Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ТАРБИЯИ ДУХТАРОНИ НАВРАС

$
0
0


Орзӯи тамоми волидон духтари солеҳаву боахлоқ тарбият намудан аст. Духтари покдоману намунавӣ.  Духтаре, ки сари волидонро дар байни мардум хам насозад.

Ба касе ҳам пӯшида нест, ки тарбияи духтар назар ба писарбача душвортар аст, масулияти зиёдтар металабад. Барои он, ки тарбияи духтар на танҳо тарбияи фарзанд аст, балки тарбияи модари оянда, инчунин тарбияи нафарест, ки  созандаи ҷомеа мегардад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ба волидоне, ки духтари худро ба хубӣ тарбия менамоянд, башоратҳои зиёд додаанд.

Паёмбар мегӯянд:

Ҳар шахсе, ки се духтар дошта бошаду онҳоро ба хубӣ тарбият намояд, бо онҳо бо раҳму шавқат муомила кунад ва дар зери ҳимояташ бузург кунад, дохил шудани ӯ ба Ҷаннат воҷиб мегардад.

Яке аз ҳозирин мепурсад: Ё Расулаллоҳ агар ду духтар дошта бошад чӣ?

Паёмбар мегӯянд: Ду духтар дошта бошад ҳам агар чунин кунад дохили Ҷаннат мегардад.

Дигаре мепурсад: Агар танҳо як духтар дошта бошад чӣ?

Паёмбар мегӯянд: Оре танҳо як духтар дошта бошад ҳам дохили Ҷаннат мегардад.(Муснади Аҳмад)

Дар марҳалаи кӯдакӣ духтарон одатан мушкилии зиёд эҷод намекунанд. Душвориҳои волидон, хусусан модар бо духтар дар наврасӣ шурӯъ мешавад. Айёми наврасӣ аз муҳимтарин марҳалаи ҳаёти духтарон аст. Аксари духтарон одатан дар наврасӣ ба роҳҳои бад мераванд. Ҳолатҳое ҳам кам нестанд, ки ба хотири аз байн нарафтани обрӯи оила духтаронро дар наврасӣ хонадор кардаанд.

Аввалин нафаре, ки дар тарбияи духтари наврас нақши асосиро дорад ин модар аст. Модари бохираду ҳаким метавонад духтарашро дар ин марҳала ҳамчун дӯстӣ ҳақиқӣ, мушовири ҳаким кӯмак кунад.

Аммо модарӣ бесаводу бепарво бо муомилаҳои ғалати худ метавонад сабаби аз даст додани духтаракаш гардад.

Аз ҳама пеш духтарак бояд аз дини худ огоҳ бошад. Муроқибати Аллоҳро донад.  Ҷазои гунаҳкорон, подоши накӯкорон, муҳаббати Холиқ, огоҳ будан аз ҳалолу ҳаром донистани инҳо ба ҷуз саъодати ҳақиқӣ чизи дигар намеоранд. Ба ҷуз ҳифзи оятҳои Қуръон муҳтавои ин китоби муқаддасро ба духтарон бояд омӯзем. Вақте худотарсӣ дар вуҷуди духтарон вуҷуд дорад,  ҳар як қадами худро барои ризогии Холиқашон мегузоранд. Вақте маънавиёти духтарак қавӣ гашт ба ҷуз хубӣ чизи дигаре аз ӯ интизор набошед.

Аввалин тағйироти ҷиддии бонувон дар наврасӣ оғоз меёбад. Ба мисли бемориҳои хоси занона ва баъзе тағйироти ҷисмонӣ. Ба маҳзи он, ки духтар наврас гашт, модар бояд аз ин тағиротҳо духтарашро огоҳ созад. То духтарак бидонад, ки ин тағиротҳо оддӣ ҳастанду бемушкилӣ убур намояд. Барои ин ҳодисаҳо омодагӣ гирад, натарсад, донад, ки ҳаёти духтарон аз баъзе бемориҳои табиӣ холӣ нест.

Парвардигор занонро бо табиати нарму ҳамеша муҳтоҷи навозиш офаридааст. Духтарон назар ба писарон ба муҳаббату навозиш хеле эҳтиёҷ доранд. Вақте ба духтараки наврас дар оила меҳру муҳаббатӣ кофӣ намерасад, махсусан аз тарафи падар, духтарак он меҳру навозишро дар ҷойи дигар ҷӯстуҷӯ мекунад. Бо баҳонаи ошиқ шудану робитаҳои дӯстӣ пайдо кардан бо ҷавонони бегона, чӣ балоҳое ба сари оила намеорад.

