузурги дигар аз таваҷҷӯҳи расонаҳо дур мемонанд ва тақдирашон ҳам маълум нест. Оё онҳо воқеъан “авф” шудаанд ва дар озодӣ қарор доранд?

Дар асл, “авфи пешво” як доме аст, ки мақомот тавонистаанд нафарони зиёдеро ба он афтонанд. Бо бовар кардан ба таблиғоти телевизионӣ ва мушоҳидаи “авф”-и чанд кас, нафарони зиёде ба кишвар баргаштаву барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумлаи ин фиребхӯрдагон тоҷикони муқими кишвари Миср ҳастанд, ки даҳҳо нафарашон гирифтори ин дом шудаанд. Ин мавзӯъи як таҳқиқоти тӯлонӣ ва алоҳида аст.

Таҳқиқоти Паём нишон дод, бештари онҳое, ки бо ваъдаи авф ба кишвар баргашта ба доми мақомот афтодаанд, онҳое ҳастанд, ки “гурезагони танҳо” будаанд. Яъне онҳое, ки ба ҳеҷ гурӯҳ, ҳизб, ҷараёне рабт надоранд. Чун бозгашт ва тақдири ояндаи  онҳоро касе пайгирӣ намекунад, ё агар пайгирӣ ҳам карданд аз расонаӣ карданаш метарсанд.

Нақши волидони гурезаҳо низ дар баргашти фарзандонашон зиёд аст. Мақомот зимни вохӯриҳои зиёд онҳоро бовар мекунонанд, ки фарзандашон авф шудааст ва бояд баргардад. Дар сурати барнагаштан замони авф тамом мешавад ва ӯ дубора дар рӯйхати ин дафъа вазнинтари ифротиҳо қарор мегирад. Аз як тарафи шавқи дидори фарзанд, аз тарафи дигар ваъдаҳои зиёди мақомот волидони бечораро водор месозад болои фарзандонашон фишор оваранд, то онҳоро баргардонанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём ба дӯши ҳар мақоми маҳаллии интизомиву амниятӣ ду нақша гузошта шудааст, ки бояд иҷро шаванд: баргардонидани адади муайяни фаъоли динӣ ё сиёсӣ ва кашфи адади муайяни ифротгарову террорист. Ҳамин нақша аст, ки гурезагони ба ватан баргаштаро ба ду гурӯҳ тақсим мекунад — гурӯҳе тибқи нақшаи аввал авф мешаванд ва гурӯҳе тибқи нақшаи дуввум ифротгарову террорист муаррифӣ шуда, ба зиндон мераванд.

Яке аз охирин намунаҳои ин нақша боздошти имоми собиқи масҷиди марказии ноҳияи Спитамен Исмоилов Мирзоқосим Ҳомидовичи 37 сола аст. Ӯ чанд сол ҳамроҳ бо амакаш имоматии масҷиди марказии ноҳияи Спитаменро ба дӯш дошт. Чун аз ҷавонони таҳсилкарда ва огоҳ буд, соли 2013 бо амакаш аз мақомашон барканор шуданд. Соли 2015, баъди боздошти чандин уламои динӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, тарки Тоҷикистон кард ва ба Русия рафт.

Соле пас дӯстонаш хабар доданд, ки дархости истирдодаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба Русия фиристода шудааст ва бояд ҳарчӣ зудтар онҷоро тарк кунад. Маҷбур шуд ба Туркия биравад. Аммо Туркия ҳам ба истирдоди гурезагони тоҷик оғоз кард ва лозим донист ба Қирғизистон биравад. Онҷо якуним сол монд, то замоне ки волидонаш талаб карданд баргардад.

Мақомоти пулис ва амниятии ноҳияи Спитамен волидони Мирзоқосим Исмоиловро бовар кунониданд, ки ӯ авф шудааст. Ҳарчанд худи ӯ бовари чандоне ба ваъдаи мақомот надошт, баъди пофишориҳои зиёди волидонаш маҷбур шуд ба кишвар баргардад.

Аммо баробари баргаштан боздошт шуд ва инак як моҳ аст, ки дар боздошгоҳ қарор дорад. Тибқи иттилоъи манбаъ, парвандааш ба додситонӣ рафтааст.

Чанд рӯзи аввали баргашташ волидонаш тавонистанд ба дидорбиниаш раванд, аммо баъдан иҷозаи вохӯириро ҳам надоданд. 20-25 рӯз волидонаш ҳеҷ хабаре аз фарзандашон надоштанд. Манбаъ мегӯяд зоҳиран сабаби надодани иҷозаи вохӯрӣ пинҳон кардани шиканҷаҳое буд, ки алайҳи Исмоилов ба кор гирифта мешуд.

Мақомоти пулис ва амнияти ноҳия, ки волидонашро бовар кунонида буданд авф шудааст, акнун китф дарҳам мекашанд, ки кор аз дасташон рафтааст.

Намунаи дигари фиреби авф яке аз размандагони собиқи нерӯҳои мухолифин аст, ки ӯ ҳам пас аз фишори зиёди волидонаш бо ваъдаи авф ба кишвар баргашт. Бо хоҳиши манбаъ аз ифшои номи ӯ худдорӣ мешавад. Ӯ ҳам баробари бозгашт боздошт шуд ва зери шиканҷаи шадид қарор гирифт. Тибқи иттилоъи манбаъ тавонист бо пардохти 80 000 доллар озод шавад, аммо ҳақи берун шудан аз кишварро надорад.    

Нафарони зиёде аз навоҳии гуногуни кишвар бо ҳамин ваъдаҳо баргаштаву ба доми мақомот афтодаанд ва ҳоло ё дар зиндон қарор доранд ва ё бо пардохти маблағҳои ҳангуфт дар озодии нисбӣ мондаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>