Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

20 соли кадупирамида ва як соли мудирияти муассир

$
0
0

Дар ҳар сафари ҳамтоёнаш, бахусус раҳбарони ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон “ярмаркаи президентӣ”-и меваву сабзавоти кишварро баргузор мекунад. Аз як тараф ин намоишҳо аз набудани ҳеҷ чизи тамошобоби дигаре бошад, аз тарафи дигар ҷалби таваҷҷӯҳи раҳбарони кишвраҳои дигар ба хариди маҳсулоти Тоҷикистон қаламдод мешавад. Ҳади ақал мақомот чунин тафсир мекунанд.

Таърифу тавсифи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзии “биҳишти рӯи замин” ҳади ақал 20 соли охир аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳар нишасту хесташ бо дилхоҳ мақоми дилхоҳ кишвар садо медиҳад. Пирамидаҳои харбузагиву кадугӣ ҷои худаш. Аммо то ҳол, дар ин 20 сол ҳатто ЯК созишномае, ки ба нафъи деҳқон ва содироти маҳсулоти ӯ бошад амалӣ нашудааст. Бале, баъзе созишномҳо имзо шудаанд, аммо ҳамон тавр рӯи қоғаз боқӣ мондаанд.

Аз 1-уми маи соли 2019 ширкатҳои ӯзбекистоние, ки ба коркард ва содироти меваву сабзавот машғуланд, маҳсулоташонро ба маҷмӯъаи тиҷоратии Ашан дар Русия содир хоҳанд кард. Ин яке аз бузургтарин маҷмӯъаҳои тиҷоратӣ дар Русия аст, ки даромади солонааш ҳудуди 350 миллиард рублро ташкил медиҳад. Минбаъд маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон ба ҳар гӯшаи Русия хоҳанд расид.

Чун “Ашан” як ширкати фаронсавист ва дар тамоми дунё фаъолият мекунад, деҳқонони ҳамсоякишвар шонси тавассути Ашан ворид шудан ба бозори ҷаҳониро пайдо карданд.

Панҷ моҳ қабл, зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Маскав низ шартномаҳо ба қимати беш аз 27 миллиард доллар баста шуданд, ки яке аз онҳо содироти меваву сабзавоти ҳамсояҳо ба Русия аст. Аз ҷумла:

— Бунёди як комплекси кишоварзӣ барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ бо қудрати солонаи 66 ҳазор тон байни мақомоти вилояти Сурхандарё ва ширктаи “ЭКО Култура” аз вилояти Ставрополи Русия;

— Таъсиси маркази савдо дар Уфа ба маблағи  $800 ҳазор, ки ба он меваву сабзавот бо усули долони сабз бурда мешавад. Маркази савдо бо яхдонҳои ғунҷоишашон 15 ҳазор тон ва 10 адад техника таъмин хоҳад шуд. Гардиши солонаи ширкати муштарак, ки байни ҳукумати вилояти Самарканд ва маркази яклухт ва тақсимкунии “Зурбозор” аз Бошқирдистон бояд маркази $45 млнро ташкил диҳад;

— Бунёди гармхонаи масоҳаташ беш аз ҳазор гектар барои парвариш, нигоҳдорӣ ва коркарди лимӯ. Ба ин пружа ширкати русии “Нива Гринхаусиз” $100 ҳазор маблағгузорӣ хоҳад кард.

Ин танҳо оғози кор аст. Ба зудӣ шоҳиди он хоҳем шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Ӯзбекистон бо Туркияву Исроил вориди рақобат хоҳад шуд. ҳади ақал дар Русия.

Сабаби рақобатпазир набудани маҳсулоти кишварзии Тоҷикитсон ва нокомии чандинсолаи макомоти кишвар барои пайдо кардани бозоре барои онро коршиносон чандин омил медонанд: гаронии андоз, камбуди замин, дастрас набудани обёрӣ, нархи баланди нерӯҳо, адами дастгирии давлат, боҷҳои гумрукӣ… ин рӯйхатро метавон идома дод.

20 соли кадупирамида ва муваффақияти як соли охири ҳамсоякишвар нишон дод, ки рақобатпазир набудани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ба бозорҳо роҳ наёфтанаш, рушд накардани соҳаи аграрӣ (мисли дигар соҳаҳо) танҳо як сабаб дорад — мудирияти нодуруст ва номуваффақ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>