Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ФОТИМАИ ЗАҲРО

$
0
0


Ин улгуи шоистаи ислом духтари паёмбари мӯъминон ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар равонашон)  ва ҳазрати Хадича мебошад. Ба дунё омадани ин тифли муборакқадам муждае нек барои мӯъминон буд ва таконе пуризтироб барои мушрикон, зеро ҳазрати паёмбарро бенасл мепиндоштанд, ё худ ба хотири надоштани фарзанди писар, таъна зада, абтар-думбурида мегуфтанд.

Фотимаи Заҳро охирин фарзанди ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар равонашон) ва  Хадича (Худо розӣ бошад) буда, талхиву шириниҳои авохири умри он ҳазратро комилан шоҳиданд. Вақте Фотимаи Заҳро ба дунё омаданд, сураи Кавсар нозил шуд ва ба ҳазрати Паёмбари акрам (дуруд бар равонашон) ду чизро башорат дод. 1. Насли эшон аз тариқи ин духтарашон зиёд мегардад. 2. Нафароне, ки он ҳазратро таъна мезаданд, худ абтар, яъне бедудмон ва думбурида мешаванд.

Номҳои мубораки ин бонуи биҳиштӣ даҳтоянд.  Фотима, Сиддиқа, Тоҳира, Муборака, Закия, Розия, Марзия, Муҳаддаса, Заҳро, Батул. Фотимаи Заҳро сирате накӯ доштанд, ки маънои ҳамаи ин номҳо дар хислату рафторашон ҳамеша ҳувайдо буд. Муҳаддисон дар аҳодиси гирдовардаашон бобати муносибати аҷиби паёмбари акрам (дуруд бар равонашон)  бо духтари нозанинашон хеле далелҳо овардаанд. Аз он ки Фотимаи Заҳро дорои фазоили фаровоне буданд.

Аз таърихи зиндагии ҳазрати Паёмбар (дуруд бар равонашон)  маълум аст, ки муҳаббат  ба ин духтарашон на танҳо ба хотири робитаи падарӣ ва фарзандист. Таъбирот ва суханоне, ки он ҳазрат ҳангоми изҳори муҳаббат нисбат ба духтарашон  Фотима (Худо розӣ бошад) баён мекарданд, нишон медод, ки дар ин ҷо, меъёрҳои дигаре матраҳ аст:

Ин муҳаббат аз муҳаббатҳо ҷудост,

Ҳубби маҳбуби Худо, ҳубби Худост.

Аз миёни ривоёти фаровоне, ки дар ин замина расида, кофист фақат ба чанд то аз онҳо ишора кунем:

1. Паёмбар Акрам (дуруд бар равонашон)  фармудаанд: “Нахустин касе, ки дар биҳишт бар ман ворид мешавад, Фотима духтари Муҳаммад аст.”[1]

2. Паёмбари Акрам (дуруд бар равонашон)  фармудаанд: “Бартарин занони биҳишт Хадиҷа духтари Хувайлид ва Фотима духтари Муҳаммад ва Марям духтари Имрон ва Осия духтари Музоҳим (ҳамсари Фиръавн) мебошанд.”

3. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз забони Умм-ул-муъминин Оиша (р) мехонем: Рӯзе Фотима (р) назди Паёмбар (дуруд бар равонашон)  омад, роҳ рафтанаш дуруст монанди роҳ рафтани ӯ буд, Паёмбари Акрам (дуруд бар равонашон)  фармуд: Хуш омадӣ духтарам! Сипас ӯро дар канори худ нишонд, баъд розе дар гӯши ӯ гуфт ва баъд аз он Фотима гирён шуд.

Ман (Оиша (р) гуфтам: Чаро гиря мекунӣ?

Бори дигар Паёмбари Акрам (дуруд бар равонашон)  рози дигаре ба ӯ гуфт, Фотима (р) хандон шуд. Гуфтам: Ман то имрӯз шодие, ки ин чунин бо ғам наздик бошад, надида будам ва аз иллати он савол кардам.

Фотима (р) гуфт: Ман сирри Расули Худоро фош намекунам. Ва ин матлаб идома дошт, то Паёмбар (дуруд бар равонашон)  аз дунё рафт, он гоҳ аз Фотима (р) савол кардам. Гуфт: Бори аввал Паёмбар (дуруд бар равонашон)  ба ман фармуд, Ҷабраил ҳар сол як бор Қуръонро бар ман арза медошт, имсол ду бор арза дошт ва ман фикр мекунам фақат ба ин далел аст, ки аҷали ман наздик шуда ва ту нахустин касе хоҳӣ буд, ки ба ман мулҳақ мешавӣ, ман ҳангоме ки ин суханро шунидам, гиря кардам. Сипас фармуд: “Оё ту розӣ нестӣ, ки бонуи занони аҳли биҳишт ё занони боимон бошӣ?” Ҳангоме ки ин суханро шунидам шоду хандон шудам.

4. Паёмбари Акрам (дуруд бар равонашон)  хитоб ба духтари гиромияш Фотимаи Заҳро (р) мефармояд: “Худованд ба хотири хашми ту хашмгин мешавад ва ба хотири ризои ту розӣ.”

5. Дар Саҳеҳи Бухорӣ чунин мехонем: Паёмбари Акрам (дуруд бар равонашон)   фармуд: “Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро ба хашм оварад, маро ба хашм овардааст.”

Расули акрам (дуруд бар равонашон)  баъде, ки дар Мадинаи Мунаввара қарор гирифтанд ..Зайд ибн Ҳорисаро ба Макка равон карданд то Фотима ва Умм Кулсумро (раз) ба Мадинаи Мунаввара расонад..

Фотимаи Заҳро  соли 2-юми ҳиҷрӣ ва баъди интисори мӯъминон дар ҷанги Бадр бо ҳазрати Алӣ (раз) хонадор шуданд.  Самараи ин завоҷи муборак 4 фарзанд насиби онҳо шуд

Ҳасан, Ҳусайн, Муҳсин, Умм Кулсум (Раҳмати Худованд нисорашон)

Аммо Муҳсин (раз) дар хурди вафот карда,  сеи дигар ба камол расиданд. Дар соли 11 и ҳиҷрӣ ва баъди вафоти расули Аллоҳ (дуруд бар равонашон)  ба 6 моҳ ҳазрати Фотимаи заҳро (раз) ин дунёи фонирор падруд гуфтаанд. Фотимаи Заҳроро дар  қабристони Бақеъ ба хок супориданд. Ҳазрати Алӣ (раз) аз ҳазрати Фотима (раз) суол карданд

Кадом кор барои зан беҳтар аст?

Ҳазрати Фотима (раз) гуфтанд:

Ин, ки на зан марди бегонаеро бубинад ва на марди бегона ӯро бубинад……….

Барои ҳамин ҳазрати Фотима (раз) васият карда буданд то шавҳараш ӯро шабона ба хок супорад …

То ҷасади ӯро каси бегона набинад….

Худо аз ҳазрати Фотимаи заҳро розӣ бошад!

Ҳикояте аз ҳаёти Фотимаи Заҳро

Боре ҳазрати Фотима (р) ба назди Расули Акрам (дуруд бар равонашон)  омад ва хоҳиш намуд, ки ба ӯ хидматгоре диҳанд, то дар кору бори хона ёрмандӣ кунад. Расулуллох (дуруд бар равонашон)  ба ӯ гуфт: Эй ҷигарпораи ман, хондани ин дуо барои ту аз хидматгор доштан беҳтар аст, ва фармуд: «Худоё! Ту Парвардигори ҳафт осмон ва Рабби Арши аълоӣ! Ту Парвардигори мо ва Парвардигори тамоми ҳастӣ мебошӣ! Фиристандаи Тавроту Инҷилу Куръон ва рӯёнандаи тухмиҳо Туӣ! Аз ҳамам бадиҳо ба Ту паноҳ мебарам. Ҳамаи ҳастӣ дар дасти Туст! Аввал Туӣ, пеш аз Ту чизе нест! Охир Туӣ, баъд аз Ту ҳам чизе боқӣ намемонад. Баргардонидани карзамро ба ман насиб бикун ва маро аз фақр наҷот дода, ғанӣ бигардон!»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles