Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боз ҳам дар бораи Зеленский

$
0
0

Ҳангоми сӯҳат доир ба таҳаввулоти мураккаб ва печидаи олами муосир вақте сухан сари  кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад, ҳамсӯҳбати хориҷиам, ки муддати мадиде бо масоили рушди демократия дар сатҳи ҷаҳонӣ сару кор дорад, даст меафшонад, “биё мон, кирои сӯҳбат намекунанд… Гузаронданд… Амалҳои ин роҳбарони шахшуда ба ҳеҷ қолаб намеғунҷад”.

Ростӣ, рафтори ӯ каме хиҷилам мекунад чун гап сари Тоҷикистони азизи ман ҳам меравад. Ва боз хиҷилтар аз он мешавам, ки агар касе ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто лаҳзае дар ин мавзӯъ сухан кунад, танҳо абалаҳӣ ва курситалошии беҳунаронаи роҳбарияти пиршудаи ин минтақаро ба мазоҳ мекашаду халос… Нисбати мардуми ин ҷамоҳири ба ботлоқи дурӯғҳои сиёсӣ фурӯрафта касе ёдрас ҳам намешавад. Агар касе ҳам гуфт, “мардуми бечора” мегӯяду мегузарад. Ибораҳои “мардуми тоҷик”, “халқи ӯзбек”, “миллати туркман”, чун як гурӯҳи фаъол ва ё худсоз, мутаассифона, муддати тӯлониест мавриди таваҷҷуҳи матбуоти ҷаҳонӣ нагардидааст. Дар сояи худхоҳии хандаовари роҳбарони шоҳтақлидашон ин мардум як давраи муайян ба ҷисми беранг табдил гардиданд. На, аниқтараш мавриди масхараи гурӯҳҳои миллатгаро ва беэҳтиромии ҳукуматҳои абарқудрате қарор гирифтаанд. Магар рӯзе тоҷикон метавонанд мавқеи пештараи худро ҳамчун як мардуми соҳибмаърифат ва соҳибмактаби минтақа бозгардонанд? Хуб, боз сари ин масъала бармегардем…

Имрӯзҳо мардуми олам атрофи Володимир Зеленский – як сиёсатмадори боҷуръату ҷавони украинӣ, ки тоза дар интихоботи пурсарусадои кишвараш пирӯзӣ ба даст овард, зиёд ҳарф мезананд. Ӯ ва саргузашти ба сиёсати бузург ворид шуданаш, дарвоқеъ, метавонад дар тағйири мафкураи сиёсии мардумони пасошӯравӣ нақши бориз бозад. Навакак чанде аз наворҳои бешумори ӯро, ки сафҳаҳои интернетро пур кардаанд, аз аназар гузаронидаму ақидаи пештараи худро нисбатти “як ҷавони дар сиёсат бетаҷриба” тағйир додам. Ӯ дар навори соли 2015-аш ҳамчун як шаҳрванди кишвар ба Путин муроҷиат кардаву дахолат накарданашро ба корҳои Украина рӯирост талаб намудааст. Ва ё анқариб тамоми саҳнаҳои ҳаҷвиашро дар чор соли охир ба танқиди созандаи сиёсати Порошенко, ки дар муқоиса бо роҳбарони сиёсии Осиёи Марказӣ бамаротиб демократитар буд, равона кард. Яъне, сиёсатмадорон аз куҷо пайдо мешаванд? Албатта, аз осмон не. Аз байни худи мардум.

Як халқи огоҳ наметавонад дар як они воҳид ояндаи худ ва фарзандонашро ба муддати панҷ соли минбаъда ба шахси тасодуфие бовар кунад. Акнун мардуми украин бар ивази Порошенкои нотиқ ва пуртаҷриба ҷавони серғайратеро интихоб намуданд, ки дар сабқати пешазинтихоботӣ бартарии худро ҳамчун як пешвои замони нав возеҳан намоиш дод. Як нуктаи ҷолиби ин сабқат он буд, ки Зеленский решаҳои яҳудӣ доштан ва русзабон буданашро аз мардум ҳеҷ пинҳон надошт. Мардуми украин, ки ВАО-и пурқудрати Руссия онро дар назари тамошобини пасошӯравӣ “миллатгаро” ва “фашист” унвон карда буд, таҳаммулкорона ин шаҳрванди худро бо бартарияти бечунучарои овозҳо ба ҳайси роҳбари аввали худ пазируфт.

