Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Рушди иқтисоди Тоҷикистон бо суръат коҳиш хоҳад ёфт

$
0
0

Таҳлилгарони Хазинаи байналмиллалии асъор (ХБА) пешбинӣ мекунанд, ки дар минтақаи Осиёи Марказиву Кафқоз камшавии суръати рушди иқтисодӣ дар ду соли оянда бештар аз ҳама Тоҷикистонро таҳдид мекунад.

“Интизор меравад Тоҷикистон бештарин афтиши суръати рушдро мутаҳаммил шавад, чун тасбити (консолидатсия) давомёфтаистодаи буҷа таъсири манфӣ аз камшавии интиқоли пулро бештар мекунад” — гуфта шудааст дар шарҳи нави Хазина “Дурнамои рушди иқтисодӣ минтақа”.

Рушди маҷмӯъаи маҳсулоти дохилаи (ММД) Тоҷикистон дар соли гузашта 7 дарсадро ташкил додааст, ки болотарин сатҳ байни кишварҳои минтақа аст.

Иҷтисодчиёни ХБА пешбинӣ мекунанд, ки соли 2019 рушди иқтисоди кишвар то 5% ва дар соли 2020 то 4,5% пойн хоҳад рафт.  

Дар шарҳи нав гуфта шудааст, ки дар умум суръати рушди иқтисодӣ дар минтақа пойдор боқӣ мемонад, аммо ҳанӯз ҳам хеле камтар аз он аст, ки сатҳи зиндагии мардумро боло барад.

“Бо назардошти пешбинии суръати рушди иқтисод дар солҳои 2019 ва 2020 дар сатҳи 4,1%, дурнамои рушди минтақаи Қафкоз ва Осиёи Марказӣ нисбати суръати рушд бо ҳаҷми 4,2% дар соли гузашта, амалан тағйир наёфтааст” — қайд шудааст дар шарҳ.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони ХБА таъкид мекунанд, ки дурнамои кишварҳои минтақаро болоравии сатҳи номуайянӣ дар иқтисод тира мекунад.

Аз ҷумла, иқтисодчиёни Хазина шиддати баҳсҳои тиҷорӣ байни ИМА ва Чинро зикр мекунанд. “Новобаста аз дилхоҳ созишномаҳо дар соҳаи савдо дар ояндаи наздик, баҳсҳои давомдор атрофи савдо ва амният, мисли пештара ба дурнамои минтақа тавассути халалворидсозӣ дар занҷираи молрасониҳо ва камшавии сармоягузорӣ таъсир хоҳанд расонд” — омадааст дар шарҳи ХБА.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles