Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чаро Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт масҷидҳоро боз кунад?

$
0
0

Дар ҳошияи садҳо хабари нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва умуман шаҳрвандон дар кишвар, хабари бозкушоии наздик ба 600 масҷид, бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Аксарият ба ин хабар ба шубҳа нигаристанд ва воқеъияти онро зери суол бурданд.

Вале имрӯз Кумитаи дин ҳами иттилоъро тасдиқ кард. Намояндаи Кумита ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст “мо аз дастгоҳи раисҷумҳур мактуб гирифтем, ки рӯйхати масоҷидеро, ки имкони боз карданашон ҳаст тартиб диҳем. Чунин тасмим аз тарафи раисҷумҳур бинобар муроҷиъати зиёди шаҳрвандон гирифта шудааст. Сухан дар бораи масоҷид дар ҷамоъатҳо меравад”.

Маълум мешавад, оғозгари ин кор худи раисҷумҳур аст, на дастгоҳи ӯ, Кумитаи дин ва ё Шӯрои уламо. Аммо чаро Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин дам алайҳи масоҷид муборизаи беамон мебурд ва ҳатто бадбиниаш ба масоҷиду уламои исломиро пинҳон намекард, якбора тасмимашро иваз кардааст?

Тибқи иттилоъи ду манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон ният дорад имсол ба ҳаҷ равад. Ва тасмими кушоани масоҷид ба ҳамин нияти ӯ бастагӣ дорад. Албатта на мустақиман, балки бо кӯмаки домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ.

Як манбаъи Паём аз ноҳияи Тоҷикобод чанде қабл иттилоъ дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муридони домулло Ҳикматуллоҳ мебоша, аз ӯ хостааст ба ӯ барои сафари имсолаи ҳаҷ фотеҳа диҳад. Домулло зимни додани фотеҳа ба масоҷиди басташуда дар саросари кишвар ишора карда, гуфтааст, ки агар раисҷумҳур мехоҳад ҳаҷаш қабул бошад, бояд дари масҷидҳоро дубора боз кунад. Ҳади ақал дар деҳаҳое, ки сокинонаш таомман бе масҷид мондаанд. Раисҷумҳар ҳам ваъда кардааст ин корро хоҳад кард.

Паём, бинобар душмании сарсахтонаи Эмомалӣ Раҳмон ба масҷиду мадраса,. ба ин хабар аҳамияти зиёд қоил нашуд ва онро ваъдаи навбатии раисҷумҳур, ки иҷро нахоҳад шуд, ҳисобид. Инак ин иттилоъи манбаъ тасдиқ шуд. Як манбаъи дигар ҳам тасмими сафари ҳаҷ доштани Раҳмонро тасдиқ кард.

Чун то замони сафари ҳаҷ ҳанӯз се моҳ вақт ҳаст, ба назар мерасад раисҷумҳур ин дафъа ба ваъдаи додааш вафо хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи Кумитаи дин рӯйхати 594 масҷиде, ки бояд аз нав боз шаванд тартиб дода шуда, ба дастгоҳи раисҷумҳур фиристода шудааст. Ба рӯйхат асосан масоҷид дар деҳаҳое ворид шудаанд, ки сокинонаш бе масҷид монда, барои адои намоз ба деҳаҳои дигар мераванд.

Тибқи як таҳқиқоте, ки қаблан Паём анҷом дода буд, давоми панҷ соли охир дар Тоҷикистон аз 2500 то 2700 масҷид баста шудаанд, ки аз се ду ҳиссаи шумори умумии масҷидҳо дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар сурати иҷозаи фаъолият дарёфт кардани ин 594 масҷид, боз ҳам дари ҳудуди 2000 масҷиди дигар ба рӯи намозгузорон баста боқӣ мемонад.   


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>