Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар бораи гиряву зориҳои Эмомалӣ Раҳмон ва муовинонаш

$
0
0

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ субҳи дирӯз, 30 апрел ба қисме аз суолҳои зиёди шунавандагони Радиои Паём посух гуфт. Чун суолҳо қаблан дар ҳеҷ куҷое садо надода буданд ва ба масоили баҳсӣ ва муҳими кишвар дахл доштанд, Паём тасмим гирифт барои онҳое, ки имкони тамошо кардани наворро надоранд, мусоҳибаро ба шакли хаттӣ ҳам нашр кунад.

Ҳамчунин мо он қисмати наворро, ки хатӣ кардем, дар зери матни он нашр мекунем.

Шакли видеоии ин мусоҳиба дар саҳифаи ютубии Радиои Паём нашр шудааст ва дар поёни ин навишта ҳам линки он гузошта мешавад.

Дирӯз посухи Муҳиддин Кабирӣ ба суоли аввали Радиои Паёмро нашр карда будем.

Суол ва посухи дуввум:

Радиои Паём: Муҷоҳидин ва иддае аз мухолифоне, ки сулҳро напазируфта буданд, ҳамвора таъкид мекарданд, ки Наҳзат фиреб хӯрд, ба курсию мансаб дода шуд ва ба сулҳ розӣ гардид. Аммо, чуноне, ки то ба ҳол мегӯянду мешунавем, наҳзат муқовимати наздик ба пирӯзиро тарк намуду ба сулҳ даст дароз кард. Ниҳоят дар нишасти Дортмунд, зимни суханрониятон дар таҷлили иди ваҳдат гуфтед, ки дар ҳақиқат наҳзат фиреб хӯрдааст ва акнун дарёфтааст, ки бо наҳзат сулҳ накардаанд. Магар касоне, ки мегуфтанд наҳзат ва мухолифон фиреб хурда сулҳ карданд, оянданигарии хуб доштанд ва 27 сол пеш тавониста буданд пайомадро тахмин зананд? Магар роҳбарият ва раёсати наҳзат низ як чунин тахминро надошт?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин саволи шумо чанд зерсуол дорад ва ман маҷбурам дар ин мавзӯъ муфассалтар сухан кунам. Албатта мо иштибоҳи худро эътироф мекунем ва ин эътироф як ҷавонмардӣ аст, мо албатта дар шинохти тарафи дигар иштибоҳ кардем, самимияти мо, нияти неки мо боис шуд, ки мо фиреб хурем.

Агар архиву наворро бинед, мефаҳмед, ки дар вақти музокираҳо, дар вақти имзову созишномаҳо ин одам бо чӣ рангу намуд сӯҳбат мекард. Ман, ки худам узви Комиссияи оштии миллӣ будам, аввал ёрдамчии раиси комиссия будам, баъд узви ин комиссияе, ки сулҳро ба Тоҷикистон овард. Вақте мо ба музокироти устод Нурӣ ва Раҳмон мерафтем, аз ин тараф гох ман мерафтам, аз он тараф гоҳ Иброҳим Усмон, гоҳ Фаттоев буд ва ман хеле чизҳоро дидам.

Хеле душвор аст бовар накардан, вақте инсон бо ашк сӯҳбат мекунаду зорӣ мекунад. Устод Нурӣ самимиву пок буданд ва ҳамаро мисли худашон фикр мекарданд. Ҳоло бояд эътироф кунем, ки бале ин ҷо иштибооҳ шуд ва ин одам он касе набаромад, ки мо фикр мекардем.

