Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

АҲКОМИ КӮДАКИ НАВЗОД

$
0
0


Шариати ислом ҳама ҷонибҳои ҳаёти инсонро дарбар мегирад, дар кадом мавзӯи ҳаёт савол кунем, албатта дар Шариат ҷавобашро пайдо мекунем. Хариду фуруш, никову талоқ, одобу ахлоқ, вафот кардану тақсими мерос ҳама дар Шариат аҳкомҳои худро доранд.

Қуръони карим ва аҳодиси паёмбар ҳаёти инсонро аз ҳанӯз ба дунё наомадан то вафот кардану ба ватани ҳақиқиаш Биҳишти ҷовидон расиданаш ҳамаро дарбар мегиранд.

Падару модаре, ки фарзанд мехоҳанд ҳанӯз фарзанд ба дунё наомада, бояд дар вақти ҳамбистарӣ  дуо хонанад, то фарзанди солеҳу бобаракат ба дунё ояд. Паёмбар мегӯянд:

Агар касе аз шумо пеш аз ҳамбистарӣ бо ҳамсараш ин дуро хонад:

بسم الله اللهما جنبنا الشيطان و جنب الشيطان ما رزقتنا

Агар барояшон фарзанд муқаддар гашта бошад, шайтон асло ба он фарзанд зарар намерасонад. (Бухорӣ)

Уламо дар шарҳи шайтон ба ӯ асло зарар намерасонад мегӯянд:

Дар бузургӣ ба ӯ ҷин зарар намерасонад, ва дучори куфру ширк намегардад.

Аҳкоми дигар ин аст, ки вақте тифл ба дунё меояд аз Аллоҳ ба ӯ паноҳ талаб намоем, то аз Шайтон дар амон бимонад. Ҳамсари Имрон вақте Марями сиддиқа ба дунё омад гуфт:

و اني سميتها مريم و اني تعيذها بك و ذريتها من الشيطان الرجيم

Илоҳо ман фарзанди ба дунё омадаамро Марям ном гузаштам ва ман аз ту паноҳ металабам, то ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим нигоҳ дорӣ (Оли Имрон 36)

Уламо мегӯянд, шарт нест дар вақти аз шайтон паноҳ талабидан кӯдак дар дастони шумо бошад, ҳатто агар байни шумову кӯдак масофаи дур бошад ҳам, паноҳ талабидани шумо таъсир мерасонад.

Шукргузорӣ кардан ба Аллоҳ

Агар кӯдак солим ба дунё омад, аз писар ва ё духтар буданаш напурсида аз ҳама пеш барои солим буданаш ба Аллоҳ ташаккур намоем.

Ҳазрати Оиша мегӯянд: Ҳарвақто, ки дар мо тифле ба дунё меомад, намепурсидем, ки писар аст ва ё духтар, балки аввалин саволи мо ин буд, ки оё кудак солим аст ва ё на? Агар ба мо мегуфтанд, оре солим аст, мо Алҳамдулиллоҳ гӯён шукр мегуфтем.

Албатта бузургтарин неъмати Илоҳи фарзанди солим аст. Писар ва ё духтар буданаш муҳим нест, муҳим солим ба дунё ояду солеҳ ба воя расад.

Азон гуфтан ба гӯши навзод.

Дар муснади Имом Ҳамбал омадааст, ки Абирофеъ мегӯянд:

Ман паёмбарро дидам, ки вақте Фотима Ҳасанро ба дунё овард, ба гӯши навзод азон гуфтанд.

Ба гӯши кӯдаки навзод азон мегӯянд, то аввалин нидое, ки дар дунё садояшро мешунавад, калимаи Тавҳид Ла илаҳа иллаллоҳ бошад.

Дуо кардан ва ба коми кӯдак ширинӣ молиш кардан.

Ҳазрати Оиша мегӯянд, вақте кӯдаке ба дунё меомад, дар ҳол ба назди Паёмбар меоварданд. Паёмбар барои он кӯдак дуо мекарданд, сипас хурмоеро дар даҳонашон мулоим сохта, оби даҳони худро  ба даҳони кӯдак мегузоштанд. Оби даҳоне, ки бо ширинии хурмо омехта шуда буд.( Муслим)

Албатта оби даҳони Паёмбар муборак аст, ва хуш ба ҳоли кӯдаконе, ки бо баракати оби даҳони  Расулаллоҳ муяссар гаштаанд.

