Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шаҳрванди 51- солаи Тоҷикистон ба дасти ФСБ афтод

$
0
0

Як шаҳрванди 51- солаи Тоҷикистон дар вилояти Новосибирск ба дасти мақомоти амниятии Руссия афтодааст.

Ин ниҳоди қудрати гуфтааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба қасди павастан ба ҷиҳодиёни Сурия ба кишвари Туркия парвоз карданӣ буд, аммо аз ҷониби кормандони “ФСБ” боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ин шахсро қаблан кормандони Идораи федеролии Амнияти Руссия ба гумони алоқа пайдо кардан бо намояндагони созмони “Давлати исломӣ”, ки дар Руссия фаъолияташ мамнӯъ эълон шудааст, таҳти контрол карор додаанд.

Вай дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Новосибирск зиста, муддатҳо бекор будааст ва борҳо тавассути телефони мобилӣ бо намоянданоги ДОИШ дар тамос гардида, оқибат озими Туркия шудааст. Таъкид мегардад, ки ӯро дар Туркия одамони махсус бояд пешвоз мегирифтанд ва кӯмак менамуданд, ки ба Сурия биравад ва ба сафи ҷиҳодиёни ин кишвар бипайвандад. Аммо мақомоти амниятӣ қаблан аз тамосҳои телефонии ин шаҳрванди Тоҷикистон воқиф гардида, дар роҳи парвоз ба Туркия ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Ҳанӯз дар ин робита тафтиш идома дорад ва агар гуноҳи ин шаҳрванд дар додгоҳ собит гардад, вай ба ҳабси дарозмуддат маҳкум хоҳад шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>