Субҳ боз мо баҳс доштем бо дӯстон, ки чаро дар Созишнома як давра барои Раҳмонов раисҷумҳур боқӣ мондан иҷозат дода шуда буд, аммо баъдан Раҳмонов ин Созишномаю Конститутсияро тағйир дод, аввал ду маротиба 7 солӣ гирифт, акнун имрӯз то охири ҳаёташ ҳақ дорад, ки президент боқӣ монад. Дар Созишнома хеле шаффофу ошкор навишта шуда буд, ки фақат як давраи 7сола. Чӣ шуд? Вақте дар комиссия иштирок доштем, вақте ки ин масъалаҳо баҳс мешуд, мо пофишорӣ кардем, ки на ин Созишнома аст, Раҳмонов як давра ҳақ дорад, ин матни тағироту иловае, ки ба Конститутсия дароварда шудааст, бояд ба ин мавзӯъ аслан рабт нагирад, ин дар Созишнома имзо шудааст.  Метавонанд бардоранд Созишномаро, инчунин ҳастанд касоне, ки ҳоло зиндаанд, Убайдуллоев, Иброҳим Усмонов, Достиев.

Ёдам ҳаст, Иброҳим Кенҷаевич гуфтанд, ки Убайдуллоев мехоҳад сӯҳбат кунад ва мо сӯҳбатам кардем, бо дигар аъзоёни комиссияи оштии миллӣ сӯҳбат шуд. Онҳо аз номи Раҳмонов он қадар зориву тавалло мекарданд… Мардуми тоҷик зудбовару содда ҳастанд.

Мақсади онҳо чӣ буд? Мо тоза аз ҷанг озод шудем, аз он тараф Ӯзбекистон фишор оварда истодааст, миллати тоҷик ниёз ба субот дорад, давлатдории тоҷик ниёз ба мӯҳлати ҳадди ақал ба 10-сола дорад, ки ҳамин одам президент боқӣ монад. Ба  хотири он, ки ваъда додааст, ки як давраи дигар президент боқӣ монад ва қасам ба ҳамаи бузургону авлиёҳову дигарон хӯрдааст, ки дигар раисҷумҳур боқӣ намемонад.

Оппозитсия гузашт кард, ҳатто ба хотири миллат аз матни Созишномаи сулҳ, оқибнишинӣ кард, чаро? Чун воқеъан дар он вақт Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодӣ буд, аз ин тараф Ӯзбекистон роҳҳоро баста буд, буҷа кам, мо тоза аз ҷанг баромада будем ва воқеан мехостем, ки сулҳ бошад, ваҳдат бошад, оромиш бошад ва ин марҳала, ки тамом шуд, Тоҷикистон ворид ба марҳалаи демократӣ мешавад. Ва ваъда ҳам доданд, ки интихоботҳои парлумонӣ демократӣ мегузарад, интихоботҳои президентӣ демократӣ мегузарад, ҳеҷ кас ҳақ надорад аз ду давра зиёд раисҷумҳур бимонад, фарзандашро биёрад раисҷумҳур кунад.

Ба хотири миллат, ба хотири сулҳу амният оппозитсия гузашт кард. Агар фиреб хурдем, камбудӣ кардем, ба хотири миллату давлат буд. Онҳо гуфтанд, ки мо ин гузаштро аз шумо хоҳиш мекунем, чунки Тоҷикистон ин марҳалаи душвор қарор дорад, бояд аз ин марҳала гузарад. Ин марҳала, ки рафт дигар интихоботҳои шаффофу демократӣ баргузор мешавад ва ин одам дигар ҳаққи интихоб шуданро надорад. Вале бояд эътироф кунем, ки дар пешониаш навишта нашуда буд, ки ин одам хоин аст.

Вақте ба сиёсат омадед, инсон бояд зирак бошад, пешбинӣ карда тавонад, аммо мо тоҷик ҳастем ва ин хислати кӯҳистониён аст, ки аксаран софдил, сода ҳастанд.

Умед дорам дар марҳалаи оянда сиёсатмадорон дигар каме ҳушёртар бошанд,  бидонанд, ки дар ин ҷо фиреб ҳаст, найранг ҳаст, зери пӯшиши манфиати миллату давлат бисёриҳо манфиатҳои шахсию хонаводагии худро низ ворид мекунанд.

