Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

КОР КАРДАНИ БОНУВОН ДАР БЕРУН

$
0
0


Дар ҷаҳони имрӯза шояд маконе вуҷуд надошта бошад, ки дар он хонумон кор накунанд. Дар тамоми гӯшаву канораҳои олам кор кардани бонувон мушоҳида мешавад. Кор кардани хонумон он қадар ривоҷ ёфтааст, ки ҷомеаи имрӯзаро бебонувон тасаввур карданаш номумкин аст.

Бо мушоҳида кардани саҳми занҳо дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саволе зеҳни бисёриҳоро машғул сохтааст: Оё кор кардани зан дар Шариат ҷоиз бошад?

Оё зани мусалмон метавонад кор кунад, маош гирад? То куҷо Ислом ба занҳо иҷозаи кор карданро медиҳад?

Ҷавоби ин саволҳоро дар мавзӯи имрӯза пайдо мекунед.

Албатта оиди кор кардани зан берун аз хона фикру андешаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Баъзеҳо кор кардани занро шадидан интиқод мекунанд. Мегӯянд, зани мусалмон ҷояш хона аст. Набояд  берун аз хона кор кунад.

Баъзеҳо дар ин амр хеле мутасоҳил ҳастанд. Мегӯянд зан узви ҷомеа мебошад. Метавонад беягон мушкили дар куҷое, ки хост кор кунад. Пешрафт намояд.

Чӣ тавре ки медонем, Ислом динест, ки ба ҳама амрҳо ҳакимона қонунгузорӣ кардааст. На шиддати бадро қабул дорад, на тасоҳули аз ҳад зиёдро.

Албатта вазифаи аввалини зан ӯҳдадории хонаву тарбияи кӯдакон ва хидмати шавҳар аст. То замоне, ки духтарак дар хонаи падар зиндагӣ дорад, шариат падар ва ё бародаронро амр мекунад, то духтари худро бо хароҷоти рӯзгор таъмин созанд. Вақте духтарак шавҳар кард, шавҳар масъули нигоҳубин ва муҳаё сохтани ҳамсараш мегардад. Барои ҳамин агар зарурат набошад дар хона нишастани зан ва тарбияи фарзандон беҳтар аст. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

وقرن في بيوتكن و لا تبرجنا تبرج الجاهلية الاولى

Эй занҳо дар хонаҳоятон нишинед, беғайри зарурат ба ҳар куҷо нараваед ва асло мисли занҳои дар ҷоҳилият буда, бо либосҳои нимбараҳна ба кӯча набароед.(Аҳзоб 33)

Албатта беягон сабаб ба кӯча баромадани зан дар шариат ҷоиз нест. Чӣ қадар, ки зан худро аз назари мардҳои бегона пинҳон дорад, ҳамон қадар қадру қимматаш болотар мегардад. Вале чуноне, ки мебинем ҷомеа низ муҳтоҷи кори хонумон мебошад, зеро баъзе касбҳое ҳастанд, ки танҳо занҳо ба хубӣ аз ӯҳдааш мебароянд, мисли мураббиягӣ, табиби занон ва амсоли инҳо. Ҳолатҳои зиёде ҳам ҳастанд, ки занҳо тамоми оиларо ба ӯҳда доранд. Ба сабаби бемории шавҳар ва ё набудани марди хонавода харҷи як оилаи бузург ба души хонумон аст. Дар чунин ҳолат зан ҳатман бояд кор кунад,то ризқи кӯдаконашро ёбад ва ба оилааш кӯмак расонад. Инчунин хонумҳое ҳам ҳастанд, ки аз бекори тамоми рӯз дар назди телевизион ва ё ҳамроҳи телефон менишинанд. Ва ё аз бекори бозор ба бозору мағоза ба мағоза аз паи харҷи маблағи шавҳар ҳастанд. Ингуна хоҳарон бешак машғули ягон кор гаштанашон садҳо маротиба беҳтар аст.

Агар ба таърих нигоҳ кунем Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам, вақте ба Ғазва мебаромаданд, ҳамроҳи худ як чанд занҳои мусалмонро мебурданд. То барои табобати маҷрӯҳшудагон ва обу таоми лашкар кӯмак намоянд. Занҳо ҳамчун  табибу ҳамшира ва ошпаз ба Паёмбару асҳоб кӯмак менамуданд.

Инчунин  ҳамагон медонем, ки пас аз вафоти Паёмбар илми Паёмбарро аксари тобеин аз ҳазрати Оиша мегирифтанд. Модарамон Оиша ҳамчун шогирди аввалини Паёмбар ҳадисҳои Паёмбарро ба дигарон меомӯхтанд.