Баромадҳои Зеленский заминианд. Ӯ ҳини яке аз баромадҳои телевизиониаш пас аз ғалаба дар даври якӯми интихобот гуфт: “Роҳбари Украина набояд ба умеди мӯҳлати дуюми президентӣ шавад. Ҳама ҳунарашро бояд дар муддати панҷ соли аввали сари қудрат будан нишон диҳад. Ва агар аз ӯҳдаи кор набарояд, бояд ба истеъфо равад!”. Дар баромади дигараш бо дард тарки Украина кардани 9 миллион шаҳрвандони кишварашро дар панҷ соли охир ёдрас мешавад. “Набояд гузошт, ки мардум — ин сарвати аз ҳама бебаҳо мамлакатро тарк намоянд!”. Ин дар ҳолест, ки некуаҳволии аҳолии Украина дар ин муддат, новобаста аз ҷанги бардавом дар сарҳад ва бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ болотар рафт.

Барои мо низ зарур аст, ки сари аз Тоҷикистон бошиддат ҳиҷрат кардани аҳолии бумӣ, махсусан мутахассисони ҳирфаӣ ҷиддан андешем. Чаро онҳо аз ватани гарму сермеваи худ, ки ба мутахассисони олидараҷа ниёз дорад, фирор мекунанду зиндагиро дар Сибири қаҳратун авло мешуморанд? Имрӯз худи ҳукумат иқрор аст, ки кадрҳои тиббӣ дар кишвар намерасанд. Ва мардум аз нобоварӣ ба табибони худӣ рӯ ба Ҳиндустон меораду маблағҳои охиринашро он ҷо гузошта меояд. Вакте аз бурдбории як сиёсатмадор ҳарф мезанем, бояд онро бо рақамҳои воқеие чун рушди маориф,  поинравии сатҳи бекорӣ дар кишвар, боло рафтани дараҷаи зиндагии мардум, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва, бечунучаро, ҳиҷрати мардум ба хориҷ чен кунем. Вакте ҳар дуввумин шаҳрванди Тоҷикистон нияти ҳиҷрат аз кишварро дорад, бо кадом рӯй мардум ба барномаҳои дилбазани телевизионҳои Эмомалӣ Раҳмон доир ба “Тоҷикистони биҳиштосо” бовар кунанд?

Мушоҳидаҳои таҳаввулот дар Украина таи 15-20 соли охир нишон медиҳанд, ки ивази роҳбарияти коммунистӣ ба мардумсолорӣ билкул кори як сол, тасодуф ва ё таъсири хориҷиён набуд. Ҷавонони саршинос ва соҳибмаълумот ба раванди тағйирот дар мамлакати худ саҳм гузоштаву навсозиро аз худ шурӯъ намуданд. Ҳатто аз кишвари абарқудрате чун Русия, ки таърихан авлоду ҳамзабону ҳамдинашон аст, талаб намуданд, ки ба истиқлолияти онҳо таҷовуз накунад. Мутмаинам, ки ба Зеленский низ имкон намедиҳанд, реша давондаву ба як “шоҳ”-и навбатӣ табдил ёбад. Шояд зиракии сиёсашон дар ин аст? Телевизионҳои ғайримустақили тоҷик ҳамарӯза “зиракии сиёсӣ” гуфта, ба мағзи мардум идеяи кӯр-кӯрона пуштибонӣ кардан аз сиёсати “хирадмандона”-и Эмомалӣ Раҳмонро метиққонанд. Шояд вақти он расидааст, ки мардуми тоҷик ба мазмуни воқеии зиракии сиёсӣ сарфаҳм равад ва як ба атрофи худ бодиққат бингарад.  