Вақте духтаратон наврас гашт, ӯ дигар бузург шуд гӯён беаҳмиятӣ накунед. Пайваста ба ӯ меҳрубонӣ намоед. Ба чӣ чиз ниёз дорад, аз чӣ камбудӣ дорад, пурсон шавед. Духтарак дар кӯдакӣ ба муҳаббатӣ модар ниёз дорад. Вақте каме бузург шуд, маҳз меҳру муҳаббатӣ падар барояш қувват мебахшад. Вақте падар бо духтари наврасӣ худ ҳамчун маликаи муомила мекунад. Пайваста бо суханҳои ширину таърифҳои падарона навозиш менамояд, духтарак ниёзе ба дӯстдориву муҳаббати мардони бегонагонро надорад, чун ба андозаи кофӣ падари меҳрубон ва ё бародарҳои мушфиқ дорад.

Дӯст писар пайдо кардани духтарон, робитаҳои муҳаррам бо мардони бегона аз наврасӣ шурӯъ мешавад. Хеле кам духтарон ҳастанд, ки ба доми  ваъдаҳи дӯруғу изҳори ошиқиҳои ҷавонони бевиҷдон намеафтанд. Модар бояд ба духтари наврасаш бифаҳмонад, ки ҷавонҳое, ки ба ӯ ошиқ мешаванд ва бо изҳори муҳаббатҳои бардурӯғи худ мехоҳанд бо духтарак наздик бошанд, ба ҷуз бадбахтиҳо чизи дигареро ба сараш намеоранд. Онҳо ба духтарак куллан бегона ҳастанд, ба ҷуз фоидаи худ чизи дигареро намехоҳанд. Духтарак бояд бидонад, ки шариати Ислом ҳар гуна муомила доштан бо мардҳои бегонаро ҳаром намудааст. Ошиқиву меҳрварзӣ бо ҷавонони бегона фарҳанги ғарбӣ куффор аст.  Онқадр ишқу ошиқӣ мегӯянд, ки иффату обрӯи духтар дигар дар байнашон вуҷуд надорад. Аммо дини муқаддаси Ислом ҳатто нигоҳ кардан ба марди бегонаро манъ мекунад.То иффатӯ обрӯи духтарони мусалмон ҳифз гардад.

Паёмбар мегӯянд:

كل بني ادم خطاء و خير خطائين توابون

Тамоми фарзандони Одам хатокор ҳастанд ва беҳтарини хатокорон тавбакунандагон мебошанд. (Тирмизӣ)

Албатта аз духтараки наврас баъзе хатогиҳо сар мезанад, баъзан ҳатто хатогиҳои ҷиддӣ. Вақте дар духтарӣ наврас хатогие мушоҳида шуд, ҳатман бояд аз паи ислоҳаш бошем. Ҷазо додани духтарак мисли кӯдакон танбеҳ додани ӯ натиҷаи хуб намедиҳад. Бояд бо ӯ ҳамчун бузург нишаста сӯҳбат кард. Оқибати ингуна хатогиҳоро баён намуд. Сӯҳбатҳои ошкоро оиди хатогии духтарак, албатта суҳбатҳои бетаҳдиду холисонаи азизон, духтараки хатокорро ислоҳ месозад.

Пайваста қаҳру ғазаби волидон, бо шиддату зӯроварӣ муомила кардани падару модар сабаб мегардад, то духтарак ҳамеша аз волидон пинҳонӣ амал кунад. То тавон ҳаёти шахсиашро аз чашмони волидон пинҳон созад. Камбудиҳояшро, эҳтиёҷоташро назди дигаре шикоят барад. Чун медонад, ки ба ҷуз асабонияту дод задан посухи дигареро аз волидон интизор нахоҳад шуд. Агар аз пинҳонкориҳои духтаратон огоҳ гаштед, яқин бидонед, ки камбудӣ дар худи шумост. Рафторҳои шумо сабаб гаштаанд, ки духтаратон шуморо муъниси асрорҳояш намедонад, ба шумо эътимод намекунад.

