29 апрел мусоҳибаи Радиои Паём бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид. Паём матни се қисмати аввали онро нашр кард. Ҳоло матни бахши чаҳоруми ин мусоҳиба пешкаши хонандаи азиз мегардад.
Радиои Паём: Мегуфтед, ки дар ҳолати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ё и Паймони Миллии Тоҷикон ба сари қудрат омаданаш, тақдири шахсиятҳои мазҳабӣ, ки боварманд бар мазоҳиби дигар ҳастанд ва фикру андешаҳои гуногун доранд ва имрӯз бо ҳар гуна барчаспҳои салафию таблиғию ва ҳоказоҳо дар пушти панҷараи зиндон ҳастанд ва муносибати ҲНИТ ва ПМТ бо ин гуна шахсон чӣ гуна мешавад?
Муҳиддин Кабирӣ: Ин бисёр як саволи муҳим аст. Агар ман ҳамчун намояндаи ҲНИТ , ё ПМТ ба ин савол посух гӯям, шояд боз ҳам суоле пайдо шавад, ки шумо чӣ гуна исбот мекунед? Шояд ин шиор бошад, ё гапе беасос бошаду вақти сари қудрат омадан шояд ки мавқеатон тағйир кунад. Масалан мисли Раҳмонов, ки дар вақташ ваъдаҳои зиёд дод ва гуфт, ки касе надорам ба ғайр аз як бародари тракторчӣ ва ман фақат ду давра меистаму меравам. Вале алъон комилан тағйир кард.
Масъала хеле масъалаи печида аст. Ҳоло миллати тоҷик ин таҷрибаи талхро дорад, ки борҳо ваъда шунидаст аз сиёсатмадорон ва баъд ба ваъда вафо нашуд. Ба ин гуна саволҳои муҳим бояд хеле самимона ва ошкор бояд ҷавоб гӯям. Ман на ба хотири он ки касеро бояд ҳоло аз худамон розӣ кунем, ё масалан ҳастанд касоне ҳам, ки шояд дар оппозитсия ҳам бошанд, шояд дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам ҳастанд, ки ҳарфҳои маро қабул ҳам накунанд. Агар бигӯянд, ки шумо ҳам сари қудрат биёеду ҳукуматеро ҳам сари қудрат биёред, дар он низомеро ҷорӣ кунед, ки дар он мусалмон бо масеҳӣ, мусалмон бо зардуштӣ , ё диндорҳо бо бединҳо ҳуқуқи баробар дошта бошанд, мо ин гуна ҷомеаро қабул надорем. Шояд ин гуна норозиҳо ҳам бошанд.
Аммо вазифаи мо ин нест, ки ҳамаи ҷомеаро аз худ розӣ кунем. Вазифаи мо ин аст, ки як давлати ором, босубот, пешрафта барои ҳамаи сокинон дошта бошем. Ин маънои онро дорад, ки агар Паймони Миллии Тоҷикон сари қудрат биёяд, ягон дин дар сатҳи ҳокимият дини бартар нахоҳад буд. Бале, дар ҷомеа аксарият мусалмон ҳастанд ва имрӯз ки бештар аз навад дарсади ҷомеа дар дини ислом ҳастанд, табиист,ки фарҳанги мо фарҳанги мусалмонӣ аст. Набояд дар Тоҷикистон қароре қабул шавад, ки бар хилофи арзишҳои динии мардуми мусалмон ва фарҳанги исломӣ бошад. Ин ба ҳукумати исломиву ғайриисломӣ ҳеҷ рабт надорад.
Масалан дар Аврупои демократӣ, ки масеҳият дар сари қудрат нест, наметавонад як қонунеро қабул кунад ҳукумат , ки ба арзишҳои масеҳият мухолифат дошта бошад. Дар кишварҳои демократӣ ҳамин тавр аст. Ва муҳим, ки қонунҳое, ки қабул мешаванд, мухолифат ба арзишҳои динӣ надошта бошанд. аммо ин на ба он маъно, ки сад дар сад қонунҳои ин ё он дин дар сатҳи ҳукумат татбиқ шаванд ва вориди қонунгузорӣ шаванд.
ПМТ ҳам тарафдори як давлати демократии озоди қонунмеҳвар аст, ки мардум худаш аз тариқи интихобот намояндаҳои худашро интихоб кунад ва қонунҳо тибқи хостаи мардум қабул шаванд. Аммо шояд дар ин ҷо савол ба вуҷуд ояд, ки агар билфарз мардум дар як референдум, дар як назарсанҷӣ , ё интихобот талаб кард, ки дар Тоҷикистон шариат ҳоким бошад, дар ин суръат ПМТ, ҲНИТ, ё ҳар ҳизби дигар, ҳатто ҳизби коммунист ҳам агар дар сари қудрат омаду раисҷумҳур аз ҳизби коммунист шуду мардум дар як раъйпурсии озод талабгори он шуд, ки шариат ҳоким бошад.
Мо дар ин ҷо дар Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон моддаи як ва моддаи сад дорем. Мувофиқи он низоми давлатдории Тоҷикистон таҳти ягон шароит тағйирёбанда нест. Яъне низоми дунявӣ боқӣ мемонад. Ҳоло фарқ надорад, ки кӣ сари ҳокимият омад ва аксарияти парлумонро кӣ гирифт?! Тоҷикистон ҳамчун як давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд боқӣ мемонад. Таҷриба ҳам нишон додааст, ки ин намуди давлатдорӣ аз беҳтарин намуди давлатдорӣ аст ва ба шароити имрӯза мутобиқ аст.
Шояд ки нафароне ҳам гӯянд, ки демократия ин низоми идеалӣ нест, вале дар ин шабу рӯз аз ҳама беҳтаринаш аст. Аммо агар мардуми мусалмон ҳам озодии динӣ дошта бошанд, озодона ба масчид рафта тавонад, он либосе, ки мехоҳад, бипӯшад ва ибодаташро ба он шакле, ки динаш аз ӯ тақозо мекунад. анҷом бидиҳад, чӣ мусалмон бошад, чи масеҳӣ, чӣ зардуштӣ, ё каси дигар, ман фикр намекунам, ки ягон шаҳрванд мухолифи ин гуна ҳукумат, ё ин гуна давлат бошад.
Ягона нуқтаи ихтилоф мемонад дар сари нуктаи дунявият, ки ҳоло ҳам инро дуруст дарк накардаанд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҳамин дунявият, ё ба ном демократияе, ки ҳоло болои Тоҷикистон ҷорӣ кардаанд, гӯё ки демократия ҳамин аст ва дунявият ҳамин аст. Агар шумо ҳам сари қудрат биёеду ҳамин дунявияту демократиро ҷорӣ мекарда бошед, пас аз инҳо чӣ фарқ доред?! Ва пас чаро мо ба шумо раъй бидиҳем, на ба ҳизби халқӣ демократӣ? Ҳол он ки инҳо ҳам даъвои демократияро доранд.
Мушкили мо ҳам дар ҳамин ҷо аст, дар фаҳми демократия ва дунявият. Ин ҳоле, ки алъон дар Тоҷикистон аст, на ба демократия рабт дорад, на ба дунявият. Ман инро ҳамчун як мутахассис мегӯям. Билохира таҳқиқоти ман ва кори илмии ман ҷомеашиносӣ аст ва таҷрибаи кору зиндагиву таҳсил ҳам дар Урупо ва ҳам дар кишварҳои исломӣ дорам. Ба ин натиҷа расидам, ки дар фаҳми демократияву дунявият байни кишварҳои авторитарӣ, ба хусус Тоҷикистон ва минтақаи мо ва кишварҳое, ки ҳам мафҳуми дунявият ва демократия аз он ҷо сарчашма гирифтааст мисли кишварҳои Урупоӣ фосила хеле зиёд аст.
Ин демократҳо ва дунявиҳои мо дунявиятро баръакс фаҳмиданд. Дунявиятро як низоми зиддидинӣ, ё алайҳи дин фаҳмиданд. Дар суръате, ки дунявият як низоми давлатии ҷудо аз дин аст, на зидди дин. Вақте мегӯем, ки ҳукумат ҳукумати дунявӣ аст, маънояш ин аст, ки ин ҳукумат кастингҳояшро дар асоси таълимоти динӣ намегирад. Аммо алайҳи дин нест ва бар зидди дин фаъолият намебарад. Дунявият дар ин фаҳмиш ҳеҷ зарар надорад. Агар Ҳизби Коммунист, ё Наҳзат, ё ҲДДТ ҳам сари қудрат омад, дар асоси конститутсия низоми худро пеш бояд бубурад. На дар асоси як таълимоти динӣ ва на бар зидди таълимоти динӣ.
Имрӯз мардум демократияро ҳамчун як бебандуборӣ, ривоҷ ёфтани фисқу фуҷур, ё ривоҷ ёфтани амалҳои ношоистаи зидди фарҳангиву динӣ ба мисоли маводи мухаддир, ҳамҷинсгароӣ ва мисоли инҳо мефаҳманд. Гӯё демократия ба ҳамин маҳдуд мешуда бошад. Демократия ин ба низоми давлатдорӣ рабт дорад. Он масъалаҳо масъалаҳои ахлоқӣ аст, ҷомеавӣ ва иҷтимоӣ аст. Ин демократия интихоботи озод, ивазшаванда будани ҳокимият, баробарии ҳамаи шохаҳои ҳокимият , масалан парлумону ҳокимияти иҷроияву ҳокимияти судӣ ҳам баробарвазн бошанд ва ҳам якдигарро контрол карда тавонанд.
Аммо дар фаҳмиши мардум мафҳумҳои демократияро ғалат ҷорӣ карданд, иваз карданд, дунявиятро ба шакли ғалат шарҳу тафсир мекунанд. Ва табиист, ки як идда аз бовармандон, як идда аз диндорон ва як идда аз мардуме, ки ин назокатҳоро дуруст дарк намекунанд, ба худ суол медиҳанд, ки агар демократия ва ё дунявияташ ҳамин чизе бошад, ки ҳизби халқӣ демократӣ анҷом дода истодааст, яъне сиёсати зиддидинӣ, зиддиахлоқ, зиддифарҳанг, дуздиву ғоратгарии коррупсия, тамарқуз кардани ҳокимият дар як хонавода, чаро ман ба як низоми демократӣ ва дунявӣ раъй бидиҳам?
Ман фикр мекунам, ки мо ниёз дорем, ПМТ, ҲНИТ ва дигар ҳизбҳои оппозитсионӣ , рӯшанфикрон, рӯзноманигорон, ки биёед ба мардум равшангароӣ кунем. Мардумро фаҳмонем, ки ҳамватанони азиз, он чиро, ки имрӯз шумо дар Тоҷикистон мебинед,дар Туркманистон мебинед ва дар баъзе кишварҳои ба ном демократӣ мебинед, барои мисол дар Корреяи Шимолӣ, ки номи ин кишвар ҳам Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея аст, яъне онҳо ҳам худашонро демократ медонанд. Аммо ин миллати Кореяро низ ба чи мусибате гирифтор кардаанд. Пас инҳо на демократанд ва на халқианд ва на дунявианд. Мо бояд шарҳ бидиҳем, бифаҳмонем. Ин воқеан як кори душвор аст, аммо дигар илоҷ надорем. Мо, ки мардумро шарҳ додему мардум фаҳмид, ки демократияи воқеӣ чӣ аст, дунявияти воқеӣ чӣ аст, агар ҳизби динӣ ҳам сари ҳокимият ояд, чӣ мешавад ва агар ПМТ ҳам омад, чӣ мешавад, дар он суръат мардум бо як огоҳӣ ва бо як дарки дуруст ба мо раъй хоҳад дод.
Радиои Паём: Аммо нагуфтед, ки тақдири дигарандешон ва он мазҳабиёне, ки айни ҳол дар зиндон ҳастанд чи гуна меанҷомад? Мисли оне, ки як мазҳаб мазҳаби давлатӣ мешавад, ё ба он нафароне, ки боварманд ба ин мазҳаб нестанд ва дар баъзе лаҳзаҳо ихтилофи назар доранд, онҳо ҳатман дар пушти панҷараи зиндон мешаванд?
Муҳиддин Кабирӣ: Вақте мо гуфтем, ки ҳукумат дар асоси таълимоти ягон дин, ё мазҳаб тасмим намегирад, дигар ин маънои онро дорад.ки пайрави ҳар дину мазҳаб, ҳатто дар дохили як дин ҳам пайрави як мазҳаби дигар метавонад он эътиқодоти худро анҷом диҳад.
Масалан як нафар гӯяд, ки ман салафӣ ҳастам. Салафӣ будан, яъне чӣ? Ӯ эътимод дорад, ки коре, ки ӯ мекунад, пайравӣ аз салафи солеҳ аст. Ҳоло фикр мекунад, ки пайрави салафи солеҳ аз лиҳози зоҳирӣ фалон миқдор риш дошт, намозро бо ин шакл мехонд, дастро дар болои сина мегирифт, такбирро баланд мегуфт, ё ки паст мегуфт, ин кори шахсии ӯ аст. Бигузор тибқи он фаҳмиш ва тибқи эътиқодоте, ки дорад, ибодаташро анҷом диҳад.
Як нафари дигар, ки ҳанафӣ аст мегӯяд, ки на, ман аз рӯйи эътиқоди мазҳаби Эмоми Аъзам Абӯҳанифа р а намозамро ба ин шакл мехонам. Мо дорем ҳамватанони шиамазҳаб, ки чи дар чорчӯби исмоилия, ё шояд дар ин байн баъзе аз нафароне дар мазҳаби исноашариа, ё ҷаъфарӣ пайдо шуда бошанд, мо ҳоло ҳамватанони зардуштӣ ҳам дорем, мо дорем масеҳиёнро, ё умуман бединҳо ҳам ҳастанд ва набояд як инсон барои эътиқодаш маҳкум шавад. Зеро он эътиқод аст ва он боварӣ аст.
Аммо вақте ки як одам ба хотири эътиқодаш қонунро вайрон мекунад, ё эътиқодоти дигаронро зери суол мебарад ба он маъно, ки таҳқир мекунад ва худашро бартар медонад, ба масхара мекашад, ё ҳисси кинаву адоватро нисбати пайравони ин ё он мазҳабу ҷаҳонбиниву дин баён мекунад ва онро паҳн мекунад, дар ин ҷо бояд қонун ворид шавад. Ҳукумат бояд амал кунад. Ҳокимият кӣ аст, ҲХД аст, Наҳзат аст, ё ин ки ҳар ҳизбе дигар бошад, бояд ҳуқуқи он шаҳрванде, ки таҳқир шудааст ба хотири либосаш, ришаш, тарзи намоз хонданаш, ё худ ба хотири он ки аҳли намоз несту намозро қабул надорад ва намехоҳад ҳиҷоб ба бар кунад ва намехоҳад ба масчид биравад.
Давлат вазифадор аст, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ҳифз кунад, то он даме , ки ин шаҳрванд ҳуқуқи дигаронро поймол намекунад. Яъне бояд ҳам диндорҳо, ҳам бединҳо, ҳам нафароне, ки пайрави ин, ё он эътиқодот ҳастанд, бояд бидонанд, ки марзи боварҳо ва эътиқодоти онҳо дар он ҷое тамом мешавад, ки марзи эътиқодот ва боварҳои дигаронро дахолат мекунанд.
Агар мо ба чунин ҷомеае бирасем, ҷомеаи мо мисли ҳамин Урупо мешавад, ки фарқ намекунад, кадом ҳизб пируз мешавад дар интихобот. Он ҳизб маҷбур аст, ки фарҳанги оммаро риоя кунад, қонунҳоро риоя кунад.
Назари мо дар маҷмӯъ оиди ин масъала ин аст, ки ҳоло бубинед, ки зиндонҳои Тоҷикистон пур аз салафиву таҳририву таблиғиву пур аз наҳзативу пайравони ин, ё он ақидаҳо шуданд, онҳоро на ба хотири он оварда зиндон карданд, ки ҷинояте содир карда бошанд. Масалан ҷоеро тарконида бошанд, ё касеро таҳқир карда бошанд. Он бандаи Худоро ба он хотир пушти панҷара карданд, ки намозро ба тарзи эътиқоди салафӣ хондааст, ё ин ки пояшро дар намоз васе гирифтааст, ё дасташро бардоштааст.
Ин ҳолат воқеан як таҳқир аст. Ин як қонуншиканӣ аст. Ҳокимият ҳам нест, дунявият ҳам нест, ин демократия ҳам нест. Ман чи кор дорам ба як нафаре, ки дасташро чи кор мекунад, ё ба ӯ маъқул аст, пас бигузор ҳамин хел намоз бихонад. Ва агар як нафаре, ки ба ин натиҷа мерасад дар натиҷаи мутолиаҳояш, ки пайравӣ аз мазҳаби Имом Шофеӣ кунад. Ҳанафӣ буд ва далелҳои мазҳаби Имом Шофеӣ барояш қавитар гардид, ё далелҳои Имом Ҳанбал, ё Имом Молик қавитаранд. Чаро мо бояд ин нафарро биёрему муттаҳам кунем, ки аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа дур рафт?
Ман фикр мекунам, ки ин тангназарии динӣ аст. воқеан ҳам фарқ надорад, ки ин давлат дунявӣ аст, ё динӣ ин диктатура аст. Ҳоло мардумро аз диктатураи динӣ метарсонанд, аммо диктатура ҳамааш хатарнок аст.