Аммо қисмати соули шумо, ки як идда аз муҷоҳидин ин чизро қабул накардаанд. Ҳамааш ин набуд, ки онҳо ояндаи ин сулҳро ҳамин хел медиданд ва ба ҳамин хотир сулҳро қабул намекарданд. Он ҷо тафаккурҳои дигар ҳам буд, ки онҳо қабул надоштанд, ки бо ҳамин гурӯҳ дар маҷмӯъ сулҳ кунанд. На ба он хотир, ки ин гурӯҳ фиребгар аст ва дар оянда ин бозиҳоро мекунад, балки мегуфтанд, ки инҳо одам куштаанд, ҷиноят карданд ва мо дар арафаи ғалаба ҳастем. Чун аз марзи Афғонистон шурӯъ карда, қадам ба қадам оппозитсия то 7-ум километри Душанбе омада буд, алакай баъзе минтақаҳои шарқии Душанбе дар тирраси нерӯҳои мухолифин буд.

Вақте мо дар комиссияи оштии миллӣ аъзо будем, баъзе кумондохо меомаданд ва мегуфтанд, ки мо аз  болои теппаҳои атрофи Душанбе метавонем қасри раисҷумҳурро нишон қарор бигирем, чаро шумо иҷозат намедиҳед, ки мо  ин пирӯзии худро ба комил расонем. Мо онҷо талош мекардем, устод Нурӣ, устод Ҳимматзода, устод Латифӣ, Ҳабиб Сангинов ва бисёр аъзои Комиссияи оштии миллӣ, муҷоҳидинро мутақоид мекарданд, ки хуб Душанберо мегирем, ҳоло пирӯз мешавем, боз ин ҷанг давом дорад, боз мисли ҳамон аввали солҳои 90 мешавад. Мумкин артишҳои дигар кишварҳои бегона, танку тӯпи кишварҳои ҳамсоя ворид шавад, миллат ҳеҷ гоҳ аз ҷанг раҳо намешавад. Биёед агар мо ҷавонмард ҳастему миллатро дӯст медорему исломро дӯст медорем, дар ҳолати пирӯзӣ сулҳ кунем, дар ҳолати заъф сулҳ кардан ҷавонмардӣ нест. Онҳо, ки дар ҳолати заъф қарор доранд, ҳоло ба сулҳ розӣ шуданд, мо, ки дар ҳолати пирӯзиву пешрафт қарор дорем ва сулҳ кардем ин ҷавонмардӣ аст. Миллат инро қабул мекунад.

Онҳо метавонистанд пирӯз шаванд, вале сулҳро қабул карданд, чун Раҳмон вақте ки пирӯз буд дар солҳои 92-93 шиораш буд, ки ман ҳеч гоҳ бо инҳо сулҳ намекунам, чунки пешрафт дошт. Аллакай артишу Русияву танку туби Ӯзбекистон ворид шуда буд ва муҷоҳидин ба Афғонистон ҳиҷрат карда буданд. Аслан сулҳро қабул намекард. Шумо наворҳоро тамошо кунед, онҳо мегуфтанд, ки онҳо дастояшон то оринҷ хун асту мо сулҳ намекунем. Аммо вақте ки ба гуфти муовини вазири хориҷаи Русия Адамишин, дигар русҳо шарт монданд, ки мо силоҳ намедиҳему пул намедиҳем, маҷбур шуд ба сулҳ розӣ шавад. Русҳо гуфтанд, ки агар мо вориди ҷанг нашавем, дигар мағлуб мешавӣ ва миллати тоҷик дигар даст ба мубориза задааст ва мо ҳам солдатҳои Русияро барои ту сипар нахоҳем кард. Бахусус баъди ҳодисае, ки дар заставаи 12-ум рух дод ва нерӯҳои марзбонии Русия талафоти зиёд диданд. Ин барои раҳбарияти Русия як сигнали қавӣ буд ва онҳо ҷиддӣ гирифтанд, ки бояд сулҳ кард.

