1.Пурқувваттарини ҳашарот мӯрча аст. Мӯрча бореро мебардорад, ки аз худаш даҳҳо маротиба вазнинтар аст. Мӯрчаҳо дар умрашон ҳаргиз намехобанд.
2.Маҳатма Гандӣ 13 сол дошт, ки волидайнаш ӯро бо духтараки 13 сола оиладор карданд. Дар он рӯз ду бародари дигараш ҳам оиладор шуданд. Маънои насаби Ганди савдогар аст. Дар ҳаёташ Махатма ягон бор гӯшт нахӯрдааст. Дар вақти донишҷӯияш худ пойлучу либосдарида буд, аммо ёрии дигаронро ба ниёзмандон бурда медод. Махатмаро панҷ маротиба ба мукофоти Нобелӣ пешниҳод карда буданд. Чандин маротиба ҳабс ҳам шуда буд. Ба қабули маликаи англис Маҳатма бо либоси оддитарини камбағалонааш ҳозир шуда буд. Ба Адолф Гитлел мактуби бисёре навишта хоҳиш карда буд,ки ҷанги дуюми ҷаҳониро оғоз накунад. Панҷ моҳ қабл аз маргаш ба мақсади бузургтаринаш расида буд. Ҳиндустон аз Британия мустақилиятро бо роҳи сулҳ , бе ягон хунрезӣ соҳиб шуд.
2.Олими физик Алберт Эйнштейн навохтани скрипкаро қабл аз сухан гуфтан омӯхта буд. Ҳайрон нашавед, ӯ дар 7 солагиаш гап заданро ёд гирифт. Ҳуҷҷати хатми гимназияро то охири умраш ҳам гирифта натавонист, зеро хатм накарда буд. Варзишро дӯст намедошт. Ягон масъалаи илмиро нафаҳмад, як лаҳза бо скрипка мусиқа менавохт. Он гоҳ худ аз худ фаҳмишаш осонтар мешуд. Баъди олими машҳур шудан одамон аз Эйнштейн дастхат мегирифтанд. Эйнштейн барои ҳар дастхаташ 1 доллар пул мегирифт ва ҷамъ карда ба бенавоён медод. Соли 1933 вақто ки Гитлер ба сари қудрат омад, аз Олмон гурехта ба ИМА рафт. Метарсид, ки ӯро бо мақсади ҷанг кор мефармоянд. Алберт Эйнштейн қабл аз маргаш иҷозат дода буд, ки мағзи сарашро барои таҳқиқ гиранд. Аммо баъди аз тапидан мондани дилаш 7 соат гузашту олиме, ки мағзро бояд омӯхта мебаромад онро бебозгашт рабуд.
3.Айни ҳол дар табиат як миллион намуди ҳашарот маълум шудааст, аммо олимон дар он назаранд, ки то 8 миллион вуҷуд дорад. Зеро ҳар сол зиёда аз 7 ҳазор хел ҳашароти гуногун пайдо карда омӯхта мешавад. Ҳашарот устухон надоранд. Мувофиқи қонуни физика ва аэродинамика гамбусакҳо набояд парвоз карда тавонанд. Олимон то ҳанӯз наомӯхтаанд, ки гамбусакҳо чӣ тавр парвоз мекунанд.
4.Сӯзанак ҳам як намуд аз ҳашарот аст, ки бисёр назаррабост. Сӯзанак ним рӯз зиндагӣ мекунад. Он метавонад дар як соат 60 км парвоз кунад. Ҳар як чашми онназдик ба 20 ҳазор линза дорад.
5.Ягона ҳашароте, ки сарашро ба ҳарду тараф мегардонад, гаҳвораҷунбон аст.
6.Пурқувваттарини ҳашарот мӯрча аст. Мӯрча бореро мебардорад, ки аз худаш даҳҳо маротиба вазнинтар аст. Мӯрчаҳо дар умрашон ҳаргиз намехобанд.
7. Парвонаҳо маззаи хӯрокро бо дастонашон мефаҳманд. Ҳар сол қариб чоряки ҳосили рӯёнидаи одамонро ҳашарот истеъмол мекунанд.
8.Як оилаи занбӯри асал дар як сол 150 кг асал ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо як занбӯр дар тамоми умраш чоряк қошуқча базӯр асал меғундорад. Дар як рӯз дар дунё то 3000 тонна асал ҷамъоварӣ мешавад.
9. Як қабилаи малахҳоро метавонад то 50 миллиард дона малах ташкил кунад.