Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Намуди нави эътироз дар Тоҷикистон: паём рӯи пули миллӣ

$
0
0

Дар Тоҷикистон намуди нави эътироз алайҳи сиёсатҳои раисҷумҳурро кашф кардаанд, ки бесобиқа аст. Мардум эътирози худро рӯи пули миллӣ менависад. Талабҳои гуногун рӯи пулҳо аз 1-сомонӣ то 500-сомонӣ навишта шудаанд.

“Раҳмонов истеъфо”, “Эмомалӣ Раҳмон истеъфо! Мо аз ту безо шудем”, “Эмомалӣ диктотур истеъфо”, “Эмомалӣ Раҳмонов, истеъфои туро талаб дорам” ва ғайра, аз шиору талаботест, ки рӯи пулҳо навишта мешаванд.

Ин пулҳо асосан баъди рӯяшон навиштани талаб ё эътироз, ба банкоматҳо партофта мешаванд, вале ҳастанд намунаҳое ҳам, ки байни мардум гардиш мехӯранд.

Тибйи иттилоъи як манбаъи Паём, хазинадорони ҳади ақал ду бонк дастур гирифтаанд дар сурати ба чашм хӯрдани чунин пулҳо ба пулис иттилоъ диҳанд.

То ҳол касе барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст, чун собит кардани муаллифии шиор тақрибан ғайриимкон аст.

Дар Тоҷикистон ҳама намуди эътирозҳо бо шиддат пайгирӣ ва пахш мешаванд. Бинобар ин мардум мекӯшад роҳҳои бехатартари онро пайдо кунад. Аз ҷумла кушодани саҳифаҳои ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бо боз кардани саҳифаҳои ҷаълӣ ё фейкӣ, мардуми норозӣ андешаҳои худро бидуни тарс рӯи саҳифаҳои иҷтимоӣ мекорад. Ин аст, ки бештари эътирозҳо аз тарафи ҳамин гуна афрод садо медиҳанд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>