Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Олиме аз Япония фавоиди рӯзадориро исбот карда, соҳиби ҷоизаи Нобел шуд

$
0
0

Ин олими японӣ собит намудааст, ки моҳи шарифи Рамазон барои рӯзадорон фавоиди хеле зиёде дорад ва аҳли ислом беҳуда муддати садсолаҳо ин моҳро гиромӣ надошта, ба шавқмандии ҳарчи бештар ба он рӯ наомеоранд.

Ёсинори Осуми, ин муҳаққиқи японӣ гуфтааст, ки моҳи Рамазон дар вуҷуди шахси рӯзадор аутофагияро метезонад. Аутофагия ин ҷараёни барканорӣ ва аз нав коркарди “партовҳои” ҷамъшуда дар организми инсон аст. Ин олим барои собит сотани ин нукта ба гирифтани ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиббиёт ва физеология мушарраф гардид. Кумитаи ҷоизаи Нобел таъкид кардааст, ки ихтирои Осуми дар фаҳмиши мо парадигми наверо ба вуҷуд овард ва ӯ тавонистааст, собит созад, ки ҳуҷайраи инсон чи хел метавонад ҳар чизи дар таркиби худаш бударо коркард намояд ва таҳқиқоти ин олим роҳеро кушода аст, ки ба сӯи фаҳмиши фундаменталии зарурияти аутофагия барои ҷараёнҳои зиёди физеологӣ, чун одат кардани организм ба гуруснагӣ ва посухи вай ба инфексияҳо хеле муҳиманд.

Ёсинори Осуми исбот кардааст, ки аутофагия ба ҳуҷайраҳо кӯмак мерасонад, то онҳо аз бактерия ва заҳрҳои бемориовари ҷамъшуда халос гарданд. Ба шарофати ҳамин тавонмандӣ ҳуҷайраҳо ба таври автоматӣ чизҳои нолозим ва барзиёдро ҳазм мекунанд. Яъне “партовҳо” дар халтачаҳои махсус ҷой мегиранд ва онро ҷараёни аутофагосомия меноманд. Баъд ба қуттии дигар меафтанд, ки он лизосомия номида шудааст ва ин тавр дар ин қуттӣ “партовҳо” коркард ва ҳазм мешаванд. Дар натиҷаи идома ёфтани ин ҷараён ҳуҷайраҳои организми инсон нав ва нерӯманд мешаванд.

Ин олим собит сохтааст, ки аутофагия ҳангоме ҷараёни тез пайдо мекунад, ки организм ба стрес гирифтор гардад. Масалан, ҳангоми гуруснагии шадид, ки рӯзадорон дар моҳи шарифи Рамазон ҳис мекунанд. Дар чунин ҳолат ҳуҷайраҳо аз ҳисоби “партовҳое”, ки дар онҳо ҷамъ шудаанд, энергияи зиёде ҳосил мекунанд ва барои фаъолмандию бозсохти организм омода мегарданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>