Қазияи нархи интернет, ки 5 рӯзи охир ҷомеъаро дар ҳолати асабонияти сахт нигоҳ медошт, ба ҷузъ ҷанбаҳои аёну ошкораш бозиҳои пасипардагие ҳам дошт, ки аз чашми ҷомеъа пинҳон монд. Ҳарчанд ҳукумат зарбаи ҷонкоҳе дар ин баҳс хӯрд ва маҷбур ба ақибнишинӣ кард, кӯшиш карда ҳади ақал ду хол дар ин бозӣ ба даст оварад.
Ҳоло баҳсҳо сари ин ки сабаби боло бурдани қимати интернет сиёсӣ буд ё иқтисодӣ, ба хотири гирифтани андози бештар буд ва ё манофеъи як гурӯҳ, баррасӣ мешаванд ва шояд ба ин зудӣ ҳам хотима наёбанд. Вале Паём маълумоте дарёфт кард, ки ба баъзе ҷонибҳои ин қазия равшанӣ меандозад.
Шояд боварнокарданист, аммо мавзӯъ ба ҳамон навори машҳури Бег Сабурӣ дар бораи китобхониаш бармегардад. Сабур замоне пайдо шуд, ки Паём бо истинод ба манобеъаш навишт, ӯ дигар қудои раисҷумҳур нест ва масъалаи на танҳо истеъфояш. балки боздошташ ҳам матраҳ аст. Тибқи маълумоте, ки инак ба мо расид, он замон раиси Хадамоти алоқаро аз хонааш дар Кӯлоб маҷбуран баргардонида буданд, то ҳамон мусоҳибаи инак маъруфашро диҳад. Ҳади ақал бо ду сабаб: а) то овозаҳо дар бораи ҷудо шудани писари ӯ ва духтари раисҷумҳурро дурӯғ бароранд; б) болои Бег Сабурӣ нақшае доштанд. Баъди он дигар Бег Сабурӣ дар утоқи кориаш дида нашудаст.
Ба ин маълумот ҳатто агар аз манбаъи мӯътамад набуд, мешавад бо як сабаб бовар кард: дар он мусоҳиба дида мешуд, ки Бег Сабурӣ хеле рӯҳафтода ва мушавваш аст. Барои мушоҳидаи ин вазъи ӯ равоншинос будан ҳам шарт нест. Агар шумо ин вазъи ӯро мушоҳида накарда будед, лутфан дубора он наворро тамошо кунед.
Аммо нақшае, ки болои ӯ доштанд ин буд, ки чун аз як тараф номи ӯ дигар сиёҳ аст ва аз тарафи дигар аллакай қудои раисҷумҳур нест, бояд боло бурдани қимати интернет бо дасти ӯ анҷом мешуд ё ҳади ақал ӯ чун иштирокчӣ муаррифӣ мегашт. Дар фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳам дида мешавад ин фармоиш манофеъи Тоҷиктелекомро дифоъ мекунад. Барои мисол қимати зангҳо барои Тоҷиктелеком даҳ баробар камтар аз ширкатҳои мобилӣ муайян карда шудааст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам мегӯяд ин фармоиш бо дархости ниҳодҳои дигар анҷом шудааст. Танҳо ду ниҳод то ин замон ҳамеша талаб мекарданд қимати зангҳо ва интернет боло бурда шавад — Хадамоти алоқа ва Кумитаи андоз.
Манбаъ мегӯяд, қарори барканории Бег Сабурӣ ва аз дасташ гирифтани тамоми бизнеси телекомминикатсионӣ ҳудуди ду моҳ пеш қатъӣ шуда буд. Аммо чун меросбари бизнес-империяи Бег ҳам муайян гардидааст, Бегро ба хотири ба анҷом расонидани тамоми расмиёт ва ба номи ӯ часпондани қимати гарони интернет нигоҳ медоштанд. Писараш Рамзро раҳо карданд то ба хориҷ равад. Ҳоло ӯ дар Ландан ва ё Дубай қарор дорад.
Боло бурдани нархи интернет, ба гуфтаи манбаъ яке аз ин ду ҳадафро дошт:
1. Чун дигар меросбари империяи Бег келини собиқи ӯ ва духтари раисҷумҳур Зарина Раҳмон шудааст, бо талаби ӯ қимати интернетро боло бурданд. Аммо чун диданд, ки мардум сахт мухолафат мекунад ва боло бурдани қимат ҳам ба фоида набуда, баръакс ба зарари “маликадухтар” аст аз ин тасмимашон баргаштанд.
2. Чун қаблан Бег Сабурӣ барои ҳеҷ амали ғайриқонуниаш ҷазо намегирифт, ба ҷавобгарӣ кашиданаш дарҳол баъди аз қудогӣ маҳрум шудан, чандон “дипломатӣ” набуд. Бинобар ин қарор доданд ба дӯши ӯ гуноҳи вазнинтареро бор кунанд. Ин буд, ки тасмим гирифтанд қимати интернетро аввал боло баранд, сипас вақте мардум ба шӯр омад онро поён оварда, Сабуриро гунаҳкор ва нафрати мардумро тарафи ӯ равон кунанд.
Паём бештар ба тахмини аввал моил аст. Чун борҳо шоҳиди он шудаем, ки нархҳо бо талаби “маликадухтарон”-у домодҳо боло бурда мешаванд, манобеъи миллӣ, ҳатто роҳҳо дар ихтиёри онҳо қарор мегирад, аз андоз озод мегарданд ва ғайра. Баъид нест, ки Зарина ҳам “ҳақ”-и худашро талаб кардааст.
Худи раисҷумҳур ҳам, ҳарчанд натавонист талаби “бизнес-леди”-и навбати дар симои духтари ҷавонашро қонеъ кунад, кӯшиш кард аз қзия ду холи хуб ба даст орад: а) Бег Сабури ношудро бидуни сарусадоҳои хонавайронии духтараш ва ба дӯши ӯ гузоштани тамоми бадбахтиҳои халқ гунаҳкор кунад; б) бо бекор кардани он қарор худашро ғамхори халқ ҷилва диҳад. Чуноне ки дар қазияи симкортҳо карда буд.
Аммо тираш ҳади ақал дар бахши дуввум хок хӯрд. Аз вокунишҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки касе ба ин афсонаи ӯ бовар накардааст. Болои оташи ғазаби мардум сухангӯи раисҷумҳур Абдуфаттоҳ Шарифзода равған рехт, ки гуфт то ин замон Эмомалӣ Раҳмон аз қазия хабар надошт. Мардум ҳам суол гузоштааст раисҷумҳуре, ки аз қазияе бо чунин бузургӣ хабар надорад, дар раёсати кишвар чӣ номаъқул мекунад?
Имкон дорад рӯзҳои наздик Бег Сабурӣ гунаҳкори асосии бадбахтиҳои мардум эълон гардида, алайҳаш парванда боз шавад ва боздошт гардад.
Чашгуруснатарин гург дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба бараи қурбонӣ табдил меёбад.
***
P.S. Имкон дорад баъди нашри ин навишта, қарори боздошти Бег Сабур ба таъхир гузошта швад…