Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қиссаи «ФОЛБИН»

$
0
0


«Чашме, ки дари фолбинро дидааст, дари ҷаннатро намебинад»- мегуфт бобоям. Намедонистам, ки Фолбин кӣ аст ва чӣ кор мекунад? Фақат медонистам, ки ҷаннат ҷойи хуб аст, зебост, гуворост ва пур аз одамони нек. Аз тарси он, ки аз чунин ҷой бенасиб мемонам, ҳаргиз намехостам, ки чашмам ба дари Фолбин афтад. Аммо он дар дар куҷо бошад? Надониста дида монам чӣ?

Ин саволҳо дар ман ҳарос эҷод  мекарданд. Ҳатто ба кучаҳое, ки бори аввал қадам мегузоштам, дари каме куҳнатар, хонаҳои фартут, ё тирезаҳои қадимаро бинам, чашмамро мепушидам. Баъзан то аз он ҷо гузаштан, нафасамро боздошта тез-тез роҳ мерафтам. Бегоҳ ба хона оям, аз модар мепурсидам.

— Модар, ҳамроҳи ҳамсинфон ба хонаи фалон муаллим рафтем. Дар он куча Фолбин нест а? Модар, ки «не» гуфт, бори бузурге аз китфам сабук мешуд.

Як рӯз ба хонаамон меҳмони бисёр омад. Ид барин дастурхон оростем. Аз чор тараф гуфтугузор сар шуд. Нохост сухани як марди меҳмон боборо музтар кард. Маънои он суханро тамоман нафаҳмидам.

“Бобо-Саид, холадухтаратон Саломат насиба гирифтааст, бахшӣ шудааст” — гуфт он мард.

Авзои беҷои боборо дида, зуд берун баромадам, лекин садо, ки баландтар шуд, идомаи сӯҳбатро низ бараъло шунидам.

“Саломатхон бахшӣ  шудаанд? Чӣ мебахшидаанд? Ҷон-мӣ? Бахт-мӣ? Бахшидан дар дасташон бошад, аввал бахти худашона соз кунанд”, — Ғазаби бобо бо оҳанги киноя омехта рафт. Як оҳи сабук кашиду боз гап сар кард.

Маро гӯш кунед! Аз ҳамин рӯз сар карда, ҳар касе аз авлоди ман бошад, дари Саломатро намебинад. Вагарна аз баҳраш баромадам.

Бобо омин кард, чақ-чақ тамом шуд, дигар касе ҷуръати ҳарф задан надошт. Он вақт касе сухани боборо гардонида наметавонист. Суханаш қонун буд.

Солҳои зиёд гузаштанд. Бобо дигар набошад ҳам, суханонаш зинда буданд. Ман соҳиби се фарзанд шудам. Як баҳор дар боғи падарам бо чорводорӣ машғул шудем. Говҳои ҷушоии зотӣ доштем. Маҳсулоти хушсифати ширӣ ва муштариёни зиёде, ки номашон дар дафтарчаи навбат навишта шуда буд, боиси пешрафти ҳолати иқтисодии оила гашта буд. Дар қатори мизоҷон ҳафтае ду маротиба зане меомад, ки чеҳрааш шинос метобид, аммо намедонам кӣ буд. Ӯ пули ширро нақд медод, барои ҳамин ҳам номаш дар дафтарча намеафтод ва намедонистам, ки номаш чӣ буд?  Хандаи нофорам, нигоҳи хушки бемеҳр ва нури рӯяш гурехта. Ҳамин кифоя буд, ки касе ба ӯ таваҷҷӯҳ намекунад.

Не….  Фикрам хато баромад. Хонаи он зан аз хонаи ман ҳам серодам будааст. Як субҳ хеле барвақт омад, ки шир тайёр набуд. Андак мунтазир шуду гуфт: «Мизочон бисёр, интизор кардан нағз не, тезтар душида диҳед»

Шумо мағоза доред -мӣ апаҷон? Гуфта пурсидам.

Э не, мағозаро чӣ кор мекунам? Маро напурсед хоҳар, наход, ки нашиносед а?!

Одамони ин замона бемеҳр шуда рафтаанд. Авлод ба авлод ношинос шуда рафт.

Суханашро тамом накарда, шишаи ширро бароварда додам. Пур набуд, каме бақияи пулашро гардондам.  Ҳой келинҷон, наход, ки ду ангушт кам гуфта, пула кам гиред?! Равғанашро нагирифта медиҳед, э ҳамин ман баринҳоро замин чӣ хел қабул мекарда бошад?! Гап зада — гап зада баромада рафт он зан.

Сухани охиринаш ба хаёл водор намуд. Замин чӣ хел қабул мекунад? Ба арафаи қабул рӯз ба рӯз наздик мешавем.

Он зан ду-се бори дигар омад. Баъд бемор шудааст, набераҳояш шир мебурдагӣ шуданд. Сонитар як писарак шишаи холӣ оварда дод ва дигар шир намегирем гуфт. Очаи Саломатам гузаштанд. Пагоҳ ҷаноза.

Саломат-бахшӣ-мӣ?

Ҳа, Шумо хешамон, пагоҳ равед.

Хонаатон дар куҷост?

Паҳлуи дари хонаи маъюбон.

Рӯзи дигар шамоли сахте вазид. Аз саҳар ҳаво ғуборолуд буд. Шохҳои дарахти себ яке пайи дигаре шикаста, ҳосил талаф меёфт. Падарам беҳад ғамгин буданд. Ба ҷаноза ҳам нарафтанд.

Хуллас қариб нисфи гузар дар гусели Саломат-бахшӣ иштирок надошт. Як ҳафта гузашту хабари маъракаи бисту хатм омад. Ман боз ҳам рафта натавонистам, аммо рафтаҳо хабарҳои даҳшатноке оварданд.

Саломатро қабр қабул накардааст.

Се маротиба аз нав гуронидаанд. Он қабр аз Саломат набудааст, ӯро дигар ҷой, дар як дашт ба хок супоридаанд.

Сухани охирини худи Саломат ба ёдам омад: «Ҳамин замин маро чӣ хел қабул мекарда бошад?»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>