Хостгорӣ дар шариати Ислом яке аз мавзӯъҳои муҳим аст. Зеро хостгорӣ муқаддимаи барпо кардани як оилаи нав буда, сабаб мешавад, то ду ҷуфти оянда ҳамдигарро бишиносанд. Бо пайдо кардани маълумот нисбати ҳамдигар як оилаи мустаҳкаме бунёд намоянд.
Чигуна иҷро шудани хостгорӣ ба урфу одатҳои мардум вобастагӣ дорад. Ҳар як макон урфу одатҳои хоси худро доранд. Ҷойҳое ҳаст, ки худи домод ба хостгорӣ меравад ва ҷойҳое ҳаст, ки хостгорӣ тавассути пайвандони домод суръат мегирад.
Шиносоии издивоҷкунандагон пеш аз номзадӣ
Бояд зикр кунем, ки пеш аз хостгорӣ ду ҷуфт метавонанд ҳамдигарро бубинанд ва нисбати ҳамдигар тасаввурот дошта бошанд.
Вақте Муғира писари Шуъба, саҳобии киром занеро хостгорӣ кардан хостанд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Муғира гуфтанд, ки номзади ояндаатро бубин! Чун шинохти пешакии ту сабаб мегардад, ки оилаи мустаҳкам бино кунӣ! (Сунани Тирмизӣ)
Аммо, дидани ҳамдигар бояд дар чорчубаи ислом бошад. Мард метавонад танҳо ба рӯй ва дастони духтар нигоҳ кунад. Зеро зебо ва ё зишт будани як нафарро метавон аз чеҳрааш шинохт. Агар домод бихоҳад маълумотҳои изофагии дигаре дар бораи номзади ояндааш дошта бошад, инро бояд ба воситаи яке аз наздиконаш, хоҳар, амма, хола ва ё нафари дигар анҷом бидиҳад. Муҳим, нафаре бошад, ки амонатдор аст ва метавонад дар бораи арӯс маълумоти пурра биёрад ва дар ҳолати ба як қарор наомадан, сирри байни ду оиларо фош насозад.
Вақте ду нафар ҳамдигарро диданд, вале аз ҳамдигар хушашон наомад ва барои номзад шудан, ризоият надоданд, ҳарду бояд ҳар маълумоте, ки нисбати ҳамдигар доранд ба касе ошкор накунанд. То метавонанд, айби ҳамдигарро бипушонанд. Фаромӯш насозанд, ки онҳо хоҳару бародари динӣ ҳастанд.
Паёмбар алайҳи салом мегӯянд: “Ҳар касе, ки айби бародари мусалмони худро мепӯшад, Аллоҳ айбҳои ӯро дар охират мепӯшонад”.
Агар ду нафар пас аз шиносоӣ аз ҳам хушашон омад ва номзади ҳамдигар гаштанд, бояд бидонем, ки номзад будан маънои маҳрам буданро намедиҳад. То никоҳи шаръӣ ду номзад ба якдигар номаҳрам ва бегона ҳастанд. Набояд бо ҳам танҳоӣ ва хилват кунанд. Сӯҳбатҳои телефонӣ, рисолаҳову номаҳои тулонӣ дошта бошанд ва аз тамоми сирру асрори ҳамдигар хабар ёбанд.
Паёмбари акрам дар ҳадиси худ мегӯянд: Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад, ба зани бегонае хилват (танҳо ба танҳо) нанишинад, магар он зан ҳамроҳи маҳрамаш бошад. (Муснади Аҳмад14692)
Муносибатҳои издивоҷкунандагон аз номзадӣ то никоҳ
Дар шариат номзадҳо ба ҳам бегона ҳастанд. Бинобар, иҷоза нест, ки муносибатҳои наздик дошта бошанд. То мабодое номзадӣ пеш аз никоҳ барҳам хурад ва обурӯву шарафи як духтари мусалмон аз байн наравад. Чӣ қадр номзадҳое дорем, ки пас аз муддате муносибатҳояшон пеш аз никоҳ барҳам мехурад ва пас аз робитаҳои тулонӣ бадхоҳи ҳамдигар мегарданд. Ҷабрдидатарин шахс дар ин ҳолат духтари бечора мегардад, чун бо такя кардан ба ваъдаву ваъидҳои як марди бегона, муносибатҳои наздик ба миён омада буданд. Баъди ин ҳолат мардум ба ӯ, бо як назари таънаву маломат нигоҳ мекунанд.
Ба ҳамин хотир хоҳари азизам! Хоҳаре, ки номзади шахсе ҳастӣ, иффату обрӯятро нигаҳ дор, фирефтаи нафаре нагард, ки ҳанӯз бароят бегона аст!
Чӣ гунае, ки маълум аст, барои дар оянда барпо кардани як оила хостгорӣ ин ваъду паймон ба шумор меравад. Ҳар касе, ки номзадиро бесабаб барҳам мезанад, бидонад, ки ӯ дар ваъдаи худ хилоф кардааст ва шикасти паймон аз сифати мунофиқон мебошад. Магар ин ки барои вайрон кардани номзадӣ сабабҳои ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад. Мисли беморӣ ва ё айбҳое, ки барои ояндаи ду ҷуфт зарари ҷиддӣ дорад.
Агар сабабе ба миён омаду яке аз тарафҳо, домод ва ё арӯс номзадиро вайрон кард, бояд ин амал бо беҳтарин услуб анҷом гирад. Бо таманниёти хуб ва бо лафзҳои ширин, на бо дашному таъна задан ва ба иззати нафси якдигар расидан. Бадгӯӣ хислати мазамматшуда буда, аслан аз ахлоқи мусалмон нест.
Ҳукми тӯҳфаҳои пеш аз никоҳ ҳадяшуда
Нуқтаи муҳими дигар ин аст, ки одатан дар урфи мардум, ҳангоми номзадӣ ҳар ду тараф ба якдигар тӯҳфаҳо медиҳанд. Савол ба миён меояд, ки агар номзадӣ вайрон шуд, ҳукми ин тӯҳфаҳо чист ва чӣ бояд кард?
Назари уламои шариат дар ин мавзӯъ гуногун аст.
Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ мегӯянд: “Ҳар тӯҳфае, ки дар муддати номзадӣ ба ҳамдигар додед ва он тӯҳфаҳо истифода шуданду дигар вуҷуд надоранд, бозпас нагиред ва ба ҳамдигар бубахшед”.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам мегӯянд: “Ҳаргиз ҳалол нест, ҳадяе, ки марде ба касе иҳдо кунад ва сипас бозпасаш бигирад. (сунани Абу Довуд)
Талаб кардани ҳадяҳои кӯчаку истифодашуда, аз сифатҳои шахсони пастҳиммату бемурувват мебошад.
Аммо, ҳадяҳои арзишманд мисли тиловориву либосҳои гаронбаҳое, ки ба хотири тӯй ҳадя шуду ҳануз истифода накардаанд ва дар ҷояш истодааст, ин ҳадяҳоро бозпас метавонед бигиред. Зеро онҳоро ба хотири тӯй додаед ва ҳеҷ туйе барпо нагашт.
Муслима Аҳмадӣ