Роҳбари аввали ҳар як халқ муаррифгари ҳамон мардум дар олам аст. Агар имрӯз барои русҳо “Ҷамшудем”, набояд тааҷҷуб кунем. Баръакс, бояд биандешем, ки чаро моро чунин ном мебаранд? Чаро беэҳтиромем? Вақте аз наворҳои дар Ютюб гузоштаи телевизионҳои Русия сафари охирини роҳбарияти баландпояи Тоҷикистонро тамошо мекунед, хулоса кардан мушкил нест, ки Тоҷикистон назди Русия чӣ манзалате дорад. Ҳатто чӣ тавр салом кардану чи гуна ба ҷои худ гашта нишастанро кадом як котибе ба сиёсатмадорони дараҷаи аввали тоҷик меомӯзонад! Чӣ монад ба вазирони тасодуфие чун Нуриддин Саид ва Бег Сабур! Соловёв бошад бо истеҳзо ин наворҳои “пуштипардаги”- ро бемалол ба мардуми олам намоиш медиҳад.   

Қабули сарди сарварони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар Кремл дар рӯзҳои охир баёнгари он аст, ки Путин аз пирроҳбарони ивазнашавандаи ҳоло ба ӯ тобеи пасошӯравӣ чандон розӣ нест ва роҳбарияти ин мамолики зертобеъаш, яъне “шарикони стратеги”- ашро нав карданист. Акнун умеди Назарбоев ва Раҳмон аз супоридани қудрат ба фарзандонашон кам шуд. Кунун замони нав фаро мерасад. Вале суоле матраҳ мемонад, ки оё Тоҷикистон метавонад истиқлолияти худро дар ин давраи тақдирсоз ҳифз кунад? Ва мардуми ин кишвар дар барқарор кардани мавқеи пештараи худ дар минтақа ва тағйири имиҷашон дар фазои пасошӯравӣ ва олам то кадом андоза саҳим хоҳанд буд? Ин ҷо суоли ҳаёту мамот, яъне “Ҷамшуд мондан ва ё Халқи Тоҷик шудан” дар миён аст.  

Фаъолгардии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифони сиёсии дар хориҷбуда ва таъсири бевоситаашон ба сиёсатҳои худхоҳонаи Раҳмон тариқи интернет таи чанд моҳи охир умедворкунанда аст. Таҳлили баромадҳои блогерони мустақили тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари бедоргардии чавонон ва ба саҳнаи сиёсат воридшавии онҳост. Инҳо он “ҷавонон”-и Эмомалӣ Раҳмон нестанд. На онҳое, ки савори мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ҳамшаҳриҳои худро зер карда мегузаранд, дар як муддати кӯтоҳ барқвор то ба мансаби шаҳрдори пойтахт мерасанд ва муфт президент шуданианд. Ин ҷавононе мебошанд, ки солҳо азоби ғурбатро кашидаву аз номуси ватандорӣ кишварашонро соҳибӣ карданианд, барои беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти худу атрофиёнашон сахт манфиатдоранд.

Агар соли 1992 бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоб барои мардуми тоҷик як соли тақдирсӯз буд, пас соли 2019 барои ин халқи ҷабрдида дар қиболи ҳокими дар курсӣ мағорбастааш соли тақдирсозе хоҳад гашт. Беҳуда намегӯянд “Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост”. Бастани интернет ва маҳдуд кардани дастрасии мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон акнун дар пасманзари эътирозҳои мардумӣ як кушиши навмедонаи пӯшидани офтоб бо доман асту халос. Рехтани мардуми Данғара назди корхонаи Фароз ва тариқи эътироз ҳуқуқи худро барқарор карданашон барои мардуми Тоҷикистон як ибрати хубест. Замоне, ки ҳукумати Раҳмон ва Кумитаи амнияти ӯ бар зидди мухолифони сиёсӣ саҳнаҳои эътирозӣ “таҳия” мекард, гузашт. Дигар ниёзе ба он актёрҳои беҳунар намондааст. Мардум саҳнаро пур мекунанд.  

Анвар Мунавваршоев     


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>