Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Андоз аз сайёҳон дар соли рушди сайёҳӣ

$
0
0

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд сайёҳон ва ҳоҷиёнро ҳам андозбандӣ кунанд. Минбаъд ҳар сайёҳи воридшаванда ба Тоҷикистон ва сайёҳони ватанӣ бояд ба давлат андоз супоранд. Ҳоҷиёнро ҳам ҳукумат фаромӯш накард.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба будҷаи Тоҷикистон»-ро дар порлумон муаррифӣ мекард, даъво кард, ки ин маблағҳо ба хотири рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ситонида мешаванд.

Тарҳро парлумон ҷонибдорӣ кард ва минбаъд ар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, бояд барои ҳар рӯзи будубошаш дар кишвар як доллар боҷ супорад. Сайёҳони ватанӣ ҳам, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷ мераванд, муваззаф шуданд ҳамин миқдор андоз супоранд.

Тибқи иттлоъи вазир, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 145 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Ӯ гуфт соли гузашта аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион сайёҳ дидан кардаанд. Шумори тоҷикистониёне, ки ба хориҷ барои саёҳат мераванд, зикр нагардид.

Бад-ин минвол, давлат мехоҳад ҳудуди 10-15 миллион доллар андози иловагӣ ба даст орад. Вале оё ин андозбандӣ боиси камтар гаштани сайёҳон ва баръакс зарар дидани буҷа намегардад, вақт нишон хоҳад дод.

Ҳамчунин, тибқи ин қонун, минбаъд ҳоҷиён низ маҷбур ба супоридани боҷи 50-долларӣ ҳастанд. Қимати сафраи ҳаҷ барои соли ҷорӣ 35000 ё каме бештар аз 3700 доллар муайян карда шудааст. Ин нарх назар ба соли гузашта 1800 доллар бештар аст.

Мақомот дар ҳоле қимати сафари ҳаҷро боло мебаранд ва мехоҳанд аз ҳоҷиён андози иловагӣ ситонанд, ки се соли охир шумори зоирони хонаи Худо бо шиддат ка мешавад. Агар 4 сол қабл шумори хоҳишмандон ду баробар бештар аз адади ҷудошуда барои Тоҷикистон буд, соли гузашта камтар аз адади ҷудошуда хоҳишманд пайдо шуд. Яъне дар 3 сол шумори зоирон қариб се баробар камтар гардид.  

Тоҷиконе, ки дорои мақоми душаҳрвандӣ ҳастанд, тарҷеҳ медиҳанд бинобар арзон будани нархи сафар, аз Русия ба ҳаҷ раванд. Соли гузашта шумори тоҷиконе, ки аз Русия ба ҳаҷ рафтанд, бештар аз шумори онҳое буд, ки аз Тоҷикистон рафтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>