Шурӯъ аз дирӯз, 18 -уми апрели соли 2019 шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифодаи интернет маблағи дучанд пардохт хоҳанд кард.
Дирӯз, 18 -уми апрел қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи баланд бардоштани нархи интернет дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Агар қаблан 1 гигабайт интернет дар Тоҷикистон аз 30 то 35 сомонӣ қимат дошт, акнун ҳамин миқдор интернетро муштариён бар ивази 62 сомонӣ хоҳанд харид.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷорӣ намудани қарори мазкурро лозим ва ба манфиати давлат арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки мардум вокуниши ҷиддӣ ба ин карор нишон доданд, аммо, новобаста ба эътирози мардуму коршиносон, интернет дар Тоҷикистон гарон шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар гуфтугуи онлайнии худ, шоми 17 -уми апрел гуфт, ки баланд бардоштани нархи интернет илова бар омилҳои молӣ (http://payom.net/archives/20431) сабабҳои сиёсӣ ҳам дорад: “Яке аз сабаби сиёсӣ метавонад фаъол шудани мухолифин дар хориҷ бошад. Дар умум ҳукумати кишвар мехохад, ки мардуми Тоҷикистон аз иттилоот ва сарчашмаҳои гуногуни ахбор дур бошанд. Тавре маълум аст, дар хориҷ аз кишвар созмону ҳаракатҳои зиёди сиёсиву рузноманигорӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар навбати худ ҳамаи онҳо метавонанд манбаъи иттилоъи алтернативӣ бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки мардумаш иттилоъи якранг бигиранду имконияти муқоиса надошта бошанд”.
— “Ман фикр мекунам, ки масъаларо бояд восеътар бигирем ва инҷо танҳо фаъолияти мухолифин боиси қабули ин қарор нест. Таҳлили ман ин аст, ки тими Раҳмон бар ин назар ҳастанд, ки ҳарчи қадар мардум камтар бидонад, бихонад, саводат поинтар бошад ва камбағалтар бошад, мудирияти он осон мешавад. Ҳамон тавре, ки дар Куриёи Шимолӣ мардум бо супориш механданд ва гиря мекунанду ба як артиши бузург табдил ёфтаанд. Дар масъалаи баланд бардоштани нархи интернет чӣ омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ё молӣ бошад, дар маҷмӯъ он бар зарари мардум аст. Ҳукумат фикр мекунад, ки бо ин кор метавонад байни миллат ва расонаҳо, шабакаҳо ва ҷаҳон монеа эҷод мекунад. Онҳо фикр мекунанд, ки миёни мухолифин ва миллат девор бунёд мекунанд. Аммо ин як фикри соддаву аҳмақона ҳаст”- гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Ба қавли роҳбари ПМТ мардуми Тоҷикистон аз шароити сахти кишвар рӯ ба хориҷ меоранд. Ё ба Русия барои фаъолият ё ба кишварҳои урупоӣ барои расидан ба озодиҳои бештар мераванд: “Шунаванда ва бинандаи аслии мухолифин ҳам берун аз Тоҷикистон ҳастанд. Наздик ба ду миллион шаҳрванде, ки дар Русия, Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои дигар кору фаъолият доранд, шунавандаву бинандаи аслии мухолифин ҳастанд”.
Бино бар назари Кабирӣ фаъолиятҳои мухолифин дар дохили кишвар шояд камтар пайгирӣ шаванд, зеро яке интернет надораду дигаре аз фишорҳои ҳукумат метарсад ва тарҷеҳ медиҳад, ки чизе дар бораи мухолифин нахонад. “Ҳукумат фаромӯш кардааст, ки ҳар чӣ қадар онҳо интернетро катъ кунанд, мардум бештар муштоқ мешавад ва пайгирӣ мекунад, ки дар берун тоҷикон чӣ мегуянд”.
↧
“Ҳукумат мехоҳад, мардум иттилоъи якранг бигиранду имконияти муқоиса надошта бошанд”
↧