Баъзе уламо мегӯянд: Гузоштани оби даҳони бо хурмо омехта шуда хислате аст, ки танҳо хоси Расулаллоҳ буд, барои он ки оби даҳони Паёмбар муборак аст, мисли бақияи ҷисмашон. Пас аз марги паёмбар дигар ин амал ҷоиз нест.

Аммо иддаи дигари уламо мегӯянд, мақсад аз оби даҳон, на танҳо бобаракат будан неву миқдоре аз ширинии хурморо ба даҳони навзод гузоштан аст, аз ин рӯ баъд аз вафоти Паёмбар бошад ҳам суннат ин аст, то миқдоре аз оби хурмо ва ё ширинии дигар мисли аслро ба даҳони кӯдак гузорем.

Албатта гузоштани ширини ба даҳони кӯдаки навзод тарзи худро дорад. Як қатраи кӯчакро ба ангушт гирифта, онро ба коми кӯдак молиш медиҳанд. Барои он ки кӯдаки навзод миқдори зиёди шириниро фурӯ бурда наметавонад ва дар ҳолати нодуруст фаҳмидани ин ҳадис ба кӯдак осеби ҷиддӣ мерасад.

Номгузорӣ ба кӯдак

Ҳақдортарин шахс ба номгузорӣ падар мебошад. Аммо барои ин, ки модар нӯҳ моҳ барои кӯдак заҳмат мекашад, падар бояд бо модар якҷоя барои номгузорӣ машварат намоянд. Оилаҳое ҳастанд, ки номгузориро ба бузургон месупоранд, модарбузург ва ё падарбузург, албатта агар падари кӯдак розӣ бошад, боке надорад, ки дигарон ба кӯдак ном гузоранд.

Абумусо саҳобии паёмбар мегӯянд:

Вақте ман фарзанддор гаштам, кӯдакро ба даст гирифта ба назди Паёмбар омадам. Паёмбар ба кӯдаки ман Иброҳим ном гузоштанд ва ба даҳонаш каме хурмои бо оби даҳонашон нарм гаштаро молиш доданд, сипас барои ӯ дуо карданду ду бора ба дастам доданд.(Саҳеҳи Бухорӣ)

Дар вақти номгузорӣ бояд волидон хеле боаҳмият бошанд. Баъзе номҳое ҳаст, ки бо гузоштанаш инсон гунаҳгор мешавад. Мисли Абдуррасул ва ё Абдушшамс ва амсоли инҳо. Баъзе номҳое ҳам ҳастанд, ки байни зану мард муштарак мебошанд, аз ин номҳо низ бояд канора гирифт. Инчунин волидоне ҳам ҳастанд, ки бо шунидани номе аз маънои он ягон хабар надошта ба фарзанди худ мегузоранд, мисли номҳои ҳиндиву инҳо ва вақте аз паи таҳқиқи ном мешавед, дарёфт мекунед, ки он ном маънои ширки ва ё ягон бутро дорад.

Боз номҳое ҳам ҳаст, ки худ зишт аст ва инсон аз шуниданаш таъбаш хира мегардад. Номи зебову дилнишин дар ҳаёти инсон нақши бузургро дорад, аз ин хотир беҳтарин номҳоро ба фарзандонатон интихоб кунед, то дар оянда домангирӣ шумо нагарданд.

Оиди кадом рӯз бояд ном гузошта шавад ривоятҳо гуногун омадааст. Барои ҳамин рӯзи аввал ва ё рӯзи дувум ва ё севвум ва ё кадом рӯзи дигар номгузорӣ шавад, ҳеҷ боке надорад, аммо беҳтараш дар ҳафтрӯзагӣ ном ниҳем барои он ки аҳодиси зиёд омадааст.

Ақиқа кардан.

Аз бузургтарин суннате, ки бояд пас аз тифл ба дунё омадан иҷро шавад, ақиқа мебошад.

