Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳолати вахими муҳоҷири тоҷик баъди задани мошин дар Русия

$
0
0

Ду муҳоҷири тоҷикро дар шаҳри Ногински вилояти Маскав, санаи 15 март, вақти гузаштан аз пиёдароҳ, як мошини қимматбаҳо пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Вақте онҳо ба беморхона интиқол меёбанд, маълум мегардад, муҳоҷире, ки аз он Давлатзода ном бурда мешавад, аз ноҳияи сараш зарби сахт хурдааст ва то ба ҳол касеро намешиносад. Илова бар ин пойҳояш аз чанд ҷояш маҷрӯҳ шудаанд ва наметавонад роҳ равад. Аммо, хушбахтона, нафари дувум баъди чанд рӯзи табобат ҳолаташ муътадил шудааст.

Иззат Амон

Дар ин бора ба радиои Паём ҳуқушинос, Иззат Амон, ки бо умури муҳоҷирон сару кор дорад, хабар дода гуфт: “Давлатзода О.М. ва Саидов  А.Б. ҳини аз роҳи пиёдагард гузаштан, як мошини гаронбаҳо бо суръати тез омада, онҳоро пахш мекунад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”.

Иззат Амон мегӯяд, вакили дифоъи ин ду муҳоҷир Магомедшамил Шабанов ҳамкораш будааст ва дар бораи ин қазия аз ӯ хабар ёфтааст. Тавре Иззат Амон ба радиои Паём нақл кард, нафаре, ки ин ду муҳоҷирро бо мошини худ пахш кардааст, собиқ корманди ҳукумати шаҳри Ногински вилояти Маскав будааст.

Тӯли 9 рӯз аст, он нафаре, ки шаҳрвандони моро бо мошин пахш карда буд, ҳанӯз пайдо нашудааст ва пулиси шаҳри Ногинск низ то имрӯз парвандаи ҷиноятӣ боз накардааст. Ба назар чунин мерасад, ки намехоҳанд парванда  боз кунанд. Вакили дифоъе, ки ба ин кор машғул аст Магомедшамиль Шабанов, ҳамкори ман мебошад, ба ман занг зада гуфт, ки аз муфтии шаҳри Маскав сар карда то дигар мақомотҳо занг зада, ӯро ҳатто таҳдид ҳам карда истодаанд, то ки ба дифоъи ҳуқуқи ин ду муҳоҷир машғул нашавад, аз паси ин кор нашавад. Онҳо ба Шабанов гуфтаанд, ки  ин кор фоидае надорад, чунки он нафар бисер одами сатҳи баланд аст. Бинобар ин мо маҷбур шудем, ки ин масъаларо бо воситаи Васоити ахбори омма бардорем, бо вуҷуд заррае бошад ҳам умедворем, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак пайдо мекунад ва ҳадди ақал рафта аз аҳволи ин шаҳрвандаш пурсон мешаванд”.- мегӯяд Иззат Амон


Ба ҷабрдидае, ки аз ноҳияи сараш зарб хурдааст ва ҳамчунин чанд ҷои пойҳояш маҷрӯҳ шудаанд, маъмурияти беморхона гуфтаанд, ки беморхонаро тарк кунад. Ин ҳам ба он сабаб будааст, ки муҳоҷири тоҷик натавонистааст ба беморхона маблағ пардохт кунад.

Бино ба гуфти Иззат Амон ҷабрдидае, ки ҳолати вазнин дошту аз беморхона берун карданӣ буданд, ҳоло дар беморхона аст, пойҳояшро аз 4-5 ҷой ҷарроҳӣ кардаанд.

“Ҷои рафтан ҳам надорад, чунки имконияти ҳеҷ касро шинохтанро надорад. Вақте ки мошин бо суръати тез омада, ду шаҳрванди моро мезанад, яке аз онҳо ба замин бармехурад ва  сарашро ба бетон мезанад. Ба ҳамин ҳолати ваҳими ӯ нигоҳ накарда, мехоҳанд ӯро аз беморхона берун кунанд, ҳоло он ки ӯ на роҳ гашта метавонад ва на касеро мешиносад”. — шарҳ дод Иззат Амон

Давлатзода дар беморхона

Иззат Амон ба саволи Радиои паём, ки оё намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия, сафорату консулгарӣ ва ё намояндагии вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз ин қазия хабар доранд, дар ҷавоб гуфт: “Ба сафорат муроҷиат шудааст, аммо бенатиҷа. Бинобар, аз мо хоҳиш карданд, ки то ба ин қазия расидагӣ кунем”.

Гуфтанист,  айни ҳол бино ба маълумоти расмии Русия дар ин кишвар наздик ба 1 млн 200 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд. Ҳамасола, зиёда аз ҳазор нафар дар муҳоҷирати корӣ, дар Русия ҷон ба ҳақ таслим мекунанд. Ҳазорҳо нафар маҷрӯҳу бемор мешаванд. Аммо аз ҳеҷ ғамхории чашмраси мақомоти ду кишвар бархурдор нестанд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>