Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чизе, ки ҳар бор бо буридани сараш зинда мешавад…

$
0
0

1.Пуриқтидортарин компютери дунё ҳам функсияи як чашми инсонро иҷро карда наметавонад.

2.Растаниҳо  бо баргашон нафас мегиранд

3.Панҷоҳ дар сади мардуми сайёра ҳанӯз барфро надидаанд

4.Бемории инсулт (сактаи мағз) бештар ба сабаби лағжидани мӯҳраи якуми гардан аст, ки сутунмӯҳра аз он оғоз меёбад . Ин мӯҳра атлант ном дорад.

5.Калимаи “Аллоҳ” аз ду калима иборат аст. Артикли “Ал” ва “Илоҳ”. Калимаи “Аллоҳ” шакли ҷамъ ва ҷинси занонаю мардона надорад. Аллоҳ ягона аст.

6.Калимаи “Модар” дар аксар забонҳо бо ҳарфи “М” сар мешавад.  Модар, мама, ма, Момо, Мома, Мазе, мутер ва ғайра

7.Давраҳои ҶБВ кӯли Ладогаро “Роҳи ҳаёт” мегуфтанд. Ба шаҳр озуқа танҳо бо ҳамин роҳ медаромад ва қисмате аз мардумро аз гуруснагӣ наҷот дода тавониста буданд.

8.Моҳи рамазон шайтон занҷирбанд аст, аммо дуздӣ, дурӯғ, ғайбат, куштор, бухл… ин ҳама ба назар мерасад. Пас на танҳо шайтон моро ба гуноҳ водор мекунад.

9. Як худи ҷигар дар ҷисми мо се вазифаи мукаммалро бар дӯш дорад. Тоза кардани сеяки хун, ҳосил кардани талха ва захираи қанди зиёдатӣ  .

10.Сейсмологҳо заминларзаи пойтахти Эронро қаблан гуфта буданд ва пешниҳод ҳам шуда буд, ки пойтахт ба Дилиҷон кӯчонида шавад, аммо ҳукуматдорон ин илмро ширк дониста, онҳоро ба ҳабс гирифтанд. Мутаасифона зилзила ба вуқӯъ пайвасту наздики 3 ҳазор нафар вафот карданд.

11.Абӯалӣ ибни Сино илми риёзиётро аз як  сабзифурӯш ёд гирифта буд.

12.Ҷанги дуюми ҷаҳон санаи 2-юми сентябри соли 1939 оғоз ёфт.

13.Куруши кабир, ки аз ғолибиятҳои пай дар паяш ӯро кабир мегӯянд, билохира аз дасти малика Томирис бо роҳи ҳила кушта шуд.

14.Як хуриши миллии тоҷикӣ ҳаст, ки таъмаш шӯру туршу тунд аст, аммо аҷибаш ин ки номашро шакароб мегӯем.

15.Чизе, ки сарашро буридан гирем, зинда шудан мегирад, қалам аст.

16.Сураи Намл дар Қуръон ду бор Бисмиллоҳ дорад, сураи тавба бошад, Бисмиллоҳ надорад.

17.Калонтарин захираи оби ширин дар Осиё ин кӯли Сарез аст.

18.Вақто хирсҳо ба хоби зимистона мераванд, мӯйу нохунхояшон ва устухонашон низ аз сабзиш мемонад. Гардиши хуну набзашон қариб ду маротиба суст мешавад.

19.28-уми марти соли 1934 дар Канада , дар оилаи Дионҳо панҷгоник духтарчаҳо ба дунё омаданд, ки ҳар як 600 грами вазн доштанд. Танҳо тамошои ин панҷгоникҳо ба давлат милионҳо доллар даромад оварда буд.

20.Як вақтҳо алюминий аз тилло қиматтар меистод.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>