Маънои ақиқа забҳ ё худ сар буридани ҳайвон буз ва ё гусфанд,  дар ҳафт рӯзагии кӯдак мебошад. Ва барои шахсе, ки тавони зибҳ кардани ҳайвонро дорад, ақиқа суннати муаккада аст. Паёмбар мефармоянд:

الغلام مرتهن بعقيقته تذبه عنه يوم السابع و يسمى و يحلق رأسه

Ҳар як кӯдак дар гарав ҳаст, солеҳ бузург гаштанаш, аз зарарҳо дар амон монданаш, шафоатгари волидонаш шуданаш ҳамаи инҳо ҳамчун гарв маҳбус ҳастанд, то замоне, ки ҳайвонеро дар ҳафтрӯзагиаш сар буранд. Дар ҳафтрӯзагӣ барои кӯдак ақиқа мекунанд ва ном гузошта мешаваду мӯйҳои сарашро мегиранд.(сунани Насои)

Ақиқаро бояд падари кӯдак анҷом диҳад, аммо агар ба ҷои падар шахси дигар иҷро кунад, аз сари кӯдак соқит мегардад.

Вақти ақиқа ҳафтрӯзагии кӯдак мебошад, агар дар ҳафтрӯзаги натавонистанд дар чордаҳрӯзагӣ, агар ин бор ҳам натавонистанд дар бисту як рӯзагии кӯдак мебошад.Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салллам мегӯянд:

Ақиқаро дар ҳафтрӯзагии кӯдак забҳ мекунанд ва ё дар чордаҳрӯзагӣ ва ё дар бисту якрӯзагӣ. (Сунани Байҳақӣ)

Агар падар ва ё хешовандони дигари кӯдак барои кӯдак шароити ақиқа карданро надошта бошанд, ҳатто дар бузургӣ ақиқа кунем ҳам мешавад, аммо чӣ гунае, ки гуфтем суннат ин аст, ки дар ҳафтрӯзагӣ ва ё чордаҳрӯзагӣ ва ё бисту якрӯзагӣ ақиқа карда шавад. Ҳасани басрӣ тобеини бузург мегӯянд:

Агар донистӣ, ки волидонат барои ту ақиқа накарда буданд, худат барои худат ақиқа кун, агарчӣ бузург гашта бошӣ.

Чӣ гунае, ки дар ҳадиси Абудовуд омадааст:  агар кӯдак писарча бошад ду чорпои хурд мисли гӯсфанд ва ё буз забҳ мекунанд. Агар кӯдак духтарча бошад як дона чорпо гусфанд ва ё буз кофист.

Шахсе, ки ақиқа мекунад, метавонад гӯшти ақиқаро байни хешовандону наздикон ва албатта муҳтоҷон хом тақсим намояд, инчунин метавонад гӯштро пухта хешовандонро ба меҳмонӣ даъват кунад, ки ин беҳтар мебошад.

Инчунин аз аҳкоми дигари кӯдаки навзод гирифтани муйи сари кудак мебошад.

Дар ҳафтрӯзагӣ, хоҳ духтарча бошад, хоҳ писарча мӯйи сари кӯдакро гирифта ба миқдори вазни он мӯй ба камбағалон нуқра садақа мекунанд. Агар мӯйи сари навзод як гирам барояд, маблағи як гирам нуқраро ба фақире медиҳем. Вақте Ҳазрати Ҳасан ба дунё омаданд, Паёмбар ба духтарашон Фотима гуфтанд:

Мӯйи сарашро бигир ва ба андозаи вазнаш нуқра садақа намо (муснади Аҳмад)

Инчуни хатна кардани писарча дар ҳафтрӯзагӣ суннат мебошад. Агар баъдан дар каме бузургиаш хатна карда шавад, боке нест, аммо беҳтару суннат ин аст, ки дар ҳафтрӯзагӣ хатна намоем. Ҷобир писари Абдуллоҳ мегӯянд: Паёмбар дар ҳафтрӯзагии Ҳасан ва Ҳусен  ақиқа карданд, гусфандеро забҳ намуданд ва дар ҳафтрӯзаги ҳардуи набераашонро хатна карда буданд.( Байҳақӣ)

Табибони муосир низ мегӯянд, маҳз хатнаи рӯзи ҳафтум хеле ба осони хуб мешавад ва кӯдакон қадар азият намедиҳад.

Муслимаи Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>