Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Яхмосе, ки ба китоби Гинес дохил шудааст, қариб 1 тонна вазн дошт

$
0
0

1.Дар Мексика ба ҳамаи хӯрокашон мурчу қаланфур ҳамроҳ мекунанд. Ҳатто ба яхмосашон зиравории тунд пошида мехӯранд .

2.Сафедаи шири гов хусусияте дорад, ки аз организми одам заҳрҳоро пок созад. Барои ҳамин ҳам он нафароне, ки дар коргоҳҳои кимиёвӣ фаъолият доранд, шир бештар истеъмол кунанд.

3.Ҳанӯз 5 ҳазор  сол қабл дар Хитой барои воломақомон яхмос тайёр мекарданд. Дар Русия замонҳои қадим фақат дар фасли зимистон яхмос тайёр мекарданд, чунки яхдон набуд. Ба шир шакару панир ҳамроҳ карда, ях мекунониданд. Маъмултарин яхмоси мевагиро шербет мегӯянд, ки усули тайёр карданашро аз Хитой ба Аврупо сайёҳ Марко Поло 700 сол қабл бурда буд. Калимаи “Эскимо” маънои либоси чармини кӯдаконаро дорад, ки қабилаи эскимосҳо мепӯшиданд. Дӯстдоштатарин хӯрокаи императори фаронсавӣ Наполен яхмос буд. Дар истеҳсоли яхмос дар дунё ҷойи аввалро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишғол мекунад. Калонтарин яхмос, ки дар китоби рекордҳои гинес дохил шуд онро сардори ошпазҳо Хестоном Блюменталем аз Бритониё, ки қадаш чор метр, вазнаш қариб 1 тонна буд. Яхмоси пурқиматтарин дар ресторанҳои Ню Йорк фурӯхта мешавад, ки дар рӯяш тилло пошидаанд. Аммо он тиллорезаҳо хӯрданбобанд.

4.Наполеон Бонапарт кулоҳи навъи шляпаро дӯст медошт. Вай зиёда аз 200 адад ин қабил кулоҳ дошт. Воқеъан Наполеон қабл аз маргаш гуфта буд, ки агар дунёро гирифта тавонам, ҳукмҳои Қуръонро ҷорӣ мекунам.

5.Биҳӣ меваест, ки бо ягон аз авлоди меваи дигар тобеъ нест. Аз ҳама бисёр биҳӣ дар Туркия парвариш мешавад. Як дона меваи биҳӣ то 2 кг вазн доштанаш мумкин аст.  Мардуми минтақаи баҳри Миёназамин биҳиро аз сайёраи Венера медонанд ва ҳамчун рамзи муҳаббат мешиносанд.

6.Бананро ҳама медонанд, зеро меваи хеле маъмул аст ва дар тамоми дунё паҳн шудааст. Дар дарахташ силсилапайванд шуда самар мебандад. Барои ҳамин ҳам баъзан як ҳамели он то 300 дона банан доштанаш мумкин аст ва то 55-60 кг вазн дорад. Қариб 1000 намуд банан вуҷуд дорад, ки на ҳамааш хӯрданбоб аст.  Аз ҳама бисёр бананро дар кишвари Бурундии Африка мехӯранд, ки ба ҳар сари аҳоли то 200 кг дар як сол рост меояд. Дар дунё аз ҳама бештар афлесун, баъд банан истеҳсол мешавад. Ҷойи аввалро дар бозори ҷаҳонӣ Ҳиндустон мегирад. Дар як сол дар дунё 100 миллиард банан истеъмол мешавад. Дар кишвари Гондурас, дар шаҳраки Ла Лима коллексияи 500 намуд банан ҷамъ шудааст. Дарахти банан дар табиат, ҳамчун дарахт неву чун растанӣ маҳсуб меёбад. Агар дар хомиаш чида монед, бомаззатар мепазад. Аз як гектар боғи банан то 40 тонна банан гирифтан мумкин аст. Аз пӯсти лағжонаки банан собун тайёр мекунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>