Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кабирӣ: Боло бурдани нархи интернет ба нафъи як нафар ё гурӯҳ аст

$
0
0

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи навбатии онлайнӣ, шоми 17-уми апрели соли ҷорӣ дар мавзӯъи сабабҳои боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллӣ ва ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки қарори боло бурдани нархи интернет дар кишвар як амали ғайриқонунӣ буда, он бар зарари миллат ва давлат аст. “Ҳукумати Тоҷикистон метавонист мустақилона қарори расмӣ қабул карда, болоравии нархи интернетро роҳандозӣ намояд. Аммо, чун ин амали ғайриқонунӣ аст, ҳукумат нахост он ба номи худаш сабт шавад. Аз ин хотир ҳукумат ин қарорро аз тарафи яке аз зерсохторҳояш амалӣ кард”, — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) роҳандозии чунин карорро берун аз салохияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон медонад. Мутобиқи қавонине, ки парлумони Тоҷикистон қабул кардааст, муҳимтарин вазифаи ин хадамот дар Тоҷикистон, Русия ва ё ҳар кишвари дигар ин аст, ки як нафар ё ширкат бозору тиҷоратро набояд инҳисор карда, нархномаро худаш таъин намояд.

“Хадамоти зиддиинҳисорӣ он замоне метавонист дахолат кунад, ки агар яке аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бозорро инҳисор карда, худсарона нархномаро мушаххас мекард. Дар сурате, ки ширкатҳои мобилӣ нархномаи як доштанду онро риоя мекарданд, пас, бармеояд, ки хадамоти зиди инҳисориро ба ин кор маҷбур кардаанд”, — таъкид мекунад роҳбари ПМТ.

Раиси ҲНИТ мегӯяд, ки боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон бештар далелҳои молӣ дорад, то ин ки иқтисодӣ.

“Қарорҳои иқтисодӣ хеле васеътар ҳастанд. Иқтисод танҳо пул нест. Иқтисод фароҳам овардани шароит аст ва ба қарорҳое рабт доранд, ки дар дарозмуддат натиҷаи мусбат бидиҳанд. Вале, ин қарори мазкур зарар хоҳад дошт, ки асари онро миллат ва давлат мебинад. Аз ин хотир боло бурдани нархи интернет танҳо далели молӣ дошта метавонад. Гурӯҳе, нафаре ба хотири даромади бештар ба ин амал даст зад. Аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоидаи иқтисоди кишвар нахоҳад буд, ки сабабҳояшро мутахассисон хеле хуб ишора кардаанд”. — шарҳ дод Кабирӣ

Роҳбари ПМТ ҳамчунин гуфт, ки амали мазкур метавонад идомаи ҳамон сиёсати иқдоми қадам ба қадам муфлис кардан ва соҳиб шудани тамоми тиҷорату бозорҳо дар Тоҷикистон бошад. Ба боварӣ Муҳиддин Кабирӣ солҳост, ки ҳукумати Тоҷикистон бозору тиҷоратҳое, ки камтарин даромадро доранд, аз дасти тоҷирону шаҳрвандони мустақил гирифта, онро дар ихтиёри як хонавода медиҳад.

Бино ба қарори нави Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи Интернет аз имруз 18- уми апрели соли 2019 аз ду то ҳашт баробар гарон шуд. Агар дирӯз нархи як гигабайт Интернет аз 30 то 35 ва 8 гигабайт аз 60 то 65 сомонӣ буд, имрӯз он 1 Гб 62 сомонӣ ва 8 гб 500- 520 сомонӣ аст.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 13-уми апрел муштариёнашонро огаҳ карданд, ки аз ин ба баъд бар асоси таърифаҳои наве, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостааст, пул мегиранд. Акнун ҳар муштарӣ дар Тоҷикистон барои истифодаи як мегабайт на камтар аз 5 дирам мепардозад, қимате, ки ду баробар аз қиматҳои пешина болотар аст.

Бино ба арзёбиҳои гуногун дар Тоҷикистон аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles