Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Маҳдудияти сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон

$
0
0


Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дирӯз, 17 -уми апрел дар як гуфтугуи онлайнии худ гуфт, ки чанд соли охир зердастони Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш доранд, ки раисҷумҳур сафари корӣ, давлатӣ ва ё расмие ба кишвархои Урупо дошта бошад, аммо ҳамааш бенатиҷа.

Маврид ба зикр аст, ки 16-уми апрел Эмомалӣ Рахмон бо сафари расмие озими Русия гардид. Дар Маскав, фурудгоҳи Внуково -2 Эмомалӣ Раҳмонро котиби муовини вазири умури хориҷаи Русия Григорий Карасин, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов ва роҳбари департаменти протоколи давлатии ВУХ Русия Игор Богдошев пешвоз гирифтанд.

Қаблан оҷонсии Регнум хабар дод, ки раисҷумхури Русия Владимир Путин аз Эмомалӣ Рахмон даъват кардааст, то бо сафари расмӣ аз Маскав боздид намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино бар боварии Муҳиддин Кабирӣ ҷуғрофияи сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Чин ва ҳудуди давлатҳои пасошӯравӣ маҳдуд шудааст: “Дигар Эмомалӣ Рахмонро кишварҳои Ғарб ва Урупо даъват намекунанд. Як муддат Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои арабӣ даъват мешуд, ки он ҳам дигар сурат намегирад. Эҳтимол давлатҳои арабӣ ҳам ба ин натиҷа расида бошанд, ки даъвати Эмомали Раҳмон фоидае надорад”, гуфт роҳбари ҲНИТ.

Муҳиддин Кабирӣ бо такя ба сарчашмаҳои худ дар доираҳои дипломатии урупои мустақар дар Тоҷикистон гуфт: “Хабарҳо мегирем, ки аз тарафи сафоратҳои Тоҷикистон дар Урупо ба дипломатҳои дар Душанбе фаъолият дошта фишори зиёде аст, ки онҳо як ду сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Урупо ташкил намоянд. Дигарон ба Урупо даъват мешаванд. Чанде пеш Шавкат Мирзиёев хам ба Урупо рафта, бо пулу пружаҳои зиёде баргашт. Аммо тӯли 6 сол аст, ки Эмомали Рахмонро даъват намекунанд”.

Муҳиддин Кабирӣ байид намедонад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо пешниҳоди худи тоҷикон анҷом ёфта бошад: “Ҳанӯз таҳлил кардан хеле зуд аст. Тибқи ончи, ки расонаҳои хабарӣ менависанд, ба ғайр аз ташкили чанд мактаби русзабон дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дигар натиҷае дар даст надорад. Таъсиси макотиб кори чандон муҳими сиёсӣ нест ва онро мешуд дар сатхи вазорати ҳарду кишвар ҳал кард”.

Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумхури Тоҷикистон 16 -уми апрел бо як сафари расмӣ вориди Маскав гардид. Хабари пешвоз нагирифтани мақомоти аршади Русия аз Эмомалӣ Рахмон сару садо ва вокунишҳоеро дар фазои интернет ба вучуд овард. Корбарони интернет менависанд, ки дар сатҳи котиби муовини як вазорат пешвоз гирифтани раисҷумҳур таҳқир на танхо ба Эмомалӣ Раҳмон, балки таҳқири миллати тоҷик аст. Ба гуфтаи гурӯҳи дуввум, фиристодани котиби муовини вазир ба фурудгоҳро метавон ҳамчун коҳиш ёфтани арзиши шахсияти Эмомалӣ Рахмон дар Русия арзёбӣ кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>