Саодатшо Адолатов, раиси собиқи бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 15 апрел баъди адои 5 соли ҳукмаш аз зиндон озод шудааст. Саодатшо Адолатов 14 апрели соли 2014 боздошт шуда, рӯзи 30 июли ҳамон сол бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми барангехтани кинаю адовати динӣ аз ҷониби додгоҳи зодгоҳаш — ноҳияи Ванҷ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ду ҳафта пеш Ҷалолиддини Маҳмуд, узви раёсати ҲНИТ низ баъди адои 6 сол ҳукмаш аз маҳбас озод шуд.
Манобеи сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки Саодатшо Адолатов, раҳбари собиқи бахши ҲНИТ дар ВМКБ се рӯз пеш – 15 апрел баъди пурра адо кардани 5 сол ҳукми зиндонаш аз маҳбас озод шуда, феълан дар хонааш қарор дорад.
Ба гуфтаи ин манобеъ, Саодатшо Адолатов 5 сол ҳукмашро пурра адо кард ва ба ҳамин далел, озод шуд. Нисбат ӯ дар ин муддати дар маҳбас қарор доштанаш ягон қонуни афв татбиқ нашудааст.
Саодатшо Адолатов, зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ рӯзи 14 апрели соли 2014, ҳанӯз якуним сол пеш аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар даврони авҷи саркӯбҳои зидди ин ҳизби оппозитсионӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ дар байни ҳамдеҳагонаш дастгир шуд. Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки Саодатшо Адолатов чандин маротиба ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба миён овардааст ва нисбат ба амалҳои ғайриқонунии С.Адолатов зиёда аз 30 нафар сокинони минтақаи Язгулом ба мақомоти дахлдоррасман шикоят навиштаанд.
Рӯзи 30 июли соли 2014 додгоҳи ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатовро бар асоси моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ гунаҳкор шинохт ва ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар рӯзи эълони ҳукми Адолатов даҳҳо нафар дар назди бинои додгоҳи Ванҷ ҷамъ омада, талаб карда буданд, ки нисбат ба вай ҳукми одилона содир кунанд.
ҲНИТ ҳукми зиндони роҳбари бахши вилоятиашро маҳкум карда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида буд.
Саодатшо Адолатов моҳи августи соли 2013 раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ интихоб шуда буд ва дар ин мақом ҳамагӣ 8 моҳ кор кард. Адолатов дар ин мақом Сабзаалӣ Мамадризоевро иваз кард. Мамадризоев рӯзи 25 июли соли 2012, дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ чанд соат баъди суханрониаш дар гирдиҳамоии эътирозии сокинони Бадахшон ба таври мармуз кушта шуд.
Дар моҳи апрел Саодатшо Адолатов алакай дуюмин намояндаи ҲНИТ аст, ки аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда мешаванд. Рӯзи 4 апрел Ҷалолиддини Маҳмуд, узви раёсати ҲНИТ аз маҳбаси рақами чоруми шаҳри Душанбе ба озодӣ баромад. Ӯ моҳи феврали соли 2015, дар арафаи интихоботи парлумонӣ бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. ҲНИТ ҳукми зиндони Ҷалолиддини Маҳмудро низ сиёсӣ ва ғайримантиқӣ хонда буд.
4 моҳ пеш Завқибек Раҳмонов, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ низ аз маҳбас озод шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро пурра манъ карда, ин ташаккули умдаи мухолифинро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кард. Роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло дар Аврупо фаъолият доранд, ин ҳукми Додгоҳи олиро қабул надоранд ва онро ҷузъи нақшаи мақомоти Тоҷикистон барои аз саҳнаи сиёсӣ берун андохтани ин ҳизби оппозитсионӣ мешуморанд.