Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Зеленскии тоҷик кай ба майдон меояд ва ё ИНТЕРНЕТ ВА ИНҚИЛОБ

$
0
0

Бурди пурсарусадои Владимир Зеленский дар интихоботи президентии Украина 21 апрели соли 2019 саҳифаи навест дар таърихи ҳавзаи пасошӯравӣ. Феномени як ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори 41-солаи берун аз долонҳои сиёсӣ, ки тавонист боварии мардуми Украинаро сазовор гардида, ба чунин осонӣ як рақиби таҷрибадору сиёсатмадори худро мағлуб намояд, бешак мавриди омӯзиши сиёсатшиносони олам қарор хоҳад гирифт. Муҳим он аст, ки Петро Порошенко – ин рақиби бой ва соҳибқудрат ҳам пас аз муборизаи шадиди сиёсӣ барои курсии президентӣ пирӯзии рақиби ҷавонашро эътироф намуд ва гуфт интихоби мардуми украинро эҳтиром мекунад. Дар Украина ивазшавандагии ҳукумат бе хунрезӣ ба ҳакми анъана медарояд.

Ба сари қудрат расидани ҳунарпешаҳои маҳбуб дар таърихи олам ҳодисаи нав нест. Аз ҷумла, Роналд Рейган, президенти 40-уми ИМА (солҳои 1981 – 1989) низ дар гузашта ҳунарпешаи синамо ва барандаи радио буд. Новобаста аз ин ҳама, ҳаводиси охири Украина бархеро ба ҳайрат овардааст, ки оё як ҳунарпеша метавонад аз ӯҳдаи идораи чунин мамлакати бузург барояд. Ин суолест, ки ҷавоб ба он вақти муайянро талаб менамояд. Гап сари тағйири мафкураи қолабгирифтаи мост.

Таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон чун як кишвари ба ном соҳибистиқлол зери роҳбарии Кремл нафари якуми интихобиро дар хотир надорад. Вазифаи раҳбари аввал ҳамеша таъинӣ буд ва онеро таъин менамуданд, ки ба Кремл содиқ бошад. Нафаронеро, ки кӯшиши ҳифзи манфиати халқи худро карданд, бо ҳар баҳонае сиёҳ гардонидаву дар зиндонҳои сталинӣ гумном карданд. Истиқлолияти ба осонӣ ба даст омадаи соли 1991 низ ба хун оғушта гашт ва мардуми тоҷик то имрӯз шаҳди онро начашидааст. Агар мардум нав аз зулми абарқудрате озод шуда бошад, ба зулми гурӯҳи яроқбадасти дохилӣ гирифтор шуд. Акнун барои ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ аз дасти золимони худӣ мебояд ин халқ мубориза барад.

Он озодихоҳоне, ки аз нимаи дуюми солҳои 1980-ӯм барои истиқлолияти Тоҷикистон садо баланд карданд, пас аз кашмакашҳои дохилӣ ва найрангҳои минбаъдӣ аз саҳнаи сиёсӣ иҷборан берун андохта шуданд. Сиёсат дар дасти гурӯҳе воситаи ғорати мардуми худ қарор гирифт. Ба касе пӯшида нест, ки Раҳмон ва авлодаш танҳо пас аз ба сари қудрат омадани ӯ ва махсусан пас аз “безарар” гардонидани қумондонҳои саҳроӣ, ки ӯро зери мили автомат соҳибқудрат сохтанд, бо суръати кайҳонӣ бой шуданд. Ба қавли русҳо “с грязи — в князи”. Агар дар соли 2012 буҷаи Тоҷикистон ҳамагӣ 1.8 миллиард доллар бошад, ба қавли Бонки Ҷаҳонӣ тавассути Бонки Миллии Тоҷикистон ба минтақаҳои офшорӣ дар худи ҳамин сол 3,5 миллиард доллар интиқол дода шуд. Қариб ду маротиба аз буҷаи Тоҷикистон бештар!

Касодии иҷтисодӣ мардумро маҷбур кард барои ҷустуҷӯи як бурда нон ба хориҷи кишвар ҳиҷрат кунанд. Касоне ҳам барои доимӣ аз кишвар фирор намуданд. Мағзҳо минҷумла. Мухолифони сиёсӣ дар ҳабсхонаҳо ва ё дар хориҷ замоне карахт шуданд. Хаёле Рахмон ва командааш бо бераҳмии бемислашон ғолибияти комилро ба даст оварданд. Ҳатто муяссарашон гардид то дар хориҷ низ мухолифони фаъолро кушта, дар дили гуногунандешон ваҳм ҷой кунанд. Ҳама кӯшиши ин командаи ғоратгар дигар зидди мухолифин равон карда шуд: филмҳо сохта ҳама пешвоёни эҳтимолиро сиёҳ мекарданд, шеъру достонҳо навишта аз Раҳмон бузургвор сохтани мешуданд. Ва некуаҳволии халқро аз хотир бароварданд.

