Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Коллапси телекоммуникатсионӣ наздик мешавад?

$
0
0

Эътирози саросарии корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи боло рафтани қимати он ягона мушкиле нест, ки ба сари мақомоти Тоҷикистон омадааст. Ин тасмими оҷил ва бидуни омодагии мақомот бозори телекомуникатсияи Тоҷикистонро ба як коллапс наздик мекунад.

Аз паёмакҳое, ки ширкатҳои мобилӣ ба корбаронашон мефиристанд, ба назар мерасад ин тасмими мақомот ширкатҳоро сардаргум кардааст ва онҳо намедонанд чӣ гуна бо муштариён кор баранд.

Қисме аз корбарони ширкати Вавилон имрӯз паёмак гирифтаанд, ки чун ҳанӯз тарофаҳо маълум нестанд, барои интернет ҳар рӯз 5 сомонӣ аз ҳисоби муштарӣ ситонида мешавад.

Суръати интернет ҳам бамаротиб поёнтар рафта, тез-тез қатъ мешавад.

Тибқи иттилоъи як манбаъ аз ширкати Мегафон, ҳар рӯз шумори муштариёни ширкатҳо ҳазорҳо нафар камтар мешавад. Муштариён аз пардохти 25 сомонӣ муштарипулӣ худдорӣ мекунанд.

Бонкҳои Тоҷикистон ҳам бинобар суст шудани суръати интернет, ба мушкил рӯбарӯ шудаанд ва наметавонанд хидматрасонӣ ба муштариёнашонро дуруст ба роҳ монанд. Як корбари фейсбук бо номи Ҷонӣ Сафарзода акси эълонеро нашр кардааст, ки бонк ба муштариёнаш мерасонад бинобар суст будани суръати интернет наметавонад пули онҳоро пардохт кунад.


Фирӯза Рустамова, хазинадори як ширкати фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ мегӯяд, дурӯз аст, ки бинобар сустии суръати интернет наметавонад барои муштариёнаш билет фурӯшад. Ӯ гуфт маҷбур аст ному насаби муштариро ба марказ фиристад, то онҷо билет брон кунанд.

Бештари корхонаҳое, ки корашон бастагӣ бо интернет дорад, ба мушкилоти мушобеҳе мувоҷеҳ шудаанд. Ба назар мерасад Тоҷикистон дар дуроҳаи як тасмими оҷил қарор гирифтааст: ё бозори телекоммуиникатсиониро аз монополияи як оила озод мекунад ва ё ба як коллапсӣ телекоммуникатсионӣ рӯбарӯ мешавад, ки паёмадашро танҳо мешавад тахмин зад.     


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>