Коршинос ва мутахассиси варзидаи соҳаи телекомуникатсия Асомуддин Атоев интернетро хонаи хираде номидааст, ки устод Рӯдакӣ онро чун дарё тасвир кардааст, аммо барои дарки он чашми хирад лозим аст.
Дар як навиштаи худ дар фейсбук, Атоев изҳор доштааст “Интернет, ба андешаи Ҷон Перри Барлоу, хонаи нави хирад аст. Мувофиқам бо ин андеша ва аз қадамҳои нахустини он дар Тоҷикистон (майи соли 1994, на декабри 1998) далелҳои сершумори ин андешаро дидаам ва умедворам боз хоҳам дид”.
Ӯ нақши шабакаи ҷаҳониро бо як байти Рӯдакӣ шарҳ додаву навиштааст: Ин ҳамон хонаи хирадест, ки Устод Рӯдакӣ ҳамчу «дарё» (дар тафаккури тоҷикӣ «баҳр») тасвир кардаву барои гузаштан аз он сохтани «киштиеро аз накукорӣ» насиҳат додааст. Ҳамин хонаи хирад имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён имрӯз иқтисоди донишбунёдро кашф карда, шоҳиди иштироки фаъолоани ҳар як кишвар новобаста аз маҳдудияти ҷуғрофиву иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ гаштаанд”.
Атоев даврони интернетро “даврони авлавияти дониш” номида, навиштааст: Бартарии ин марҳилаи рушди инсоният дар он аст, ки кишварҳо мисли Тоҷикистон имконияти бештари аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанда гузаштанро пайдо кардаанд. Ин даврони авлавияти донишу тавонмандии донишмандон аст, ки Устод Фирдавсӣ васф кардааст («тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад»).
Онҳоеро, ки ин имконоти интернетро намебинанад Атоев “мафкураи якунимбитадошта” номидааст: Лекин барои дарки ҳамаи ин доштани «чашми хирад» дар ҷамъият муҳим аст, ки тасмимҳои носанҷидаву буҷаидавлатушаҳрвандсӯзу сиёсатидавлатшикани тасмимгирандагони мафкураи якунимбитадошта онро кӯр карданианд.
Дар охир ӯ аз ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват кардааст барои ҳифзи дастрасии интернет ташаббус нишон диҳанд: Барои ҳифзи «чашми хирад»-и ҷомеаи ватанӣ ташаббусҳои созандаи шаҳрвандӣ заруранд, ки дархост ё ба истилоҳи англисӣ петитсияи зерин намунаи онҳост. Аз ин рӯ имзо мегузораму аз ҳар яки шумо дӯстон хоҳиши дастгирии онро дорам. Сипос!
Хонанадагони Паём низ метавонанд бо гузоштани имзои худ зери ин дархост кӯмаке барои ҳифзи “хонаи нави хирад” намоянд: