Абулфазл Муҳаммад ибни Муҳаммади Байҳақӣ таърихнависи шинохташуда бо китоби гаронмояи “Таърихи Байҳақӣ” аст. Ҳамзамононаш вақто дар бораи Абулфазл навиштаанд, ӯро бо унвонҳои Хоҷа, Шайх, Котиб, Имом ва Амид ёд кардаанд. Шаҳри Байҳақ гӯшае аз Хуросон аст, ки зодгоҳи муаррих буд. Байҳақӣ дабири Султон Маҳмуд буд ва баъдтар дар замони ҳукмронии Султон Масъуди Ғазнавӣ ва Султон Фаррухзод ҳам аз заковати ин марди бузург бархӯрдор буданд.
“Таърихи Байҳақӣ” яке аз муҳимтарин асари ӯст ва бо забони пурлатофату равон ва насри шевою фаҳмо нигошта шудааст. Сомониён, ки нигини бошукӯҳи тамаддуну фарҳанги Эронзамин буданд, аз миён рафтанд, аммо суннату мероси худро ба Ғазнавиён барҷо гузоштанд. Дар дарбори Ғазнавӣ бозофариниши фарҳангӣ ҳамеша дар ривоҷ буд ва адибону олиму фозилонро дар канораш сарҷамъ дошт, ки Байҳақи низ дар қатори эшон буд. Бо асари таърихии худ Байҳақӣ рухдодҳои гуногуни он замонаҳои куҳанро барои минбаъдаҳо ҷовидона сабт намуд. Масалан, бо достони “Ҳасанаки вазир” , ки бо насри хеле фаҳмо нигошта шудааст, то тавсифу тасвири минтақаи ҷуғрофӣ, тарзи либоспӯшӣ, ҳусни боғҳои Хуросон ва шаҳрҳояш, тафаккури дарбориён ва вазиронро барои тасаввури дурусти имрӯзиён ҳадя намудааст.
Дар бораи зиндагии ӯ иттилооти кофӣ мавҷуд нест. Абулфазли Байҳақӣ таҳсилоти хубе дошта, дар ҳунари адаб ва зарофати иншо маъруф будааст.
Дар дарбор муддати 20 сол ифои вазифа кардааст. Падараш дар замони Маҳмуди Ғазнавӣ дар дарбор соҳиби мансаби муҳимме будааст. Овони ҷавониаш аввалҳо дар Сабзвору Нишопур ва баъдан дар шаҳри Ғазна сипарӣ шудааст. Дар мадориси Нишопур таҳсилу такмили илм кардааст. Аз 27-солагиаш «ба хидмати девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ» омада буд.
Дар замони Абдуррашиди Ғазнавӣ ба мансаби девони рисолат расид. Баъд аз муддати кӯтоҳе аз мақоми худ орӣ шуд ва амволаш мусодира гардид ва ба зиндон афтод. Баъди раҳоӣ аз зиндон дигар ба дарбор нарафт ва то охири умр ба таълифи асарҳо банд буд.
Мутобиқи маълумоти «Таърихи Байҳақ»-и Абулҳасани Байҳақӣ Абулфазл китоби дарсие барои амалдорони давлатӣ ба унвони «Зинату-л-куттоб» навишта будааст, вале он аз байн рафта, танҳо пораҳое аз он дар «Таърихи Байҳақ» то имрӯз расидаанд. Дар «Таърихи Масъудӣ» Байҳақӣ аз китобе ба номи «Мақомот» ё «Мақомоти Маҳмудӣ» ёд мекунад, ки дар он баъзе номаҳои салтанатӣ дарҷ шуда будаанд. Ҳамчунин китоби дигари ӯ «Мақомоти Абунасри Мушкон» низ то рӯзгори мо нарасидааст, вале пораҳое аз он дар китоби «Осору-л-вузаро»-и Сайфуддини Уқайлӣ боқӣ мондаанд. Ин шояд ҳамон «Мақомоти Маҳмудӣ» бошад.
Асар аз 30 ҷилд иборат буда, асосан ҳаводиси замони зиндагии муаллифро фаро гирифтааст. Аз ин 30 ҷилд танҳо 6 ҷилди он (ҷилдҳои 5-10) баъзе мукаммал ва қисман нопурраву пароканда дар алоҳидагӣ ва ё дар китобҳои таърихии дигар то ба замони мо расидаанд. Ва ҳамин қисматҳои расида асосан замони Масъуди Ғазнавиро дар бар мегиранд ва бад-ин сабаб ба номи «Таърихи Масъудӣ» низ ёд мешаванд.
Аз пораҳое, ки то замони мо имрӯз маҳфуз мондаанд, маълумоти муҳиммеро доир ба таърихи Саффориён, вақоеи охирҳои ҳукумати Сомониён, ҳодисаҳои аввалҳои давлатдории Ғазнавиён, муҳорибаҳои тоҷикони вилояти Ғур муқобили салтанати Ғазнин, оғози забткориҳои сарзамини тоҷикон аз ҷониби туркманҳо (ибтидои таърихи Салҷуқиён) ва таърихи давлатдории Қарохониёну мухолифатҳои шадиди дохилии ононро метавон пайдо кард. Ин китоб аввалин асари илмии таърихиест, ки дар он калимаи «тоҷик» ба маънии мардуми алоҳидае истифода гардидааст. Ҳамчунин ин китоб аз зумраи беҳтарин намунаҳои насри порсии дарист. Байҳақӣ на танҳо дар байни таърихнигорони тоҷик, балки дар миёни тамоми муаррихони исломӣ аввалин нависандаи таърих аст, ки асари таърихии мукаммале офарид ва он қариб тамоми соҳоти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи асримиёнагии як минтақаи муайянро (ҷое мухтасар ва дар мавриде муфассал) дар бар мегирифт. Тавре худаш зикр мекунад: «Дар дигар таворих чунин тӯлу арз нест, ки аҳволро осонтар гирифтаанд ва шаммае беш ёд накардаанд, аммо ман чун ин кор пеш гирифтам, мехоҳам, ки доди ин таърихро ба тамомӣ бидиҳам ва гирди завоёву хабоё баргардам, то ҳеч чиз аз аҳвол пӯшида намонад».
Бино ба навиштаҳои Алиакбари Деҳхудо «Байҳақӣ эҷодкори фанни таърих нест. Пеш аз ӯ ба забони форсӣ таърихҳо навиштаанд, вале дар ҳамаи муаррихини қадими мо шояд ҳеч кас ба қадри Байҳақӣ таърихро дуруст нафаҳмида ва ба шароиту одоби таърихнависӣ истисъор надоштааст. Иддае, ки Байҳақӣ дар ин фан оварда, ҳатто дар назари худи ӯ бесобиқа будааст».
Китоби «Таърихи Байҳақӣ»-ро бори аввал дар Калкутта шарқшиноси англис В. Морлей нашр кардааст. Баъдтар се бори дигар дар Эрон ба табъ расида, соли 1962 дар Тошкент ба забони русӣ чоп шудааст.