Беназир Бҳуту номи худро дар таърихи давлати Покистон, ҳамчун аввалин вазирзани мусалмон сабт кардааст. Дар ҷаҳони ислом низ Беназир аввалин зан дар ин вазифа маҳсуб меёбад. Ӯ Санаи 21-уми июни соли 1953 дар шаҳри Қарочии Покистон дар як хонаводаи асилу маъруф аз модари Эронитабор ба дунё омадааст. Падараш Зулфиқор Алӣ Бҳуту, муассиси ҳизби мардумии Покистон буд. Вақте ки Беназир чорсола буд, падараш намояндаи Покистон дар созмони миллал тавассути раисҷумҳур Искандар Мирзо гардида буд. Сипас ба унвони вазири бозаргонӣ ва баъдтар вазири неърӯҳои низомӣ ва вазири умури хориҷа низ интихоб шуда буд. Яъне Беназир дар оилае ба воя расидааст, ки сар то сар нафаси сиёсӣ мекашид.
Падар барои Беназир тамоми имконоти замонро барои омӯзиши илму фарҳанг қарор дода буд. Ҳарчанд модари эронитабори Беназир шиамазҳаб буд, аммо дар канори хешу табори суннимазҳаби ҳамсараш зиндагии бароҳат дошт ва ҳеҷ ихтилофе дар байнашон вуҷуд надошт.
Ҳарчанд як давраи хурди кӯдакиву наврасиаш дар омӯзиш гузашт, аммо минбаъд падар ҷавонии Беназирро дар ҳаёти сиёсӣ амалан таҷриба омӯзонида буд. Яъне дар тамоми ҷаласаҳо ва дидорҳои сиёсии худ, духтарашро ҳамроҳ мегирифт. Ҷавонии Беназир Бҳуту дар он давраҳое гузаштааст, ки Покистон бӯҳрони сиёсиву иқтисодии душвореро аз сар мегузаронид.
Дар 16-солагиаш барои идомаи таҳсил ба коллеҷи Ҳорвард дохил шуд ва баъди хатми он ба Донишгоҳи Оксфорди Англистон ба риштаи ҳуқуқ ҳуҷҷат супорид. Дар нахустин солҳои ҷавониаш завқе ба сиёсат надошт, аммо ҳангоми таҳсил дар ӯ ин ангеза пайдо шуд, ки тамоюле ба самти сиёсат дорад ва идомабари роҳи падар буданашро нишон дода истодааст.
Ҳузури Беназир дар саҳнаи сиёсати кишвараш, ки мақсадҳои хеле бузург дошт, дар тамаддуни минбаъда нақши хеле муҳим бозид. Вақто Беназир таҳсилро ба итмом расонида ба Покистон баргашт, падараш Зулфиқор Алӣ Бҳуту нахуствазир буд. Аммо чанд рӯз пас аз баргаштанаш дар ҳукумат тазоҳуроте ба вуқӯъ пайвасту артише ҳукуматро ба даст гирифт ва падари ӯро зиндонӣ карданд. Соли 1979 тавассути режими генерал Зиёулҳақ падари Беназирро ба дор кашиданд. Беназирро низ чандин бор дастгир карданд. Соли 1984 кишварашро тарк карду дар Лондон иқомат гузид. Дар ҳамон ҷо бо ҳамроҳии ду бародараш ташкилоте барои мухолифат ва мубориза бо ҳукумати пуристибдод таъсис доданд.
Соли 1985 бародараш аз дунё даргузашт ва Беназир барои ширкат дар маросими дафни бародар ба ватанаш омад. Аммо он ҷо бо далели иштирок дар як гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дубора дастгир шуд. Роҳе пайдо карду маротибаи дигар ба Лондон фирор кард. Соли 1986 моҳи апрел бар зидди Зиёулҳақ тазоҳуроте густарда шуд, ки Беназир боз ба Покистон баргашт. Бо баробари бозгашти Беназир ба ватан, мардуми тазоҳургар далертар шуданду ошуфтанду ба таври кулли хостори канорагирӣ ва истефои Зиёулҳақ саф оростанд.
Соли 1988 баъди марги Зиёулҳақ хушунатҳои низоми дар саросари кишвар анҷом ёфт ва моҳи августи ҳамон сол тайи интихоботи озоди мардумӣ Беназир нахуствазири кишвар интихоб шуд. Дар синни 35 солагӣ ӯ яке аз ҷавонтарин роҳбарон ва қонунгузорон дар дунё буд. Танҳо ду сол пас аз тарафи Ғулом Исҳоқхон раисҷумҳури он давра Беназир аз мақомаш барканор гардид. Дар соли 1993 бошад бори дуввум ба вазифаи нахуствазирӣ барқарор гардид. Тайи солҳои нахуствазириаш ба маҳалҳои дурдасти Покистон хатти барқ кашид, бо фақру гуруснагии мардум мубориза бурду роҳҳои зиёди раҳоӣ андешид ва амалӣ сохт. Барои беҳдошти зиндагии мардум маскани зиндагиашонро дурусту бехавф таҳия кард. Бо ришвахориву фасоди моли муборизаи беамон бурд ва ин ҳама авлавиятҳои Беназир дар иқдомоташ буданд. Ҳамчунин зиндониёни сиёсиро, равшанфикрони замонашро раҳоӣ бахшид. Бо Ҳинд густариши робитаро ба роҳ андохт. Лағви мамнӯъияти фаъолияти иттиҳодияҳои донишандӯзӣ, эҷоди таҳсилот барои фаъолияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳои занон, чопи озоди ахбор бидуни сензура дар телевизион, радио ва нашриёт ва ғайра аз ҷумлаи фаъолиятҳои Беназир дар давраҳои нахуствазирӣ аст.
Соли 1996 раисҷумҳури Покистон боз ҳам Беназирро аз симматаш барканор кард. Пешниҳоди ҷадиди Бҳуту ба нахуствазирӣ соли 1997 бо шикаст анҷом ёфт ва хукумати мунтахаби баъдӣ бо Навоз Шариф рӯйи кор омад. Дар ин давра ҳамсари Бҳуту зиндонӣ шуду худи Беназир маҷбуран боз кишварашро тарк кард. Тайи 9 сол дар Лондон бо фарзандонаш зиндагӣ кард. Соли 2007 бошад ба Ватан бозгашт, ки садҳо ҳазор нафар мардуми ҷонибдори Покистон ба истиқболаш баромаданд. Издиҳоми бузурги мардуми истиқболгиранда худ аз он дарак медод, ки халқ аз ҳукумати кунунии замон норизост.
Интихоботе, ки соли 2008 бояд баргузор мешуд, мардум мехост Беназирро боз ҳам ба вазифааш баргардонад, аммо соли 2007 санаи 27-уми декабр дар шаҳри Ровалпинди дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ-интиҳорӣ Беназир Бҳуту ба қатл расид. Ҳарчанд дар ин террор давлати Покистон гурӯҳҳои Толибон ва Ал-Қоидаро гунаҳкор донист, аммо сарони худи гурӯҳҳо эълом доштанд, ки дар куштор нақше надоранд. Ҷасади Беназирро дар вилояти Синди Покистон дар канори қабри падар ва ду бародараш дафн карданд.
Албатта корнамоии сиёсии Беназир ҳамагӣ дурахшон нестанд ва сафаҳоти торике ҳам мушоҳида мешаванд. Яке аз онҳо таъсиси гурӯҳи толибони Афғонистон ва низ ҳимоят аз гурӯҳи террористии Ал Қоида аст. Боз ҳам ҳамон гурӯҳе, ки ба дасти ҳаводорони покистонии он саранҷом ин бонуи сиёсатмадор кушта шуд.
Аз Беназир ду духтар ва як писар ба номҳои Бловел Бҳуту Зардорӣ, Бахтовар Бҳуту Зардорӣ ва Осифа Бҳуту Зардорӣ баҷо мондааст.
↧
БЕНАЗИР БҲУТУ
↧