Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ворухро боз ноором карданд. Ин дафъа мақомоти Тоҷикистон (се навор)

$
0
0

Пас аз ҳавоиси хунини сарҳад, ки ҷони ду нафарро рабуд ва чанд нафари дигарро маҷрӯҳ сохт, ба Воруху Чоркӯҳ мусибати нав омада, ки хоб аз чашмони сокинонашро гирифтааст. Аммо бо фарқ аз ҳаводиси моҳи гузашта, ин дафъа мардумро на қирғизҳо, балки мақомоти худи кишвар ба таҳлука афкандаанд.

Дар ин ду ҷамоъати бузурги ноҳияи Исфара, ки дар ҷамъ ҳудуди 80 000 сокин доранд, шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон усули нави “ҷалб”-и ҷавонон ба хидмати аскариро ба роҳ мондаанд. Ин ду ниҳод волидони ҷавонони аз кишвар хориҷшударо ба асорат мегиранд, то фарзандонашон баргашта ба хидмати аскарӣ раванд.

Танҳо давоми як ҳафтаи гузашта дар Ворух волидони 30 ҷавон, ки дар Русия қарор доранд аз тарафи ин шӯъбаҳои ВКД ва КДАМ ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳоро танҳо замоне раҳо карданд, ки фарзандонашон ё оҷилан баргаштанд ва ё ҳади ақал нусхаи билетҳои харидаашонро ба мақомот фиристоданд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём бо ин усул ҳудуди 20 ҷавон аз Русия баргардонида ва ба хидмати аскарӣ фиристода шудаанд.

Баъзе аз ин ҷавононро мақомот маҷбур кардаанд назди дастгоҳи сабт баромад кунанд, ки ихтиёран баргаштаву ба хидмати аскарӣ рафта истодаанд.


Ҳади ақал дар ду навори дигар, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, наваскарон Саъдӣ Ворисзода ва Шодрӯз Висолиддинзода мегӯянд, ки ихтиёран ба хидмати аскарӣ мераванд ва аз дигарон ҳам даъват мекунанд аз онҳо пайравӣ кунанд. Аммо манбаъи Паём мегӯяд онҳо бо ба асорат гирифтани волидонашон баргардонида шудаанд.

Раҳимов Руҳулло низ аз шумори онҳоест, ки бо ин роҳ аз Русия баргардонида шудааст. Тибқи гуфтаи манбаъ, вазъи саломатии ӯ хуб нест ва наметавонад дар артиш хизмат кунад. Ҳоло Руҳуллоро дар идораи ҳарбии шаҳри Исфара нигоҳ медоранд.

Падари Руҳулло Раҳимов Раҳимбек 6 рӯз дар асорат нигоҳ дошта шуд, то фарзандаш баргардад. Ӯро ШВКД-2 Исфара боздошт кард ва ин муддат дар шӯъба нигоҳ дошт. На кафолати худи ӯ ва на наздиконаш, ки Руҳулло бармегардад, кӯмак накард. танҳо замоне ӯро озод карданд, ки худи Руҳулло ба шӯъба ҳозир шуд.

Нафари дигар, ки манбаъ номашро зикр кард, Воҳидов Ризвон аст, ки баъди фишори мақомот болои волидонаш ба кишвар баргашта, ба сафи артиш пайвастааст. Паём мекӯшад ба зудӣ ному насаби ҳамаи онҳоеро, ки бо асиргирии волидонашон аз муҳоҷират баргардонида шудаанд, пайдо ва нашр кунад.

Рӯзи шанбе, 20 апрел 6 зани меҳнаткаши ворухӣ аз ҳангоми кор дар замин аз тарафи ШВКД рабуда шуданд. Баъди 6 соати бозпурсӣ ва фишор, танҳо замоне, ки шавҳар ё бародаронашон худро ба ҷои онҳо таслим карданд, ин 6 зан аз асорати пулис раҳо шуданд. Шавҳаронашон ҳади ақал то дирӯз бегоҳ дар асорат буданд ва имкон дорад то ҳанӯз раҳо нашудаанд.   

Ҳамаи ҷавононе, ки бо боздошти волидонашон баргардонида мешаванд, аз хонаводаҳои камбизоатанд. Онҳое, ки имкони пардохти ришваро доранд, ҷони фарзандонашонро мехаранд. Тибқи иттилоъи як манбаъи дигар наҷоти фарзанд барои хонавода аз 500 то 2000 доллар тамом мешавад. Нархро мақомот вобаста аз вазъи иқтисодии хонавода мемонанд. Манбаъ хонаводаеро ном бурд, ки 1200 доллар пардохт кардааст, то аз тақдири дигарон, ки боздошт шудаву маҷбур ба баргаштани фарзандонашон шудаанд, раҳо ёбад. Паём бо сабаби маълум аз зикри номи хонавода худдорӣ мекунад.

Муттаассифона қонуншиканиҳои мақомоти пулис, амният ва артиш бо инҳо тамом намешавад. Идораи ҳарбии (военкомат) ноҳия хонандаи синфи 11 Аминҷонов Сарварро ҳам рабуда ба аскарӣ фиристодаанд.

Мақомот ба ин назаранд, ки чун вазъ дар Воруху Чоркӯҳ муташанниҷ аст, бояд фарзандони ҳамин диёр бештар ба артиш ҷалб шаванд, то аз марз ҳимоя кунанд. Ҳаи ақал сардорони шӯъбаҳои пулису амният ин назарро тасдиқ кардаанд. “Мо аз он тарафи кишвар омада шуморо ҳимоя кунему шумо кайф карда дар Россия гардед?” — гуфтааст як афсари пулис ба волидони боздоштшуда.

Ин даъвои мақомотро мешуд қабул кард, агар як ҷанбаъи дигар дар қазия вуҷуд намедошт. Мардуми Воруху Чоркӯҳ омодаанд аз марз ҳатто бидуни ҳузури артиш ҳимоя кунад. Инро борҳо сокинон ҳам гуфтаву ҳам дар амал намоиш додаанд.

Аммо ягона монеъа дар ин роҳ ба онҳо бозҳам ҳамин мақомоти интизомиву амниятӣ ҳастанд. Баъди ҳар хархашаву задухӯрд бо қирғизҳои марзшикан, мақомот онҳоеро, ки барои бифоъ аз марз сар баланд мекунанд, зери фишор қарор медиҳанд. Сокинон даҳҳо ҳолатҳоеро зикр мекунанд, ки ҷавонмардони ин ду деҳа баъди муқовимат бо қирғизҳо зери таъқиби мақомот қарор гирифта, ришваҳои ҳангуфт пардохт кардаанд.

Ҳоло баъди муддате оромӣ пас аз бедорхобиҳо дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо, мардуми ин ду деҳаи бузург, бахусус онҳое, ки фарзандонашон дар синни мувофиқ ба хидмат дар артиш ҳастанд, дубора хобу оромиро аз даст додаанд.

Ҳар лаҳза пулис ё амният метавонад вориди хонаи онҳо шуда, чанд нафарро асир гирад…  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>