Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Барои популизм пул ҳаст, барои муаллимон нест”

$
0
0

Садҳо ҳазор муаллим дар Лаҳистон ба кӯчаҳо рехтаанд, то ҳукуматро маҷбур ба боло бурдани музди меҳнаташон кунанд. Онҳо давлати худро ба популизм ва бетаваҷҷӯҳӣ ба маъориф айбдор мекунанд.

Ин эътироз 16 рӯз аст, ки идома дорад ва аксари макотиби ин кишвар таътил шудаанд. Имрӯз бузургтарин эътироз дар ҳоли шаклгирӣ аст ва муаллимон аз саросари кишвар бо автобусҳо ба пойтахти кишварашон ба роҳ афтодаанд. Қарор аст, тазоҳуроти бузург дар рӯбарӯи бинои Вазорати маъорифи Лаҳистон баргузор гардад. Созмондиҳандагон гуфтаанд, ки тазоҳурот дар маҷмӯъ дар 22 шаҳр баргузор мешавад.

Муаллимон гуфтаанд давлаташон як давлати популистӣ аст, ки барои хазинаҳои иҷтимоӣ ва пардохти субсидия ба кишоварзон пул пайдо мекунад, аммо дархости боло бурдани маъоши муаллимон дар ҳаҷми 30 дарсадро қабул надорад.

Муаллимон дар Лаҳистон аз 470 то 780 доллар маъош мегиранд ва талаб доранд, ки он 30 дарсад боло бурда шавад. Давлат пешниҳод кардааст ба моҳонаи муаллимон 15 дарсад афзуда шавад, аммо бо шарти бештар кардани соатҳои дарсии онҳо. Омӯзгорон ин пешниҳоди давлатро рад карда, гуфтаанд дар ҳафта 47 соат кор мекунанд ва аз бештарашро қабул надоранд.   

Дар ҳамин ҳол, маъоши муаллимон дар Тоҷикистон 8-10 маротиба камтар аз маъоли ҳамтоёнашон дар Лаҳистон аст. Давлати Тоҷикистон барои худнамоишдиҳӣ, идҳои нолозим ва сохтани поркҳову иншооти нолозим миллионҳо доллар масраф мекунад, аммо наметавонад маъоши муаллимонро боло барад.

Музди ночизи меҳнат боис шудааст, ки аксари муъаллимони боистеъдод тарки мактаб намуда даст ба тиҷорат ва муҳоҷирати корӣ зананд. Ҷои онҳоро афроди нолоиқ ва камсаводе гирифтаанд, ки рӯзгорашонро аз ҳисоби хонандагон пеш мебаранд.

Гузашта аз ин, давалти Тоҷикистон ҳамеша муаллимонро дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, раъйпурсӣ, таблиғот ва ҳатто муқобала дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мухолифон бидуни музд истифода мебарад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>