Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муфтии Либиё: Ба ҳаҷу умра наравед

$
0
0

Содиқ ал-Ғурбонӣ, муфтии Либиё аз мусалмонони ин кишвар ва тамоми дунё даъват кард аз рафтан ба ҳаҷу умраи такрорӣ худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, бо пулҳои бадастомада аз ҳоҷиён Арабистони Саудӣ ба қатли мусалмонон дар Яману Либиё машғул аст.

Муфтии Либиё гуфт: “Ба онҳое, ки ҳаҷи фарзиашонро адо кардаанд ва як маротиба ба умра рафтаанд, ҷоиз нест дубора ба ҳаҷ ё умра раванд. Лозим нест ҳукумати Саудиро маблағгузорӣ кунанд. Бо ин пулҳо онҳо мусалмононро дар Яман ва Либиё кушта истодаанд ва дар Судону Алҷазоир хоҳанд кушт. Ман барои ин фатво посухгӯ ҳастам ва он ба мусалмонони Либиё ва ҷаҳон нигаронида шудааст”.

Арабистони Саъудӣ аз фелдмаршал Хафтар дастгирӣ мекунад, ки ду ҳафтаи охир ба пойтахти Либиё, шаҳри Триполи ҳуҷум кардан дорад. Ҳукумати Хафтарро ба ҷузъ чанд кишвари Саъудиву Аиорот ва Русияву Миср ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.

Дар ҳамин ҳол, як шайхи мадхалӣ дар Миср — Ҳасани Банно фатво додааст, ки ҷанги Ҳафтар ҷиҳод алайҳи хавориҷ аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>