1. Дар самти ҷануби қитъаи Африка Свазиленд ном давлати хурдакаки подшоҳӣ ҳаст, ки на ҳама онро медонанд. Боз ин давлати хурдакак якто не дуто пойтахти номаш аҷоиб дорад. Мбабане ва Лобамба . Ин давлат на ягон бор бо кишвари дигар ҷангидааст ва на барои гирифтани он ягон кишваркӯшиш кардааст. Аммо дар шумори гирифторони бемории ВИЧ спид Свазиленд дар дунё ҷойи аввалро мегирад. 40 фоизи аҳолии ин давлат ҷойи кор надоранд. Асъори пулии кишвар лилангени ном дорад.
2. Дар як худи қитъаи Африка намояндаи якуним ҳазор забонҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Аз ҳама бештарашон арабзабонанд. Аҳолии Африка он қадар тез афзуда истодааст, ки соли 2050 ду баробар зиёд мешудааст. Дар Малӣ ном давлати қитъаи Африка то ҳанӯз ҳам ғуломдорӣ вуҷуд дорад.
3. 50 фоизи аҳолии қитъаи Африка ба оби нӯшокӣ дастрасии дуруст надоранд. Дар ин қитъа бушменҳо ном халқе зиндагӣ мекунад, ки ашёи рӯзгорашон аз асрҳои хеле қадим боқӣ мондааст. Баъзе зарфҳои сангинашон 44 ҳазор сол боз нигоҳдорӣ мешавад. Шумораи мардуме, ки дар Африка бо забони фаронсавӣ ҳарф мезананд, бештар аз худи давлати Фаронса аст.
4. Дар Гвинеяи нав, дар минтақаи Папуа 700 намуд забони гуфтугӯӣ ба кор меравад. Ин 15 фоизи тамоми забонҳои дунёст. Дар забони чехӣ калимаҳое ҳаст, ки як ҳамсадо иборат аст. Барои одами хориҷӣ талаффузи калимаҳои чехӣ хеле душвор аст. Дар давлати Ветнам седанг ном забоне вуҷуд дорад, ки 50 ҳарфи садонок дорад. Алифбои забони кхмерӣ, ки дар Камбоҷҷа ба кор меравад аз 70 ҳарф иборат аст. Дар баъзе давлатҳо якчанд забон забони расмии давлати ҳисобида мешавад. Масалан дар Ҳиндустон 17 забон ва дар ҷамоҳири Африқои Ҷанубӣ 11 забон забони расмист. Забони абхазӣ ҳамагӣ ду ҳарфи садонок дорад, аммо ҳамсадояш расо 60 то аст.