Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур супориш додааст, ба хонаводаҳои ҷанговарони ҳалокгаштаи Фронти халқӣ дар қатори иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ дар солҳои 1941-1945 кӯмакпулӣ ҷудо карда шавад.
Тибқи иттилоъи АМИД “Ховар” бо қарори Рустами Эмомалӣ “Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 (шашсаду наваду ҳафт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо намояд. Тибқи қарори мазкур ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶДҶ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷудо мегардад”.
Зери мафҳуми “сохти конститутсионӣ” мақомот ҳукумати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмонро дар назар доранд, ки тавассути кудато соли 1992 сари қудрат омадааст. Аммо онҳое, ки ба қавли мақомот барои “ҳимояи сохти конститутсионӣ” ҷангидаанд, ҷанговарони Фронти халқии Сангак Сафаров аст, ки дар куштори даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ даст дорад.
Солҳои охир бар хилофи бандҳои Созишномаи сулҳ, ҳукумати Тоҷикистон як тарафи ҷангро хоин номида, аз тарафи дигари он қаҳрамон метарошад. Моҳе қабл нимпайкараҳои ду ҷинояткори асосси Фронти халқӣ — Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов таъмир карда шуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ ворид гардиданд.
Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон аллакай алайҳи ин иқдоми мақомоти пойтахт садо баланд карданд. Ду шоир ва рӯзноманигори тоҷик — Исфандиёри Назар ва Зафари Сӯфӣ эътирозномаҳои худро нашр кардаанд, ки зераш то ин дам даҳҳо нафар имзо гузоштанд.