Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ТАРБИЯИ КӮДАКОН

$
0
0


Фарзанд яке аз бузургтарин неъматҳои Парвардигор мебошад. Бо омадани кӯдак дунёи фараҳ меояд. Падару модар қудуми фарзанди худро нӯҳ моҳ интизор мешаванд. Модар бо дидани тифлаки худ ҳама дарду ранҷҳои гузаштаро фаромӯш месозад. Зебу зиннати инсон фарзанд аст. Қадри ин неъматро бештару беҳтар онҳое медонанд, ки аз фарзанддорӣ маҳрум гаштаанд.

Тифлаки навзод бо дили софу табиати поку беолоиш ба дунё меояд. Падару модар бо тарбияи худ ин махлуқи маъсумро ё ба қуллаҳои баландӣ инсонӣ мерасонанд ва ё пасттарин махлуқи беқадр мегардонанд.

Волидон бояд бидонанд фарзанд амонати Аллоҳ аст. Албатта аз ин амонат пурсида мешаванд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:

      ان الله سائل كل راع عما استرعاه حفظ ام ضيع هتى يسأل الرجل عن أهل بيته

Ҳамоно Аллоҳ тамоми роҳбарону масулонро аз амонатҳои дар дасташон буда мепурсад. Оё аз амонат ба хубӣ нигоҳдорӣ карданд ва ё нобуд сохтанд. Ҳатто мардон аз аҳли байти худ пурсида мешаванд. (Саҳеҳи Тарғиб)

Албатта тарбияи фарзанд кори осон нест. Ҷуҳду кӯшиши зиёд мехоҳад, аммо самараи беназир дорад. Кӯдаке, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ соҳиби ахлоқи ҳамида аст, фахри падару модари худ мебошад.

Хоҳарон бояд ҳанӯз кӯдак ба дунё наомада, оиди тарбияи кӯдак маълумот гиранд. Чӣ гунае, ки барои кӯдак сару либосу дигар лозимоти моддиро омода мекунем, барои тарбияи кӯдак низ омодагӣ гирем.

Кӯдаконро аз кӯчакӣ бояд аз динашон огоҳ кунем. Бояд бидонанд, ки мо Аллоҳ дорем, холиқ дорем, моро офарид то бидонад, кадоме аз бандагонаш Ӯро ибодат мекунанд. Ба ақли кӯдак нигоҳ карда аз вуҷуд доштани ҷаннату дузах бохабар созем. Бояд кӯдак бидонад, ки ҳеҷ амале беподош намемонад. Ба ҳар кораш инсон ҷавоб мегӯяд.

Бояд кӯдакон қоидаҳои асосии Исломро риоят намоянд.Салом дадан ба дигарон, аввал иҷозат пурсида сипас даромадан ба утоқи бузургон, беиҷозат нагирифтани чизи дигарон. Инҳоро ҳатман ёд диҳем.

Омӯзонидани ибодатҳо аз ҳафт солагӣ шурӯъ мешавад. Намозу рӯза, ҳаҷҷу садақа, ҳифзи Қуръону аҳодиси Расулалоҳро аз кӯчаки таълим гиранд, аммо волидон набояд кӯдаконро дар ҳафтсолагӣ барои иҷрои ибодат маҷбур созанд.Таълим додану иҷбор кардан аз ҳам фарқ мекунанд. Бо додани ҳадияҳои кӯчак кӯдаконро барои иҷрои ибодатҳо ташвиқ намоем.

Аз рӯи шариат кӯдакон дар ҳафт солагӣ бояд аз хамдигар ҷудо хоб раванд. Агар имкон бошад дар утоқҳои ҷудогона, агар шароит набошад дар як утоқ, аммо ҳатман ҷудо аз ҳамдигар. Паёмбар мегӯянд:

مروا اولادكم بالصلاةو هم ابناء سبع سنين و اضربوهم و هم ابناء عشر و فرقوا بينهم في المضاجع

Кӯдаконатонро вақте ҳафтсола шуданд ба намоз амр кунед. Вақте дар даҳ солагӣ аз намоз сарпечӣ намуданд бизанед. Дар ҳафт солагӣ ҷои хобашонро аз ҳамдигар ҷудо кунед.(Абу Довуд)

Падару модар бояд ба кӯдак тарзи муомила кардан бо бузургонро омӯзанд. Бояд кӯдак дарк кунад, ки сӯҳбат кардан бо бузургон қоидаҳои хоси худро дорад. Суҳбат кардан бо падару модар, падарбузугру модарбузург ва дигар бузургон тарзи хоси худро дорад. Кӯдакон бояд бо бузургон ҳамчу ҳамсолонаш суҳбат накунанд. Аввалин калимаҳои кӯдак хеле ширин аст, кӯдак аксари калимаҳоро тутивор такрор мекунад. Вақте бузургон дар хона бадзабон ҳастанд, албатта кӯдак низ бадзабон мегардад. То куҷо диндории инсон фарҳангу маданиятнокии шахсро аз тарзи сӯҳбати кӯдаконаш мешиносанд.

Волидон бояд дар тарбия  мӯътадил бошанд. Сахтгирии зиёд ба кӯдак, ба сараш доду фиғон задан, барои айбҳо кӯчак танбеҳи кудак бо задан сабаб мегардад, кӯдак тарсончаку буздил ба воя расад. Ҳиси тарсончакие, ки дар кӯчаки дар дили кӯдак пайдо мегардад, тамоми умр таъсираш мемонад. Танбеҳи кӯдакон дуруст аст, дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто задани кӯдак низ ҷоиз аст. Албатта задан на ба маънои осеби ҷисмонӣ расонидан, барои танбеҳ кардан аст. Аммо набояд барои кӯчактарин хатоҳо доду фиғон ва калтак зад.

Кӯдакон одатан бо волидон хусусан модар сӯҳбат карданро хеле дӯст доранд. Вақте кӯдаки чор — панҷ сола бо шумо аз дунёи худ сӯҳбат мекунад, ҳатман бодиққат гӯш диҳед. Бигзор кӯдак тарзи озод баён карданро омӯзад. Гӯш кардани шумо ба суханони кӯдакатон ба ӯ нерӯ мебахшад. Ба худ бовар мекунад, аз бо бузургон сӯҳбат кардан, хиҷолат намешавад. То охири умр озод таъбирҳояшро баён мекунад. Вақте ба сӯханҳои кӯдакатон аҳмият намедиҳед ва ё ба ӯ фурсати сухан кардан намедиҳед, кӯдак то охири умр дар назди мардум озод сӯҳбат карда наметавонад. Худро заъифу нодаркор ҳис мекунад.

Бисёриҳо дурӯғ гуфтани кӯдаконро амри оддӣ мешуморанд. Гӯё ҳама кӯдак дурӯғ мегӯяд. На чунин нест. Кӯдак замоне дурӯғ мегӯяд, ки диққати бузургон ба ӯ кам шавад. Вақте дид касе ба ӯ таваҷҷуҳ намекунад, бо дурӯғ мехоҳад диққати дигаронро ба худ ҷалб созад. Ҳатто худро бардурӯғ бемор ҳам месозад. Ба кӯдакон таваҷҷӯҳи хос диҳед, ба кӯчактарин амалҳои хубашон ташаккӯр намоед. Ба орзӯю ниятҳояшон гӯш диҳед. Нагузоред ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи шумо ба дурӯғгӯи одат кунанд.

Кӯдаки худро бо дигар кӯдакон муқоиса накунед. Бо қисмати Аллоҳ ҳар як кӯдак истедоди хоси худро дорад. Чаро ту мисли дигаро нестӣ гӯён, танбеҳ накунед. Ин сабаб мегардад, ҳамеша худро аз дигарон поинтар ҳис кунад. Дар ботини худ эҳсоси нотавониву кӯчакӣ намояд.

Танбеҳ додани кӯдак дар назди бегонагон, хусусан дӯстонаш хеле таъсири бади равонӣ дорад.Тифлак агарчи кучак аст, иззати нафс дорад. Ӯро дар танҳои танбеҳ намоед, нагузоред дар назди дигарон эҳсоси шармандагӣ намояд.

Одатан кӯдаконро ба ҳадия гирифтан одат мекунонем. Ҳатман кӯдак доданро низ биомӯзад. Аз кӯдаки саховатмандивӯ иҳдо карданро ёд гирад. Кӯдаке, ки фақат ба гирифтан одат дорад, бахил бузург мегардад.

Дар ҷаҳони имрӯза кӯдакон аксари таъсири худро аз расонаҳо мегиранд. Дидани филмҳои тарбиявӣ, саҳнаҳои таъсирбахши кӯдакона, қиссаҳои ибратнок ба фарзандон ҷаҳони маърифат мебахшад. Аммо агар расонаҳоро дуруст истифода накунем, сабаби бадахлоқии кӯдакон мегардад.

Кӯдак бояд дар расонаҳо чӣ мебенад, ҳатман бояд бохабар бошед. Кӯдак чӣ баду чӣ нек ҷудо карда наметавонад. Ҳар кореро, ки дар бузургон мебинад, ба он тақлид мекунад. Вайрон шудани ахлоқи аксари кӯдакон маҳз филмҳои разила

мебошанд. Оилаҳое, ки дастаҷамъона силисила филмҳои ғарбро тамошо мекунанд, он ҳам филмҳое, ки заррае аз шарму ҳаё дохилаш вуҷуд надорад, аз кӯдаки худ чӣ умед доранд?

Донише, ки кӯдакон дар хурдсолӣ меомӯзад то охири умр, ҳамчун нақши дар санг кашидашуда боқӣ мемонад. Падару модар бояд айёми кӯдакиро ғанимат шуморида, барои таълими кӯдакашон кӯшиш кунанд. Илмҳои динию дунявиро ба бардошти кӯдак нигоҳ карда омӯзонанд.

Вақте кӯдак машғули чизҳои муфид аст, ба роҳҳои бад фурсати рафтан пайдо намекунад. Машғул шудан ба варзиш, ҳам ақли кӯдакро мустаҳкам мегардонад, ҳам ҷисмашро қавӣ месозад. Инчунин васияти Амирал муъминин Умар аст, ки мегӯянд:

علموا اولادكم السباحة و الرماية و ركوب الخيل

Ба фарзандонатон шиноварӣ, тирандозӣ ва асп савориро омӯзонед.

Шунавандагони азиз кӯдак поку беолоиш ба дунё меояд. Ҳар он амале,ки шумо анҷом медиҳед, салоҳ медонад. Ҳар амале, ки бад мебинед ӯ ҳам бад мебинад. Падаре, ки сигорӣ аст, фарзанди сигорӣ бузург мекунад. Падаре, ки варзишӣ аст, фарзанди варзишӣ бузург мекунад. Бо дидани ибодатҳои холиси шумо ошиқи Аллову Расул мегардад. Бо дидани гуноҳҳои шумо олудаи гуноҳ мегардад.

Модарӣ бофарҳангу таҳсил карда духтарони рӯшанфикру оқила ба воя мерасонад. Модари тангназару бесавод духтарони зоҳирпарсту худбин ба воя мерасонад. Кӯдакон дар волидони худ неку бадро ҷудо мекунанд. Кӯшиш кунед ба ҷуз неки чизи дигареро дар шумо мушоҳида накунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>