Ҳиҷрат бо ҳама азобаш барои кушода шудани чашми мардуми дар хоби ғафлат мондаи тоҷик як таҷрибаи хуб шуд. Махсусан муқоисаи зандагии мардум дар кишварҳои Аврупо як ибрати ҳайратовар гардид. Ба қавли Алим Шерзамонов зиндагӣ дар мамолики пешрафтаи Аврупо ҳатто ақидаи кормандони Кумитаи давлатии амниятро, ки барои “шикор”-и  саркардагони мухолифин сафарбар гардида буданд, тағйир дод. Дастрасӣ ба иттилооти алтернативӣ ба мафкураи ҷавонони тоҷик такон бахшид. Васоити ахбори оммаи тоҷикӣ бо усулҳои идеологии шӯравӣ дигар пеши роҳи ҷаҳонишавии мардумро гирифта натавонист. Кулминатсияи ин ҳама рушд он гардид, ки ҳатто журналистони рӯзномаи ба Раҳмон содиқи “СССР” низ зидди қиммат гардидани нархи интернет дар мазраи ом садо баланд намуданд. Ва дар натиҷаи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ Эмомали Раҳмон шоми 23 апрели соли 2019 маҷбур шуд қарори қиматшавии интернетро лағв кунад. Маҷбур шуд! Чун дигар илоҷ надошт. Мардум ба дод омаданд! Косаи сабр лабрез гардид.

Ин шикасти Рахмон буд. Ва ҷомеа онро бо хушнудӣ пазируфт. Мардум дигар пичиррос назаданд. Ва бо овоз ҳамдигарро бо ин ғалаба табрик гуфтанд. Мавҷи хушҳолӣ интернетро фаро гирифт. Акнун ҳама ба ҳамдигар паёмаки шодӣ менависанд, ки бояд Раҳмону командааш то интихоботи навбатӣ наистода, мардумро ба ҳоли худ гузоранд. Он ки дар Душанбе роҳгузарон дар якҷоягӣ ҷавонеро аз дасти облавагирони Раҳмон кашида халос карданд, эътирози рӯиросташон аз бедодгарии ин команда буд. Он, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҷинояти рӯирости кормандони ин ниҳоди давлатиро сабт карда, ба интернет мегузоранд ва дар хиёбонҳо зидди қарори як корхонаи давлатӣ/раҳмонӣ имзо ҷамъ меоваранд, аз ҷасораташон дарак медиҳад. Дунё дигар тағйир хурд!

Дар ҳашт моҳи охир ин аввалин шикасти рӯирости Раҳмон нест. Сеюмин юриши яроқноки Раҳмон ба Бадахшон дар моҳи сентябри соли 2018 бо мақсади шикастани ин мардуми сарбаланд халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Дар ин раванд истодагарии беназири мардуми баномус ва муттаҳиди Бадахшонро махсус бояд қайд кард.  Садо баланд кардани мухолифини сиёсӣ аз Аврупо, норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи интернет диққати аҳли оламро ба бедодгарии ин сарвари диктатор ҷалб сохт. Раҳмон тарсид ва аз нияти хунсо кардани як минтақаи озодипараст ақибнишинӣ кард. Ҳини амалиёти бехирадонаи дуздии Шарофиддин Гадоев низ бо филмҳои қалбакии вазири амнияташ шармандаи олам шуд! Ва, инак аз дасти ҷомеаи шаҳрвандӣ низ шикаст хурдю 3:0!

Дар баробари фаъолгардии оппозитсияи сиёсӣ таъсиси як ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон падидаи лоиқи таҳсин аст. Ин дигар он ҷомеаи шаҳрвандии ба таври сунъӣ бавуҷудовардаи созмонҳои байналмилалӣ нест. Инҳо фаъолоне ҳастанд, ки ихтиёрӣ, на бар ивази музд ба пешравии мардуми худ мусоидат мекунанд. Ин насли навест, ки дигар наметавон онро аз ҷанги шаҳрвандии собиқ тарсонд. Акнун мардум ба сиёсат кор мегирад! Дигар Раҳмон ва командааш наметавонанд бигӯянд: “Ба сиёсат кордор набошед! Ин кори шумо нест!”. Имрӯз мардум фаҳмиданд. Сиёсат тарс додани мардум нест! Сиёсат ғорат кардани мардум нест! Сиёсат дар ҷомеаи демократӣ хизмат кардан ва ҳисобот додан ба мардум аст! Агар то дирӯз Раҳмон демократияро чун бозичае барои дароз кардани мӯҳлати роҳбариаш истифода мекард, дигар чунин нест! Мардум бедор шуд ва ин фоли нек аст.

Баргардем ба ғалабаи Зеленский дар интихоботи Украина. Агар як колхозчии камсавод як давлати нӯҳмиллионаро тӯли 26 сол роҳбарӣ кард, пас чаро як ҳунарманди муваффақ ва доное чун Зеленский натавонад Украинаро роҳбарӣ намояд? Махсусан ҳангоме халқ чунин салоҳиятро барояш дода бошад. Вақте барои Маскав пахтаи Тоҷикистон муҳим буд, танҳо хатмкардаҳои донишгоҳи аграрӣ ва иҷтисодчиён роҳбар таъин мешуданд. Вақте Раҳмон истифодаи парлумонро ба манфиатҳои оилавиаш оғоз кард, дар Тоҷикистон касби ҳуқуқшиносӣ муд шуд. Имрӯз ҳангоме дар Тоҷикистон ҳама мардум дар стадионҳо бо шиками гушна мерақсад ва вазирон бо либоси низомӣ басаҳнагузорандаанду филмнома менависанд, магар вақти он нарасидааст, ки ягон режиссёри муваффақ дар сиёсат шахси аввал интихоб гардад?

Дунё тағйир хурд. Ба гуфти русҳо “лед тронулся”! Дар конфронси фаврии матбуотиаш пас аз ғалабаи бечунучарои худ дар интихоботи Украина қаҳрамони мо хитоб ба мардуми пасошӯравӣ гуфт: “Ба мо нигаред! Ҳама чӣ имкон дорад!” Яъне, Тоҷикистон низ истисно нест. Мардуми азияткашидаи тоҷик низ ба зиндагии беҳтар ҳақ дорад.

Анвар Мунавваршоев        


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>