Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кӣ рост гуфт? Раҳмон — 484 ҳазор, Путин — 1,2 млн

$
0
0

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсиюни Русия гуфт шумори муҳоҷирон нисбат ба соли 2013 қариб ду баробар кам шудааст. Сабабашро Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ медонад.

Ӯ зимни суханрониаш дар маҳфили зикршуда қайд кард: Умуман, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, нисбат ба соли 2013, ки расман беш аз 800 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, қариб 50 фоиз кам гардид ва тибқи омори расмӣ ҳамагӣ 484 ҳазор нафарро ташкил кард.

Аммо Владимир Путин ба ин назар аст, ки шумори муҳоҷирони тоҷик 2,5 баробар бештар аз онест, ки Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд. Ӯ баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Мехостам қайд кунам, ки дар кишвари мо корҳои зиёде анҷом дода мешавад, то тоҷикистониёне, ки ба Русия меоянд шароити арзанда барои зиндагӣ, омӯзиш, меҳнат дошта бошанд ва худро дар амнияту рифоҳ эҳсос кунанд. Ин мҳим аст, чун дар Русия 1,2 миллион нафар кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳои интиқолдодаи онҳо ба ватан кӯмаки хубе барои иқтисоди кишвар ва хонаводаҳояшон аст.

Фарқи байни ин ду рақам кам нест: беш аз 700 ҳазор ё 2,5 баробар. Агар фарқ 30-40 ҳазор ё ҳади аксар 100 ҳазор мебуд, метавонистем ба иштибоҳ дар оморҳо нисбат диҳем. Аммо чун фарқ хеле бузург аст, танҳо як хулоса бармеояд: яке аз ду раисҷумҳур дурӯғ гуфтааст. Аммо кадоме аз онҳо?

Агар Эмомалӣ Раҳмон намегуфт, ки “дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ” шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия кам шудааст, мешуд гуфт, ки ҳарду ҳам рост гуфтаанд. Аммо чун раисҷумҳури Тоҷикистон даъво дорад, ки ба ин қадар одам ҷои кор омода кардааст, пас бояд далелҳо санҷида шаванд.

Тибқи омори расмии мақомти Русия, дар нимсолаи аввали соли 2018 дар ин кишвар 63519 шаҳрванди Тоҷикистон бо Иҷозаи будубоши муваққатӣ (Регистрация временного пребывания — РВП) истиқомат мекарданд ва 20851 нафари дигар онро ба даст оварданд. 67178 нафар бо Шиносномаи маскуният (Вид на жительство — ВнЖ) зиндагь мекарданд ва 11445 нафари дигар онро ба даст оварданд. Ҳамчунин дар ин муддат 16324 нафар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Ҷамъ — ҳудуди 180 000. Аммо бинобар ин ки шумори шаҳрвандӣ бадастовардагон метавонад аз ҳисоби дорандагони ВнЖ ва шумори ВнЖ гирифтагон метавонад аз ҳисоби РВП доштагон бошад, ин рақам 15-20 ҳазор камтар мешавад.

Дар нимсолаи дуввум миқдор шаҳрвандони РВП, ВнЖ ва шаҳрвандӣ гирифта бештар шудааст. Тибқи як омори дигар шумори онҳое, ки дар соли 2018 шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, 35,7 ҳазор нафар аст, яъне дар нимсолаи дуввум 20 дарсад афзудааст. Агар дар нимсолаи аввал рақами умумии РВП ВнЖ ва шаҳрвандигирифтагон 48620 нафар бошад, дар нимсолаи дуввум метавонад ҳудуди 60 000 бошад.  Яъне ҷамъ ба 240 ҳазор мерасад, ки бо назардошти далели боло, шояд 200 000 бошанд.

Аммо боз ҳам ҳудуди ним миллион боқӣ мемонад.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқ, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, мегӯяд омори расмии Русия ҳам рақами гуфтаи Путинро тасдиқ мекунад. Дар мавриди ин ки чаро адади зикркардаи Раҳмон ин қадар фарқи зиёд дорад, гуфт “бо гумони ғолиб масъулинаш ӯро фиреб кардаанд”.

Ба андешаи мо инҷо як омили дигар ҳам ҷо дорад. Чанд соли охир муҳоҷирон мекӯшанд хонаводаҳояшонро ба Русия биёваранд ва аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Онҳое, ки наметвонанд РВП ё ВнЖ гиранд, ҳар се моҳ аз сарҳади Русия хориҷ ва ворид мешаванд. Муайян кардани шумори онҳо бе кӯмаки мақомоти Русия ғайриимкон аст. Аммо Соҳиб Шарипов, як таксироне, ки 6 сол аст муҳоҷирони тоҷикро ба сарҳад бурад меорад, мегӯяд шумори онҳо дар се соли охир 3-4 баробар зиёдтар шудааст.

Пас, метавон хулоса кард, ки ҳарду раисҷумҳур ҳам дар ададҳо дурӯғ нагуфтаанд. Аммо бо истифода аз ин омор, Эмомалӣ Раҳмон дурӯғи бузурге гуфт. Ӯ камшавии шумори муҳоҷирони хориҷшаванда аз Русияро дастоварди ҳукумати худаш яъне натиҷаи муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ номид, ки ба ҳеҷ меъёре рост намеояд. Ин даъво ҳатто ниёз ба далелкобӣ ҳам надорад.

Ин дурӯғашро раисҷумҳури Тоҷикистон бо хоҳишаш аз Путин низ собит кард. Ӯ аз раисҷумҳури Русия хоҳиш кард муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русияро авф кунад. Шумори онҳо, тибқи санадҳо ҳудуди 200 000 аст. Агар ҳукумати Раҳмон, чӣ хеле ки даъво мекунад, барои 700 000 ҷои кор фароҳам овардааст, пас мантиқи хоҳиш авфи 200 000 нафар куҷост?    


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>