Аз шоми рӯзи 23 апрел дар қаламрави Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ дубора масдуд шудаанд.
Ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет дар Тоҷикистон масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро таъйид намуда, аммо эълом кардаанд, ки ин мавзӯъ ба онон бастагӣ надорад ва бояд Вазорати алоқаи Тоҷикистон дар ин маврид тавзеҳ диҳанд.
То ба ҳол имкони дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютюб ва Одноклосники вуҷуд надорад ва истифода аз Инстаграм, Вайбер, Ватсапп, ва Телеграм низ ба шиддат маҳдуд шудааст.
Ҳамчунин ирсоли паёмҳои савтӣ бо истифода аз паёмрасони Ватсапп барои сокинони Тоҷикистон бо мушкил ру ба ру шудааст.
Вазорати алоқаи Тоҷикистон ва дигар идораҳои масъул мисли ҳамеша ҷавобашон инаст, ки масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ кори онон нест.
Коршиносони ин соҳа бар инанд, ки масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон натиҷаи акс медиҳад ва корбарон маҷбур мешаванд, то роҳҳои дигари истифода аз ин шабакаҳоро ҷустуҷӯ кунанд.
Ба андешаи коршиносон фанновариҳои иттилоърасонӣ пешрафт доранд ва роҳҳои зиёди дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад, ки мушкили корбаронро ҳал мекунад. Аз ин ру масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ зиёне ба мардум намерасонад ва муҷиби афзоиши таваҷҷуҳи корбарон ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин маҳдудиятҳо ва баланд шудани дониши фаннии онон мегардад.