Вақте зарурат пайдо гашт, зани мусалмон метавонад кор кунад, аммо барои кор кардани зан бояд ин шартҳо риоя шаванд:

  1. Ризогии валии зан. Агар зан шавҳар дошта бошад, барои дар берун кор кардан, ризогии шавҳар ҳатмист. Агар духтарак дар хонаи падар зиндагӣ дошта бошад, аввал бояд иҷозаи падарро гирад, баъд ба кор барояд. Иҷозаи шавҳар ва ё падар на барои он, ки ҳуқуқи зани мусалмон маҳдуд аст, балки то ҳамагон бидонанд, ки духтарак танҳо нест, ҳимоятгар дорад, соҳиби сар дорад. Беиҷозаи шавҳар ба кор баромадани зан сабаби низоъҳои оилавӣ мегардад. Инчунин зан барои итоат накардани шавҳараш гунаҳгор мешавад.
  1. Вақте зан дар берун кор мекунад, ҳатман бояд либоси шаръи дошта бошад. Ба берӯн баромадани зан бесатри исломӣ ҳаром аст, инчунин дар вақти берун баромадан ҳатман бояд беороишу хӯшбӯи барояд. Хоҳароне, ки барои ҷойи кор шуда сатри худро мекашанд, бояд донанд, ризқдиҳандаи тамоми махлуқот Аллоҳ мебошад. Барои дарёфти рузии кӯчак ғазаби Парвардигори Раззоқро наоред, ба Аллоҳ таваккал кунед, ҳар касе, ки барои ризогии Аллоҳ амалеро тарк кунад, ба ивазаш соҳиби неъматҳои бузург мегардад.
  1. Агар зан бо шавҳари худ ва ё маҳрами худ дар ҷойе кор кунад ягон мушкилӣ надорад. Аммо кор кардани зан беягон маҳрам дар миёни мардҳои бегона ҷоиз нест.  Рӯ ба рӯ нишастан, сӯҳбатҳои бесабабу ҳазлу шухӣ бо мардҳои бегона ба ҷуз фитнаву бадиҳо чизи дигаре намеорад.. Алалхусус танҳо ба танҳо дар як ҳуҷра бо марди бегона кор кардан ва хилват мондан ҳаром аст. Ислом ихтилоту хилват нишастани марду зани бегонаро манъ мекунад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

Шумо эй мардҳо бо занҳои бегона дар танҳои хилват нанишинед, вақте ду нафари бегона бо ҳам хилват менишинанд, албатта сеюминашон шайтон мегардад. Онҳоро васваса месозад, то муртакиби гуноҳ гарданд.

Сабаби ба гуноҳ рафтану хона вайроншавии аксарият, худи ҳамин  робитаҳои дӯстӣ доштан бо ҳамкорони номаҳрам аст. Занак бояд дар ҷойи кор бовиқори исломӣ, сатри пӯшида кор кунад.

  1. Зан дар ҷойе кор кунад, ки лоиқи занҳо бошад. Касбҳое ҳастанд, ки зебандаи занҳо нестанд мисли боркашиву корҳои вазнини дигар, ки ба равону саломатии зан зарар дорад.  Парвардигор занҳоро бо табиати нозуку нармдилӣ офаридааст. Бояд занҳо мутобиқи табиати хеш фаъолият намоянд. Беҳтарин касбҳо барои бонувон, муаллимаву мураббия будан, табиби кӯдакону хонумон, дӯзандагиву кадбонӯи, ва амсоли инҳост.
  1. Кӯдакҳо ҳамеша муҳтоҷи модар мебошанд, соатҳои дуру дароз дар берун кор кардани модар сабаб мегардад, кӯдакон бесару сомон гарданд. Ягон модарбузургу холаву доя наметавонад, ҳамчун модар кӯдаконро тарбия намояд. Беҳтарин тарбияро кӯдак дар оғӯши модар мегирад. Ба хотири маоши ночиз кӯдаконро аз нигоҳубинӣ модарӣ ва тарбияи худ маҳрум насозед. Агар зан бо кор кардани худ ба кӯдаконаш зарар расонад, ба кор баромаданаш асло ҷоиз нест.
  1. Зан бояд дар ҷойе кор кунад, ки ба дину ахлоқаш зарар нарасонад. Баъзан ҳамкорони бадахлақ ва ё табиати кор ба ахлоқи зан таъсирҳои бад мерасонад. Зани мусалмон дар ҷоӣе кор кунад, ки дар вақташ намозашро хонад, дар даруни кор омехтаи гуноҳ нагардад.

Беҳтарину арзишмандтарин кори хонумон тарбияи фарзанд аст. Зан бо тарбияи хубаш ба ҷомеа мардҳои накӯкор ва духтарони покдоману бо савод иҳдо мекунад. Зан дар баробари дар хона хидмати шавҳару фарзандонашро кардан оилаи худро мустаҳкаму хушбахт месозад. Илова бар ин зан метавонад, дар ҷомеъа низ саҳмгузор бошад. Бо касбу истеъдоди худ кӯмаки худро ба мардум расонад.  Бо ёфтани маош ба иқтисоди оила кумак кунад. Албатта бо риоя намудани қонунҳое, ки дар боло зикр намудем.

Муслимаи Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>