Примаков ба назди устод Нурӣ ба Афғонистон рафт ва музокирот шурӯъ шуд. Онҳо гуфтанд, ки дигар Русия омода нест, ки сарбозонашро қурбон кунад ва болои Раҳмонов фишор шуд, то ин ки сулҳ кунад. Онҳое, ки сулҳро қабул накарданд, на ба хотири он ки Рахмоновро хуб шинохта буданд, аслан мегуфтанд, ки то бояд пирӯзӣ ҷанг кард. Лекин устод Нурӣ ва  дигар раҳбарон назарашон дар ин бора дигар буд.

Радиои Паём: Агар он замон мухолифин дарк мекарданд, ки ин одам хиёнаткор аст, сулҳ намекарданд?

Бале, албатта. Агар мо мефаҳмидем, ки дар паси ин гиряву зорию таваллоҳо як фикри хиёнат аст, табиист, ки ҳеҷ кас сулҳ намекард. Вале онҷо кишварҳои кафили сулҳ буданд, СММ буд, Русия, Эрон ва дигар кишварҳо омаданд ва кафолат доданд,ки ҳеҷ кас ин сулҳро вайрон нахоҳад кард.

Вале ин ҷо як ҳолате шуд, вақте Раҳмон ба шикастани Созишнома шурӯъ кард, айнан дар ҳамон шабу рӯз дар Афғонистон ҷанг алайҳи Толибон оғоз шуд, инчунин дар нуқтаҳои дунё ҷанҷолҳо оғоз шуданд, ки СММ, ОБСЕ ва кишварҳои кафил машғули он низоъҳо буданд ва раванди сулҳи тоҷикон каме аз ёдҳо рафт, аз рӯзномаи фаъолияти СММ ва дигар созмонҳо дуртар рафт. Раҳмонов ин вазъиятро хуб истифода бурд.

Аввалин қонуншиканиеро содир кард ин буд, ки тибқи протоколи низомӣ бояд вазири дифоъ аз тарафи оппозитсия мешуд ва ин дар Созишнома ҳаст, вале вақте  оппозитсия халъи силоҳ шуд Раҳмонов гуфт, ки на, мо вазири дифоъро намедиҳем. Талаб шуд, ки чаро намедиҳед, вақте ки дар Созишнома имзо кардед. Ӯ гуфт, агар мехоҳед ҷанг аз сари нав мекунем, вале намедиҳам. Баъди он ки оппозитсия халъи силоҳ шуд, ӯ қавитар шуд ва гуфт агар ҷанг мехоҳед мо ҷанг мекунем.

Баъдтар қадами дуввумро гузошт ва гуфт, ки банде, ки Президент фақат як давр аст, онро ҳам ба дӯш намегирем, онро ҳам тағйир медиҳем, ман бояд 2 даври дигар 7 солӣ боқӣ бимонам. Инро бо далели он, ки Тоҷикистон дар муҳосира ҳасту дар ҳолати душвор ҳасту агар як нафари дигар биёяд шояд ин тааҳудоте, ки ман ба шумо додам, иҷро накунаду риоя накунад мегуфт, вале бехабар аз он худаш ин таоҳудотро иҷро намекунад.

Агар тарафи оппозитсия, ҳам устод Нурӣ, устод Ҳимматзода, устод Тураҷонзода ва дигар шахсиятҳо камтарин эҳсос мекарданд, ки ин ҷо хиёнат мешаваду фиреб мешавад, фикр мекунам он вақт ба ин шартҳо розӣ намешуданд. Ё ҳадди ақал чораҳои лозимиро барои пешгирии ин фиребу найрангҳо меандешиданд.

Шакли пурраи мусоҳибаро метавонед инҷо тамошо кунед:


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles