Ҷумҳурии Исломии Покистон дар қисмати ҷанубии қитъаи Осиё воқеъ гашта, дар қатори даҳ давлати бисёраҳолӣ шинохта шудааст. Ҳамсарҳад бо давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва Чин мебошад. Аввал ҳамроҳи давлати Ҳиндустон кишвари таҳти мустамликаи Бритониё буд. Соли 1947 марзу буми Покистон аз қаламрави Ҳиндустон тақсим шуда, давлати мустақил бо номи расмии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис ёфт. Пойтахташ шаҳри Исломобод, забонҳои расмӣ урду ва англисӣ, санаи истиқлолият 14-уми августи соли 1947 аз Британияи Кабир. Масоҳати кишвар 803 ҳазору 940 км мураббаъ буда, дар бузургӣ ҷойи 34-умро ишғол кардааст. Сохти давлатдорӣ- Ҷумҳурии исломӣ. Воҳиди пулиаш рупии Покистонӣ мебошад. Шаҳрҳои калонтаринаш Исломобод, Қарочӣ, Пешовар ва ғайра ба ҳисоб меравад. Коди телефон +92 аст.
Саршумори аҳолӣ мувофиқи маълумоти бонки ҷаҳонӣ 204 миллиону 616 ҳазор нафар ва дар ҳоли афзоиш аст. Аз ин миқдор 50, 8 фоизашро мардон ва 49, 2 фоизашро занон ташкил медиҳанд.
МАОРИФ
Фарогирии илм дар Покистон ҳатмӣ буда, дар пешрафти фарҳанги кишвар нақши муҳиме дорад. Таҳсилоти томактабӣ аз синни 3- 5 солагӣ шурӯъ мешавад. Ин ҷо толибилмон дар панҷ марҳилаи таҳсил фаро гирифта мешаванд. Синфҳои 1-ум то 5-ум барои маълумоти ибтидоӣ (барои ҳама), синфҳои 6-ум то 8-ум барои маълумоти миёнаи нопурра, синфҳои 9-10-ум барои гирифтани маълумоти миёнаи пурра ва боқӣ ду марҳила барои сатҳи бакалавр ва магистр дар донишкадаҳои олӣ мувофиқи хоҳиш пешбинӣ шудааст. Дар боғчаи бачагон кӯдакон якҷоя таълим мегиранд, дар мактабҳо бошад, аз оғоз писарҳо ва духтаронро дар синфхонаҳои алоҳида меомӯзонанд. Аммо дар мактабҳои типпи махсусе, дар маркази шаҳрҳои калонтарин таъсис ёфтаанд, писару духтарон алоҳида дарс намехонанд. Аз шумори умумии кӯдакони синни мактабӣ писарҳо 63 фоиз ва духтарҳо 72 фоиз маълумоти миёна доранд. Забонҳои англисӣ, франсузӣ, арабӣ ва чинӣ дар мактаби миёна омӯзонида мешавад. Таълими дарси динӣ ҳам дар мактаб ҳатмист.
ИҚТИСОДИЁТ
Дар ҷадвали давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта Покистон миёни 195 давлатҳои эътирофшуда дар ҷойи 68-ум қарор дорад. Соли 2018 ба миқдори 24, 8 миллиард доллар содирот ва ба миқдори 55, 6 миллиард доллар воридоти мол дар ин давлат анҷом ёфтааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохила 304 миллиард долларро ташкил дод, ки бар дӯши ҳар фарди покистонӣ 5, 53 ҳазор доллар рост меояд.
Аз маводи содиротии кишвар — болину бистарвориҳо бо маблағи 3, 33 миллиард, сару либос 1,89 миллиард доллар, биринҷ 1,63 миллиард, риштаҳо ва нахи пунба 1,21 миллиард, колои занона 1, 04 миллиард, нафти хом 7,04 миллиард, сӯзишворӣ 2, 88 миллиард, равғани палма 2 миллиард, нафту газ 1, 84 миллиард ва мошинҳои истеҳсоли Покистон 1, 35 миллиард доллар даромад ба ҳисоби хазинаи давлат ворид шудааст.
Ҳамкорони тиҷории Покистон, ки молҳои содиротии давлатро харидоранд, ИМА ба миқдори 3, 5 миллиард, Олмон 1, 9 миллиард, Хитой 1, 85 миллиард, Британия 1, 46 миллиард ва Афғонистон 1, 39 миллиард доллар, инчунин молҳои воридотӣ ба кишвар аз Хитой ба маблағи 15, 2 милиард, Аморати муттаҳидаи Араб 6, 95 миллиард, Арабистони Саудӣ 2, 53 миллиард, Индонезия 2, 46 миллиард, Чопон 2, 37 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар Покистон минтақаи Паникот вуҷуд дорад, ки калонтарин қалъаи ҷаҳон дар ҳамин ҷо воқест. Соли 1993 ин мавзеъ ба рӯйихати мероси умумиҷаҳоии фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Периметри ин қалъа 29 км ва диаметраш 6 км мебошад. Ин қалъаи аҷоиб бо чӣ мақсад дар ин ҷо бино шудааст, касе то ҳол намедонад.
Дар Покистон 80 фоизи тӯбҳои футболи дар тамоми дунё истифодашаванда истеҳсол мешаванд. Таҷҳизоти заводҳои тӯбистеҳсолкунандаи Покистон дар дунё беҳтарин ҳисобида шудаанд.
Агар дар мактабҳои Покистон хонанда 2 дақиқа ба дарс дер монад, бояд 8 соат китоби қуръон қироат кунад. Покистон ягона давлатест, ки Арманистонро ҳамчун ҷумҳурӣ қабул надоштааст, аммо Арманистон Покистонро эътироф мекунад. Аҷиб. Як рупияи Покистон баробар ба 100 пайса аст.
Аз панҷ як ҳиссаи мардуми Покистон камбағал ҳисоб мешаванд.
97 фоизи мардуми Покистон мусалмон ва 1, 5 фоиз насронианд. Боқӣ дар адёни гуногун.
Агар дар шиносномаи хориҷии шумо раводиди давлати Исроил вуҷуд дошта бошад, ҳуқуқи сафар ба давлатҳои Эрон, Кувайт, Ливан, Ливия, Покистон, Арабистони Саудӣ,Яман, Шом ва Судонро надоред.
Номи ин давлатро Чодри Раҳмат Алӣ Покистон гузоштааст. Дар ин ҷо қариб бо 60 забони дунё мардум муошират мекунанд.
Аҳолии Покистон маҳсулоти нониро хеле бисёр истеъмол мекунанд. Дар ин ҷо аз ҳама хӯроки маъмул самбӯса аст. Мисли дигар мардуми осиёӣ дар дастурхони идонаашон албатта оши палав доранд. ки бо забон худашон онро пула мегӯянд. Фақат оши пулаи покистониҳо бо гӯшти моҳӣ ҳам пухта мешавад.
Нӯшокии дӯстдоштаи мардуми Покистон ширчой аст, ки аз шири ҷӯшонидашуда ва чойи сиёҳ тайёр карда мешавад.