Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳукумат стротежии миллии рушдро ҳам пушти по зад

$
0
0

Боло бурдани қимати интернет хилофи стротежии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Яке аз бандҳои ин стротежи, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, таҳти рақами  636 тасдиқ шудааст, “раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ” мебошад.

Аз ҷумлаи ин барнома “ташаккули сиёсати дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаи интернет” аст, ки дар тафсири банди фавқуззикр қайд шудааст.

Дар барнома омадааст:

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030)

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ.

Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерин барои 15 соли минбаъда муайян шудаанд:

1. Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

2. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Дар шарҳи банди дуюми ин барнома, яъне “ Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ” омадааст:

(2) Дар бахши телекоммуникатсия:

— ташаккули сиёсати дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаи интернет вахизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, ки метавонад дар раванди хизматрасонии ҷамъиятӣ ва идоракунии самарабахш нақши муҳимро бозад;

— тавсеаи фарогирӣ бо хизматрасониҳои алоқа;

— тақвият додани рақобатпазирии бозори ватании телекоммуникатсия ва густариши ояндаи он дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассутиазхудкунии иқтидори транзитӣ ва телекоммуникатсионии кишвар;

— фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди хатҳои нурию нахии алоқаи (ХННА) байниминтақавӣ ва фаромарзӣ;

— таъмини истифодаи инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ ва шабакаҳои барқӣ ҷиҳати тақвият бахшидани инфрасохтори фаромарзии телекоммуникатсионӣ;

— фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати рушди шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии паркҳои технологӣ.

Ҳоло бахши телекомуникатсия дар Тоҷикистон ба поёнтарин сатҳи худ расидааст ва барномаи “табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ”-ро метавон фаромӯш кард. Ҳамсоякишварҳо бо гомҳои устувор кайҳо аз мо барои солҳо пеш гузаштаанд ва расидан ба онҳо меҳнат ва солҳои зиёдро мехоҳад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles