Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ХИСЛАТҲОИ БАДИ АРӮС

$
0
0


Як оилаи оддӣ барои хонадор кардани фарзанди худ хеле заҳмат мекашанд. Падару фарзандон бояд моҳҳо меҳнат кунанд, то сарфу хароҷоти туйро дарёфт намоянд. Модари домод ба сад умеду орзӯ қадамҳои арӯси худро интизор мешавад. Хонадон ҳамаги фикр мекунанд бо омадани келин, як нафари дигар ба оила пайванд мегардад ва хушбахтии дигаре зам мешавад. Келине, ки мисли духтари хонавода меҳрубону вафодори оила мегардад.

Сад афсӯс, пас аз муддате дар баъзе оилаҳо аз омадани келин ҷоми умедҳо пора мегардад. Вақте фаҳмиданд, ки келине, ки ин ҳама интизораш буданд, на ҳамчун аъзои оила, балки ҳамчун рақиби оила ворид шудааст.

ХАБАРКАШӢ

Сабаби аксари ҷангҷолу бадбинии мардум аз хабаркашии баъзе фитнагарон сурат мегирад. Ду нафари бо ҳам дӯстро бо хабаркашии худ душман месозанд.

Агар келини хона ин хислатро дошта бошад, вой ба ҳоли хонаводаи шавҳар. Бо як хабаркашӣ байни оилаи худу оилаи шавҳар метавон ду оиларо бадбину бадхоҳи ҳамдигар сохт. Дар ҳама хонадон талошу низоъ вуҷуд дорад. Чигунае, ки модар духтари худро танбеҳ мекунад, гоҳе хушдоман низ келинро танбеҳ мекунад. Набояд низоъҳои оилавиро ба хонаи падарӣ хабар кашем. Аз хабаркашӣ ба ҷуз зиён ҳеҷ фоидае намебинӣ. Бо хабар кашидан  фақат бадбинии ду оила зиёд мешаваду бас.

Келин метавонад аз низоъҳои оилавӣ ба касе хабар диҳад,ки роҳҳои ҳалли ин низоъҳоро ба ӯ ёд диҳад. То дар оянда пеши роҳи ин мушкилиҳоро гирифта тавонад. Модару хоҳарони келин ба ҷуз зиёд кардани кашмакаши кори дигаре намекунанд, чун гумон мекунанд як оилаи бегона духтарашонро азоб дода истодааст. Хабаркашии келин ҳам хиёнат ба шавҳару хонадонаш аст, ҳам суханчинӣ ва ҳам фитнаву бадбинӣ андохтан байни ду оила аст, ки ҳама аз гуноҳҳои кабира мебошанд.

ДАҒАЛИВУ ТЕЗЗАБОНӢ

Сарчашмаи аксари хатогии инсон забонаш мебошад. Паёмбар мегӯянд:

Мардум ба оташи дузах партофта мешаванд, танҳо ба хотири гуноҳҳое, ки забонашон содир кардааст. ( Абудовуд ва Тирмизӣ)

Келине, ки бо дағаливу теззабонӣ ба бузургони оила муносибат дорад, обурӯву эҳтиромашро аз даст медиҳад. Зани бохирад метавонад бо суханҳои ширину хирадмандона дили оилаи шавҳарро ба даст орад. Табиати мардум гуногун аст, яке хашину дигаре ширинзабон ҳастанд, аммо сухани ширин ҳамеша маҳсули хуб меоварад. Тарзи сухан гуфтану муомилаи келин, то чӣ андоза маданиятнокиву боахлоқ буданашро мефаҳмонад.

АЗ ХУД ДОНИСТАНИ МОЛИ ШАВҲАР

Дуруст аст, ки  шавҳар бояд аз лиҳози моддӣ ҳамсарашро таъмин созад. Либосу ҷои зисту хурдухуроки келин ҳамаааш ба гардани шавҳар аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки пас аз хонадоршавӣ фақат бояд ба зану фарзандонат ёрӣ кунӣ. Падару модар то рӯзе, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, нигоҳубину кӯмакашон ба гардани фарзандон воҷиб аст. Ҳастанд хоҳароне, ки намегузоранд шавҳарашон ба падару модараш кӯмаки молӣ расонад. Ҳатто барои кӯмаки волидон ҷангу ҷидолу қаҳр ҳам мекунанд. Хоҳарам дунё дар гардиш асту замон дар ҷояш истоданӣ нест. Имрӯз ту келин ҳастӣ, фардо модар мешавиву баъдтар хушдоман. Оё мехоҳӣ фарзандат ба ту ин гуна муомила кунад? Бидон, кумакҳои шавҳарат ба волидон сабаби баракати амволи шавҳарат ва ризқи фаровони туву фарзандонат мегардад.

РАШКУ БАХИЛӢ БА МОДАРУ НАЗДИКОН

Сад афсӯс, ҳастанд келинҳое, ки агар шавҳарашон ба модару хоҳари худ ё наздикони дигар меҳрубонӣ кунад ва ё тӯҳфае диҳад, дар ҳол табиаташон дигар мегардад. Баъзеҳо худро аз даст дода, на танҳо рангӯ рӯяшон мепарад, ҳатто баъзе суханҳои ноҷо мегӯянд. Мисли шароиту хуб надоштем, кош ба ҷои тӯҳфа ба модар ба фарзандаконат пойафзол мехаридиву инҳо. Кош ин келин баҷои ҳасодату бахилӣ худ низ ба наздикони шавҳараш баъзе ҳадияҳо медод, то меҳру муҳаббати онҳоро пайдо мекард. Паёмбар мегӯянд:

تهادو اتحابوا

Бо ҳамдигар ҳадияҳо диҳед муҳаббататон зиёд мегардад. (Бухорӣ )

Шавҳаре, ки ҳамсараш рашкину бахил аст, бояд ислоҳаш кунад, то аз бахилӣ нисбати наздиконаш дурӣ кунад. Агар табиати ҳамсараш ислоҳ гаштанӣ нест, тӯҳфаҳои худро ба наздикон аз ҳамсараш пинҳон дорад.

