Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қиссаи «АНОР»

$
0
0

Нисо нав мактаби миёнаро хатм карда буд, ки сафи хостгоронаш бисёр шуда рафтанд. Қомати болояш, чашмони шаҳлояш, кокулони дарозу зебояш ва тамкини ба худаш зебанда, назари ҳар харидоро мерабуд. Ниҳоят Нисоро ба Ҷовид ном ҷавон фотеҳа карданд. Тирамоҳ туй шуд.

Хонаи нав, одамони нав, дегу табақ, расму русум, тарзи муомила…

Дар ин миёна барои келини нав наздиктарин ҳамроз шавҳараш буд. Аммо барои пардохти баъзе аз харочоти тӯй Ҷовид карздор шуда буд. Роҳи муҳоҷират пеш гирифт. Акнун Нисо танҳо монд. Як моҳ гузашт аз рафтани домод, локин гӯё сол шуда бошад.

Нисо рӯзҳоро бо гузашти соатҳо мешуморид ва ҳар субҳ як санаи тақвимро хат зада, санаҳои боқимондаро ҳисоб мекард. Як субҳ аз хоб барвақт хеста берун баромаданӣ шуд, сараш чарх зада ба ҷояш нишаста монд. Он рӯз ҳам бегоҳ шуду сатилҳои холиро пур кардан лозим буд. Кӯча баромад, сатилро ду-се обгардон карда, зери ҷуммак гузошт. Ҳамсоязани мевафурӯш мегузашт, ки дар сабадчааш анорҳои кафидарафта назари Нисоро рабуд. То панаҳ шудани он зан ба сабадаш нигаристанашро нафаҳмида монд. Об пур шуда рехту садояш Нисоро ба худ овард.

Баъдтар зарфҳои  ношустаи хӯроки бегохиро мешуст, ки писараке холагӯён аз дарвоза даромад. Дар даст табақчаи пур-пури анор дошт. Чашмони арӯс дурахшиданд, даҳонаш об кушод. Аммо анорҳоро хушдоманаш гирифта даромад.

Арӯси нав чй хел мегӯяд, ки диҳед, мехӯрам. Мешармид Нисо. Якчанд рӯзи дигар гузашт ва арӯс интизори меҳмон буд, то бо баҳонаи меҳмон анор хӯрад. Ниҳоят хоҳари Ҷовид Ҷамила омад. Он рӯз хеле хуб гузашт, оши палав пухтанд, шаб шуд, ба ҷойхоб даромаданд. Сӯхбаткунон хоби Ҷамила ва кӯдакаш бурд. Нисф шуд шаб.

Садои гиряи кӯдак Нисоро бедор кард. Гаҳвора ҷунбонид, аммо ором карда натавонист. Дастбандҳоро кушода, кӯдакро ба парпеч гирифта, берун баромад. Барфи аввал меборид. Хавлӣ сап — сафед. Ба хонаи хушдоманаш даромаду чароғро гиронд. Дар атрофи сандали модару духтар, руйи дастурхон пӯстлохи анорҳои хӯрдашуда буданд.

Келинҷон, барвакттар биёед, анор мехӯрдед,- гуфт Ҷамила.

Кӯдакро ба модараш дода, Нисо ба хонаи хобаш баргашт. Марӯони ашкаш рӯйи кӯрпаи духоби сурх чакида, донаҳои анор барин медурахшиданду нопадид мешуданд. Он шаб охирин лаҳзаҳое буд, ки дили Нисо анор ҷӯяд. Субҳи дигар анорро дидан ҳам нахост.

Аз рафтани Ҷовид сол гузашт. Вақти омаданаш ҳам шуд. Нисо сари гаҳвораи духтараш алла мехонад. Анора хобидан намехоҳад. Рухсори гулгунаш гули анорро мемонад. Ба модараш нигариста, табассум дорад . Кай парвои алла дорад? Падараш меояд, анор меорад, бо модараш мехӯранд.

Анор набошад, мегузорад. Бе Анора намешавад.

Дар хонаи хамаатон Анораҳо бошанд..


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>