Бо қисмати Илоҳӣ ҳар як шахс хусусиятҳои хоси худро дорад. Яке дорои ҳусни зебо, яке дорои заковати баланд, яке кадбонӯи моҳир, дигаре истеъдоди дигар дорад. Духтаратонро ҳамон гунае, ки ҳаст қабул кунед. Чаро ту мисли духтари фалони нестӣ?! Бирав аз фалон дугонаат ёд бигир?! Гӯён маломат накунед. Баъзе камбудиҳои инсон дар дасти худаш нест. Пайваста маломатҳои шумо, таънаву пастзаниҳои волидон сабаб мегарданд, духтарак ҳамеша худро инсони дараҷаи поёни ҷомеа шуморад. Ман мисли дигарон шуда наметавонам гӯён, асло барои пешравӣ кӯшиш накунад.

Тамоми умр таҳқири дигаронро ҳамчун муносибати оддӣ шуморад. Қадри худро надониста зери бори таҳқиру маломати мардум зиндагонӣ намояд. Ба духтари худ пайваста умед бахшед. Бигзор қадри худро шиносад, донад, ки Аллоҳ ба ҳеҷ бандааш зулм намекунад, агар аз сифате маҳрум аст, бар ивазаш соҳиби ҳазорҳо неъматҳои дигар мебошад.

Дашноми духтар, тарзи муомилаи дурушт бо ӯ, ҳамеша бо услуби шадид фармон додан ба духтарак, аз ин ҳама бадтар даст бардоштан ба духтараки наврас сабаб мегардад, духтари шумо як хонуми дағалу асабӣ ба воя расад. Хонуме, ки танҳо бо шиддату дашном сухани касеро гӯш мекунад. Хонуме, ки маънои калимаи зеборо намедонад. Ҳатман бо духтари навраси худ бо услуби мулотифат суҳбат кунед. Агар фармон медиҳед, мисли амр неву ҳамчун хоҳиш аз ӯ бихоҳед. То пас аз шавҳар кардан бо суханҳои ширинаш дили шавҳарашро ба даст орад.

Духтараке, ки машғули амри муҳим аст, фикри ба роҳҳои бад рафтанро аз сар дур мекунад. Ба истеъдои духтаратон нигоҳ карда ӯро ба чизи дӯст доштааш машғул намоед. Дузандагӣ, кадбонуӣ, эҷоди шеъру нависандагӣ, бигзор ба ҷуз дарсҳои мактабу таълими динӣ машғулияти дигаре ҳам  дошта бошад. Ҳам ояндааш дурахшон мегардад, ҳам аз бекорӣ фикраш парешон намешавад.

Аксари таъсирро духтарон аз дугонаҳояшо мегиранд. Духтаратон бо ки дӯстӣ дорад, маҳрами розҳояш кист, ҳатман огоҳ бошед. Барои он ки духтараки наврас шуморо дуруст дарк кунад, хатарҳои дӯстони бадро аз ҳаёти наздикон ёдовар шавед. Бигзор духтарак бидонад, ки на ҳама дугона дӯсти ҳақиқӣ аст. Бо кӣ дӯсти кардан, аз кӣ парҳез намуданро ба ӯ ёд диҳед.

Бо духтари худ он гуна муносибат дошта бошед, ки аз шумо натарсидаву хиҷолат нашуда, мушкилиҳояшро дар миён гузорад. Роҳҳои ҳалли мушкилиҳояшро дар канори волидон ҷӯяд.

Сахтгирии аз ҳад зиёд аз баъзе чизҳои ҳалолу мубоҳ маҳрум сохтани духтарон сабаб мегардад, то духтарак ҳар чи зуддтар аз дасти волидон раҳо шуданро орзӯ кунад. Шариати Ислом иҷозат медиҳад духтарак дар назди маҳрамҳои худ, дар даруни хона худро ороиш диҳад, баъзе либосҳои хостаашро пӯшад, бо баҳонаи ҳаром будан духтаракро аз зиннатҳои духтарона маҳрум насозед. Ӯ зан аст, табиати занона ҳамеша зиннату ороишро дӯст дорад. Ҳар он чизе,к и ҳалолу мубоҳ аст аз пеши худ барои ғаразҳои шахсии худ шуда. ҳаром насозед.

Волидони муҳтарам инак духтараки шумо, ҳамон тифлаки нури чашматон имрӯз ба наврасӣ расид. Кӯшиш намоед ҳакимона бо беҳтарин услуб роҳи ростро барояш таълим диҳед. Ӯро ба ҳолаш во нагузоред, мураббии ҳақиқӣ, дӯсти ҷонӣ, ҳамдарду ҳамрози ӯ ба ҷуз шумо каси дигаре шуда наметавонад.

Муслима Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles