Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Садои чир-чири малахҳо аз зери пояшон мебарояд

$
0
0

1.Духтури ҷарроҳ Эван Кейн соли 1921 худашро ҷарроҳӣ карда, кӯррӯдаашро гирифта партофта буд.

2.Дар ҷазираи Сулавесии Индонезия мардум як одати аҷиб доранд. Онҳо мурдаи хешу таборашонро баъди 2-3 сол аз қабр бароварда либоси нав мепӯшонанд ва ҳамроҳаш суратгирӣ, яъне селфи мекунанд. Ин ҳолат ҳатто обрӯйдории мурдаҳоро нишон медодааст.

3.Ҳангоми дар гирифтани равған, набояд оби камро пошид, зеро об ба алангаи оташ бештар ёрӣ мерасонад.

4.Аниқ аст, ки аз оташи шамъи даргирифтаистода алмос тайёр карда мешавад, фақат технологияи тарзи тайёркунӣ то ҳанӯз кашф нашудааст.

5.Одамоне, ки баланд гап мезананд, ҳисси шунавоиашон паст аст. Онҳо дигаронро низ мисли худ мешуморанд.

6.Мусикашинос Бетховин кар буд, аммо асарҳои зиёди мусикиро навиштааст. Мегӯянд, ки даҳонашро кушода роял менавохт ва аз роҳи даҳон аз даруни гӯшҳояш  овозро дарк мекард.

7. Сангшиканҳое, ки  кӯҳпораҳоро бо гранит метарконанд, доимо ҳангоми таркиш даҳонашонро калон мекушоянд, то садо аз беруну даруни садопардаҳои гӯш баробар расад. Вагарна агар даҳонашонро накушоянд, пардаи гӯшашон медарад.

8. Шерҳо, он қадар бо овози баланд нара мекашанд, ки то се километр дурӣ садояшон меравад

9.Садои чир-чири малахҳо аз даҳонашон не, балки аз зери пояшон мебарояд.

10. Кӯдак дар батни модар  ҳанӯз аз овони чормоҳагӣ овози падарашро  аз дигарон фарқ мекунад.

11.Тухми шутурмурғ 3 кг вазн дорад

12. Мӯрчаҳо ҳангоми эҳсоси хатар аввал тухмашонро мекашонанд.

13. Бештари ҳашарот дар зимистон ях баста, баҳор боз зинда мешаванд

14.Бӯйи садбарги сафед хотираро мустаҳкам мекардааст

15. Як дона сигор ба хӯроки асб ҳамроҳ шавад, мемирад.

16.Дар фурудгоҳҳо одатан  тайёраҳо ҳангоми фаромадан кабӯтарҳоро пахш мекарданд. Олимоне, ки садои кабӯтаронро омӯхтанд, қабл аз фаромадани тайёра садои сабтшудаи даъвати кабӯтаронро мегузоштанд ва кафтарҳо ба самти садо мепариданд. Бо ин роҳ наҷот меёфтанд

17.Дили одам дар як дақиқа 65-75 маротиба метапад. Дили фил бошад 25 маротиба. Дили паранда колибри 1200 маротиба метапад. Дунё дар назари колибри беҳад суст аст

18.Филҳо ва китҳо дар дунё ба бемории саратон дучор намешаванд

19. Олимон билохира дар он боваранд, ки делфинҳо хусусияти фикрронӣ доранд. Фақат хеле кӯтоҳ

20.Санҷобҳо аз дарахти баландиаш 35 метр ҳам худро ба замин мепартоянд, аммо осеб намебинанд


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles