Ҳаёти зану шавҳарӣ агар чӣ ба пояи меҳру муҳаббат устувор бошад, ҳам хоҳу нохоҳ дар он баъзе талошу ҷангҷолҳо вуҷуд дорад. Ягон оилае нест, ки дар он боре ҳам ҷангҷол нашуда бошад. Низоъҳои зану шавҳар барои ду ҷуфт амри оддӣ аст, аммо барои фарзандон филмҳои ваҳшатнокеро мемонад, ки тамоми умр дар хотираш мемонад.
Ҷангҷоли падару модар ба кудак зарарҳои ҷиддӣ дорад. Махсусан низоъҳое, ки ба шакли доими дар оила вуҷуд доранд, ояндаи кӯдакро дар хатар мегузоранд.
Табибони соҳаи равоншиносии кӯдакон муттафиқ ҳастанд, ки аксари кӯдаконе, ки бемориҳое монанди ақибмондагии нутқ, ангушту нохун газӣ ва пешоб кардани ғайри иродавӣ доранд, дар оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аъзоҳои оила ҷангҷолҳои доимӣ доранд
Чигунае, ки медонем аввалин муассисаи тарбиявӣ, макону амну оромиш барои кӯдак оғӯши волидон аст, вақте волидон мудом бо ҳам даъво доранд, кӯдак ба ҷои худро дар амон ҳис кардан, ҳамеша эҳсоси тарс мекунад. Ҳамеша дар дил ҳарос дорад, ки боз ҷангҷолӣ падару модараш шурӯъ мешавад. Кӯдаке, ки дар оилаи ҷангҷолӣ зиндагӣ мекунад, ба мисли шахсест, ки дар ватани ноамн зиндагӣ дорад ва мудом мунтазири даҳшат аст.
Ҷангҷоли падару модар дар дили кӯдак тарсӣ абадиро ҷой мекунад, кӯдак тамоми умр хостаҳои худро иброз карда наметавонад. Аз сӯҳбат кардан меҳаросад.
Бо дидани ҷидолҳои волидон кӯдаки кӯчак намедонад, кӣ ҳақ ҳасту кӣ ноҳақ. Азбаски ақли маҳдуд дорад, золиму мазлумро ҷудо карда наметавонад. Вақте мебинад модар сари падар доду фиғон мезанад ва падар ором гӯш мекунад, гумон мекунад модар гунаҳкори аслӣ аст, ҳол он ки шояд сабаби ҷангҷол иштибоҳи падар бошад. Баръакс баъзан кӯдак модари худро мебинад, ки мазлумона мегиряд ва падар ба ӯ итоб дорад, кӯдак чун раҳм дорад дилу меҳрубон аст, гиряи модарро дида, ба модар раҳм мекунад ва падарро золими хона мешуморад, нисбати падар аз кӯчаки нафрат пайдо менамояд.
Кӯдак вақте мебинад дар оила ҷангҷол ҳаст, ва аз ӯҳдаи чизе баромада наметавонад, дар дил ҳисси нотавонӣ пайдо мекунад, ба худ бовар кардан, аз ӯҳдаи чизе баромаданро аз даст медиҳад, дар натиҷа як шахси нотавон бузург мегардад.
Аз ҳама бештар наврасон қурбони ҷангҷолҳои оилавӣ мегарданд. Наврас, вақте дид дар хона мудом низоъ вуҷуд дорад ва коре аз дасташ сохта нест, роҳи ҳалли оромиши худро дар чизҳои дигар меҷӯяд. Сигоркашӣ, алколнӯшӣ, рафтан аз хона, даст задани аксари ҷавонон ба ин балоҳо ба сабаби нооромии оила мебошад.
Падару модаре, ки доимо бо ҳам талош доранд ва аксари вақти худро бо низоъ мегузаронанд, барои таълиму тарбияи фарзанд вақт намеёбанд. Кӯдак аз таълим низ ақиб мемонад, барои он, ки касе нест, ки ӯро дар дарсҳояш кӯмак расонад ва муҳити хона асло барои дарсхондан мусоид нест.
Дашномҳои доимӣ, бадгӯиҳо нисбати ҳамдигар, зарбу шатми волидон нисбати ҳамдигар сабаб мегардад, ки кӯдак асабӣ ва бадзабон гардад. Дар камтарин мушкилӣ худро аз даст дода ба ҳақорату зарбу шатми аз худ заъифтар шурӯъ кунад.
Муддате бо кӯдакони шаш сола сару кор доштам. Ба ҳайси мураббия ҳамроҳашон кор мекардам. Дар байнашон писарчае буд, ки хеле зуд ғазабӣ мешуд, онқадр ғазабӣ шадид дошт, ки ҳама ӯро ҳамчун бемор шинохта буданд. Камтарин чизҳо ӯро ба ғазаби меовард. Китобҳояшро пора мекард, аз худ заъифтарро ба шиддат мезад.
Вақте сабаби ин ҳама мусибати ин кӯдаки бечораро пурсидам модараш бо дили садпора ҷавоб дод.
Медонед муаллимаҷон писараки ман бемор нест, комлан солим аст. Азбаски падари асабиву бадтарбия дорад, ин гуна муомила мекунад. Шавҳарам хеле зуд асабӣ мешавад, вақте асабаш вайрон шуд дар назди кудакон маро латукӯб мекунад, шишаҳоро мешиканад. Ин амалҳои падар сабаб гаштаанд, ки кӯдак ингуна асабӣ ва ғайритабиӣ бузург гардад.
Меҳру муҳаббат нисбати ҳамдигарро кӯдак аз волидон меомӯзад. Кӯдаке, ки дар хона сардии волидонро мебинад, худ низ дилсарду номеҳрубон бузург мегардад. Инсоне, ки меҳру шафқатро намедонад, чӣ бадбахтиҳое сари ҷомеа намеорад.
Чигунае, ки дар боло зикр кардем оилае нест, ки дар он низоъ вуҷуд надошата бошад. Аз низоъ ҷои гурез нест. Аммо метавонем барои он, ки кӯдакон қурбони ҷангҷолҳои оилави нагарданд, роҳи чораро пайдо кунем.
Волидон ҳанӯз фарзанд ба дунё наомада бояд бо ҳамдигар машварат кунанд. Бо ҳамдигар аҳд намоянд, ки ҳама низоъҳои зану шавҳариро дур аз чашми фарзандон мекунанд. То қадри тавон дар назди кӯдакон худро ба даст мегиранд ва ҳамдигарро дашном намедиҳанд.
Агар рафту кӯдакон шоҳиди низоъи волидон гаштанд ба кӯдаки худ мефаҳмонанд, ки дар ҳама оила дар байни ҳама падару модар низоъ вуҷуд дорад. Волидон пас аз нофаҳмӣ зуд оштӣ мекунанд, ҳамдигарро мебахшанд. Ин рафтор сабаб мегардад, то кӯдак талошҳои онҳоро ҳамчун мусибат қабул нанамояд.
Вақте байни волидон нофаҳмӣ сар зад, набояд кӯдаконро ба низоъи худ дохил кунанд ва ё ҳамчун шоҳиди чизе ва ё сухане эҳзор намоянд. Кӯдаки бечора тарафдори кадоме аз азизонаш шуданро намедонад, бо ин коратон ба равони кӯдак он қадр зарба мезанед, ки тамоми умр он рӯзро ҳамчун бадтарин рӯзи ҳаёташ дар хотир медорад. Рӯзе, ки намедонист ҷониби киро гирад.
Дар ҳолатҳои ғазаб ва дилсардӣ набояд модар ба кӯдакон нисбати падарашон суханҳои бад гӯяд. Дидӣ падарат маро чӣ гуфт, дидӣ чӣ инсоне аст? Ин суханҳо кӯдакро муқобили падар мегардонад. Падари худро ҳамчун инсони баду золим мешиносад. Волидон бояд тамоми мушкилиро бо ҳамдигар ҳал кунанад. Кӯдакро ба ин амре шарик насозанд.
Хеле кӯдаконро мебинем, ки ба ҳамсояву дӯстон ҷангҷолҳои волидонашонро қисса мекунанад. Суханҳои волидон сирру асрори оиларо ба дигарон фош месозанд. Сабабгри асосии ин обрӯрезӣ, албатта волидон мебошанд. Бояд кӯдак донад, ки сирри хонаро ба касе намегӯянд. Ба дигарон оиди низоъҳои оилавӣ даҳон намекӯшоянд.
Агар аз кадом шахси бавоя расида пурсон шавем, ки аз кӯдакии худ кадом рӯзҳои сиёҳро ба ёд дорӣ? Бешак дар байни рӯзҳои сахти худ ҷангҷоли волидон, махсусан даст бардоштани падар болои модари мазлумашро ба мо зикр мекунад.
Хотираҳои кӯдаки тамоми умр дар назди чашмонамон ҷилва мезанад, бигзор кӯдакон ҳаёти волидонро бо тамоми хубию фархундагӣ ба ёд дошта бошанд. Падарӣ ҷаллод неву марди ҳакиму сабур, аммо бошуҷоатро ба хотир оранд. Модарӣ ҷангҷоливу садобаланд неву зани меҳрубону ботаҳаммулро зикр кунанд.
Ҳамеша дар дил орзӯ дошта бошанд, ки мисли оилаи худ, мисли волидони худ оилае месозанд, ки бо ҳамдигарфаҳми ба қуллаҳои баландӣ саодат расида буд.
Падару модарони азиз қиссаҳои ояндаи кӯдаконатон шумо ҳастед, нагузорад, аз ҳаёти шумо ҳамчун ду хунхору золим ёдовар шаванд, бигзор аз шунидани ҳикояҳои зиндагии шумо дар зеҳни наберагону насли ояндаатон ба ҷуз хубӣ чизи дигаре наояд.