Асло ба хотири зан аз накӯи ба модару наздикон набояд даст кашид.

РИЗОГИИ МОДАР

Накӯи ба модар ва силаи раҳми хешовандон аз авлавиятҳои мусалмон аст. Паёмбар мегӯянд:

Ҳақдортарин шахс болои зан шавҳараш мебошад, аммо ҳақдортарин шахс болои мард модараш аст. (Мустадраки Ҳоким)

Ба хотири ризогии зан асло аз накӯи ба падару модар даст накашед. Бо як дуои онҳо дунёро ба даст меоред. Инчунин бо як оҳи онҳо дунёву охирататонро месӯзонед.

НИЗОЪ АНДОХТАН БАЙНИ ШАВҲАРУ НАЗДИКОН

Агар разилтарин хислати инсонӣ ошӯб андохтани азизон бо ҳамдигар гуем, ҳам хато намекунем. Вой, ки чӣ қадр аламнок аст, вақте писар ба хотири занаш ба сари модар дод занад ва ё даст ба сари хоҳар бардорад. Модар пеш аз хонадоршавии писараш ба доду ғалбаи писараш шояд бо нигоҳӣ оддӣ назар кунад, аммо пас аз хонадоршавӣ ин хислат, чун теғе дили модарро захмӣ мекунад. Келини бохирад ҳама мушкилиҳои кӯчаку бузургро набояд ба шавҳари худ хабар диҳад. Баръакс ба шавҳар вонамуд созад, ки гӯяё ҳеҷ мушкилие бо модараш надорад. Ин хислат сабаб мегардад, ҳам боварии шавҳараш зиёд гардад, ҳам меҳри наздикони шавҳарро ба даст орад.

ФОШ КАРДАНИ СИРРУ АСРОРҲОИ ОИЛА

Ин як дарди дигари ҷомеъа аст. Баъзе хоҳарон ба ҷои ба дарду алами хонавода ҳамроҳ гаштану то тавон сирру асрори оиларо нигоҳ доштан, тамоми сурру асрори оиларо ба дигарон фош месозанд. Ба маҳзи келин ба хона омадан, ҳамсояву дугонаҳо хешу табори арӯс аз тамоми асрори иҷтимоиву иқтисодии оила огоҳ мегарданд.

Магар ин хоҳар арӯси ин оила аст ва ё ҷосуси ин хона. Ҳатто ҳамсояҳо аз даҳони келин гирифта, ба аҳли хонавода таъна мезананд.

Рӯзе Паёмбари Худо аз назди қабре мегузаштанд ба яке аз қабрҳо нигоҳ карда гуфтанд:

Соҳиби ин қабр алъон азоб мекашад, сабаби азобаш суханчиниҳояш аст, ки дар байни мардум анҷом медод.(Бухорӣ ва Муслим)

Келине, ки сирру асрори оиларо ба дигарон фош мекунад, яқин бидонад, ки дигар боварии оиларо сазовор нест. Ҳамагон аз ӯ камтарин чизҳоро пинҳон мекунанд, ва ӯро на аъзои оила, балки аз ҷосусон меҳисобанд. Паёмбар мегӯянд:

Аҳли имонро ғайбат накунед. Аз паи фошсозии айбҳои мусалмонон нагардед. Касе, ки аз паи айбҷӯии мусалмонон бошад, Аллоҳ аз паи аёбҳои ӯ мешавад. Вақте Аллоҳ айби касеро пайгири кард, ӯро шарманда месозад, агарчӣ дар даруни хонаи худ пинҳон бошад. (Абудовуд)

Хоҳаракам бо ғайбату бадгӯи нисбати модару наздикони шавҳарат киро шод месозӣ?

Чӣ бурд мекунӣ? Инҳо азизони марде ҳастанд, ки бо ӯ мехоҳӣ, то охири умр зиндагӣ кунӣ.

Баръакс аз наздикони шавҳарат дифоъ куну нисбаташон бадгӯи макун, то дар ояндаи наздик келинҳо нисбати туву духтаронат дасиса накунанд.

Хоҳарони ширин бояд бидонем оилаи ҳамсар ба мо бегона нестанд, ману шумо хоҳем нахоҳем дар вуҷуди фарзандонамон хуни ҳамин оила медавад, инҳо як қисм ҳаёти мо мебошанд. Ба ҷои бадгӯиву танофур рафоқату муҳаббатро кор барем, фаромӯш насозем, ки имрӯз ҳамчун келин вориди даргоҳи ин оила гаштем, фардо айнан ҳамин тавр келине вориди даргоҳи мо мегардад. Аллоҳ бо адлу ҳикматаш ба хубон хубиҳо насиб мегадонад , аммо бадонро беҷазо раҳо намесозад. Пас бо хубиҳои худ мунтазири хубиҳои оянда бошем. Хубиҳои келин, хубиҳои фарзанду наберагон аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>