Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ширкати тоҷикон дар Конфронси мусалмонони Аврупо дар Париж

$
0
0

Як ҳайати 15-нафара аз тоҷикони муқими Аврупо дар конфронси байналмилалии 4-рузаи маъруф бо «Ҳамоиши солонаи мусалмонони Фаронса», ки аз 19-уми апрел то имрӯз 22-апрел дар Ле-Буржеи идома дорад, ширкат карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, низ зимни ин ҳайат буда, дар ҳошияи ин ҳамоиш бо чандин раҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи мусалмонони Аврупо дидор ва гуфтугӯ кард.

Қобили зикр аст, ки ин ҳамоиш шурӯъ аз соли 1984, ҳар сол дар моҳи апрел баргузор шуда, ба гуфтаи масъулини баргузоркунанда ҳар сол беш аз 150 ҳазор нафар дар он ширкат мекунад. Ин бузургтарин ҳамоиши мусалмонон дар саросари Аврупо маҳсуб мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомади бузурги мусалмонон ба намоиш гузоштани нақши мусбати мусалмонони Аврупо дар пешрафти ин қорра ва зиндагии мусолиматомез ва ҳамгароии мусалмонон дар ҷомеаҳои кишварҳои аврупоӣ, бахусус Фаронса, ки бузургтарин адади мусалмононро дар сатҳи Аврупо дорад, мебошад. Дар ин ҳамоиш мусалмонон, сарфи назар аз ҷинс, умр ва гароишҳои мазҳабию сиёсӣ бо ҳам ҷамъ мешаванд ва дар масоили иҷтимоӣ, ҳамзистӣ, фикрӣ ва аъмоли рӯзмарра табодули назар мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ таассуроти худ аз ин ҳамоишро чунин баён кард: «Ширкат дар чунин ҳамоишҳо ба мо — тоҷикони муқими Аврупо — ба муҳити нав барои зудтар ва беҳтар интегратсия шудан кумак мекунад. Ҳастанд мусалмонҳое, ки 50 сол боз инҷо зиндагӣ мекунанд, вале ҳанӯз ҳам дар муҳити танги қавмӣ ва мазҳабии худ боқӣ мондаанд ва инро дифоъ аз ҳуввияти худ ном гузоштанд.»

Ӯ афзуд: «Дар муқобил як гурӯҳи дигар хеле тез тавонистанд ҷойгоҳи худро дар Аврупо пайдо кунанд ва ҳамзамон фарҳангу арзишҳои худро ҳам ҳифз карданд. Ин ҳама барои мо тоҷикон дарс аст, то таҷрибаи беҳтарро аз худ намоем ва иштибоҳҳои дигаронро такрор накунем. Ҳузури тоҷикон дар Аврупо дигар як воқеъият аст ва худро бояд инҷо сохт ва қавӣ кард. Танҳо дар ҳамин сурат, мо метавонем ҳам ба худ, ҳам ба миллати худ ва ҳам ба Аврупо кумак кунем.»

Илова ба ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, дигар тоҷикони муқими Аврупо, аз ҷумла Шамсиддини Саид (Олмон), Муҳаммадҷон Нурӣ (Фаронса), Муҳаммадиқболи Садриддин (Фаронса), Ҷаннатуллоҳи Комил (Олмон), Маҳмудҷон Файзраҳмонов (Утриш) ва дигарон ширкат карданд.

Nahzat.org


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>