Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Фаъолони имзоҷамъкунӣ дар Душанбе боздошт шуданд

$
0
0

Кормандони шӯъбаи 4-уми Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон субҳи имрӯз ба яке аз толорҳои ҳусни Душанбе омада тамоми ҳуҷҷатҳои он, аз ҷумла варақаи ҷамъоварии имзо алайҳи боло бурдани қимати интернетро мусодира кардаанд. Кормандон ва муштариёни толор боздошт шудаанд ва пулис аз онҳо мехоҳад ташкулкунандагони ин маъракаро номбар кунанд.

Созмони ҳуқуқи башар Human Rights Vision Foundation  бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дод, онро хилофи тамоми қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллалие, ки кишвар эътироф кардааст, номидааст.

Чуноне қаблан Паём хабар дода буд, фаъолони ҷомеа дар Тоҷикистон барои бо як муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат намудан имзо ҷамъ кардаанд.

Таҳиякунандагони нома, аз тариқи Фейсбук эълом намуданд,  ки рӯзи 22 ва 23 апрел хоҳишмандон ба назди Театри опера ва балети шаҳри Душанбе  омада, зери нома имзо гузоранд. Имкон дорад ҷамъоварии имзо пагоҳ 24 апрел ҳам давом ёбад, гуфта буданд фаъолон.

Яке аз ин фаъолон Дилноза Муҳиддинова бо нашри акси имзои ҷамъовардашуда аз корбарони фейсбук даъват кардааст, бо онҳо бипайванданд.

Дирӯз, пас аз эълони ҷамъоварии имзо ҳамагӣ дар тули ду соат зиёда аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро ҳам зери мактуб зикр кардаанд.

Бо муроҷиат ба  раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаллифнони ин нома мехоҳанд, барои беэътибор кардани қарор дар бораи нархи Интернет мусоидат кунад. Онҳо навиштаанд: «Боло бурдани нархи интернет истифодаи онро барои шаҳрвандони ҷомеа маҳдуд мекунад ва ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.»

Дар муроҷиатнома аз зарурат ва аҳамияти Интернет дар зиндагӣ ёдрас шуда, далелҳоеро, ки мақомҳои расмӣ то имрӯз чун зарари Интернет номбар карданд, аз ҷумла зараровар будани Интернет ба сиҳатии инсонро «беасос ва хандаовар» хондаанд.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.

Хабар такмил мешавад


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>