Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Афғонистон “ҷонҳои мурда” низ маош мегиранд

$
0
0

Пентагон тасмим хоҳад гирифт, ки бо роҳандозии як тафтишот дар робита ба тақсим ва истифодабарии маболиғи донорҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон шаффофияти хараҷоти онро биомӯзад.

Идораи нозирони кулли Амрико аз Пентагон талаб намуд, то аз вуҷуди ҳазорҳо “ҷонҳои мурда” дар сафи артиши миллии Афғонистон ва пулиси ин кишвар, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатҳои донор маош мегиранд, ҷилавгирӣ намояд ва ин падидаи номатлубро шарҳ бидиҳад.

Гуфта мешавад, маоши низомиёни Афғонистон аз ҳисоби донорҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла худи ИМА дода мешавад ва он соли 2002 дар ҳаҷми 68 миллиард доллар муайян гардида,  то ба имрӯз қисм -қисм ҳар сол ба ҳисоби Афғонистон фиристода мешавад. Нозири махсуси Амрико дар умури Афғонистон Ҷон Сопко изҳори нигаронӣ кардааст, ки маблағҳои ҷудошуда дуздида мешаванд ва ба номи он нафароне, навишта мегарданд, ки дар сафи нерӯҳи низомии ин кишвар фаъолият надоранд ва “ҷонҳои мурда” ба ҳисоб мераванд. Вай дар номае ба номи мақомдорони Пентагон аз вуҷуд доштани тороҷи шадиди маблағҳо аз ҷониби маъмурони ришвахӯр шикоят карда, дархости ҳаллу фасли одилонаи ин қазия шудааст. Ҷаноби Сопко гуфтааст, ки чунин “ҷонҳои мурда” дар сафи нерӯҳи низомии вилояти Ҳилманд бештар ҳастанд ва маболиғе, ки ба номи ин ашхоси вуҷуднадошта навишта мегарданд, оқибат ба ҷайби мақомдорони фасодкори маҳаллӣ ворид мешаванд.

Интизор меравад, Пентагон ин қазияро хоҳад омӯхт ва агар вуҷуд доштани ҳазорҳо нафар “ҷонҳои мурда” дар сафи нерӯҳои низомии Афғонистон ва пулиси ин давлат ошкор гардад, дастандаркорони ин ҳодиса муҷозот мебинанд. Аз эҳтимол дур нест, ки донорҳои байналмиллалӣ, ки барои Афғонистон аз ҳисоби андозсупорандагони худ маблағ медиҳанд,  низ ба ин қазия вокуниш нишон диҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>